Омодагӣ ба фасли сармо

Шабакаҳои гармидиҳӣ ба зимистон омодаанд

№172 (3473) 16.12.2015

DSC_0622Шурӯъ аз 11 ноябри соли равон мавсими гармидиҳӣ ба иншооти таъиноти гуногуни шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Сармуҳандиси Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе Сайфиддин Раҳмонов дар суҳбат бо мо иттилоъ дод, ки имсол 815 иншоот барои гармидиҳӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар қисмати марказии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Бохтар, М. Холов, Некрасов, Бухоро, Шота Руставели, Мирзо Турсунзода ва қисмати марказии ноҳияи Шоҳмансур — хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Айнӣ қисман, инчунин кӯчаҳои Нарзиқулов, академикҳо Раҷабовҳо, Ҳусейнзода, Истаравшан,  Бофанда, шаҳракҳои 191, 192 ва Бинокорон, шаҳракҳои 91, 92,  82, маҳаллаи  Муҳандис,  Зарафшон — 1, Зарафшон — 2 ва Испечак 1-и ноҳияи Сино бо гармӣ таъмин мешаванд. Бояд гуфт, ки барои бо гармӣ таъмин кардани шаҳри Душанбе айни ҳол Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2, дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ фаъолият карда истодаанд. Ба воситаи дегхонаи шарқӣ 76 иншоот, дегхонаи ғарбӣ 246 иншоот, боқимонда аз марказҳои барқу гармидиҳӣ  бо гармӣ таъмин мешаванд. Имсол истеҳсоли 167,95 Гкал. соат гармӣ ба  нақша гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта зиёдтар мебошад (соли гузашта 125 Гкал. соат буд).

Аз мавсуф оид ба омодагии Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе ба зимистонгузаронӣ пурсон шудем. Номбурда дар ҷавоб изҳор дошт, ки тибқи нақша — чорабиниҳо корро ба роҳ монда, 24 км қубурҳои диаметри 50 то 219 мм- ро таъмири ҷорӣ кардем.

- Корхонаи мо инчунин ба 12 дегхона, ки бо ангишт фаъолият доранд, хизматрасонӣ мекунад. Ин дегхонаҳо ба 23 муассисаи таълимӣ, тиббӣ ва томактабӣ хизмат мерасонанд. — Муассиса ба зимистонгузаронӣ пурра омода аст,- изҳор дошт ҳамсуҳбатам.

Тавре маълум аст, бинобар чандин сол таъмин набудан бо гармии мутамарказ баъзе сокинони шаҳри Душанбе батареяҳои гармидиҳандаро буридаанд. Сайфиддин Раҳмонов оид ба ин масъала иброз дошт, ки мо доим дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем ва мефаҳмонем, ки агар қубурҳои дохили манзили истиқоматӣ бурида шуда бошад, соҳибмулк вазифадор аст, ки онҳоро барқарор кунад.

- Дар Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе ҳама гуна камбудӣ сари вақт бартараф карда мешаванд. Ғайр аз ин, пеш аз таъмини гармӣ, вақте нақша — чорабиниро тартиб медиҳем, бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шаҳр мувофиқа мекунем ва шаҳрвандонро аз оғози гармидиҳӣ огоҳ менамоем,- изҳор дошт мавсуф.

Бино ба гуфти номбурда, гармидиҳии мутамарказ нисбат ба гарм кардани хона бо қувваи барқ арзонтар аст. Барои як метри мураббаъ манзил як сомониву 0,3 дирам ҳаққи гармӣ муайян шудааст.

Ҳамсуҳбатам иттилоъ дод, ки дар шаҳри Душанбе ба хатҳои мутамарказ ҳамагӣ 2854 иншоот пайваст аст ва айни ҳол наздики 30 фоизи он бо гармӣ таъмин мебошад.

- Баробари ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 фарогирии иншоот бо гармӣ боз ҳам зиёдтар мешавад, — гуфт дар интиҳои суҳбат С. Раҳмонов.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев