Шароити арзандаи табобату истироҳат муҳайёст

№115 (3909) 22.09.2018

СаробДар дараи хушобу ҳавои Варзоб фаъолияти осоишгоҳҳо сол то сол беҳтар мегардад. Осоишгоҳи «Сароб»-и ҶДММ «Сафари Хоҷа – Обигарм», ки соли 2004 ташкил шуда, дар баландии ду ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, яке аз мавзеъҳои хуби истироҳатӣ ва барқарорсозии саломатӣ мебошад.

Он, ки дар сарчашмаи дарёчаҳои шӯхи кӯҳӣ, чашмаҳои оби зулоли гарму хунук, оғӯши кӯҳҳои осмонбӯс ва табиати афсонавӣ бунёд гардидааст, бо шароити мусоиди истироҳату солимгардонӣ ба макони дӯстдоштаи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо мутахассисон бо оби гарми табиӣ, ки хусусияти табобатӣ дорад, бо истифода аз усулҳои гуногун ба истироҳаткунандагону табобатгирандагон хизмат мерасонанд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин макони истироҳатию хизматрасонӣ директори он  Зинатулло Саидов гуфт, ки дар ин ҷо мизоҷон бо истифода аз оби зеризаминӣ, яъне оби радонӣ, ваннаҳои табобатӣ — радонӣ, буғи табобатӣ — радонӣ, души селкулярӣ, фарозшаванда, парафиндармонӣ, рӯшноидармонӣ, усулҳои физиотерапевтӣ ва масҳи бадан дар шароити бистарикунонӣ табобат карда мешаванд. Агар соли 2017 аз ҷамъи истироҳаткунандагон дар осоишгоҳ сайёҳони хориҷӣ 18 фоизро ташкил карда бошанд, дар ҳашт моҳи соли 2018 ин адад ба 30 фоиз расидааст. Бештари истироҳаткунандагон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бразилия ва Олмон мебошанд.

Дар таркиби оби гарми осоишгоҳ микроэлементҳо, минералҳо ва миқдори муайяни моддаи радиоактивии радон мавҷуд аст, ки бо истифода аз онҳо бемориҳои дилу рагҳои хунгард, шушу роҳҳои нафас, системаи асаб, устухонҳои такяву ҳаракат, буғум ва мушакҳо табобат карда мешаванд.

Мутахассисон тавассути дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба мизоҷон дар сатҳи баланд хизмат мерасонанд. Толори барҳавои варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ, тенниси рӯимизӣ ва дигар шароити мусоид ба беҳтар гардидани истироҳату фароғати мизоҷон мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин, дар осоишгоҳ бо роҳбаладии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ба мавзеъҳои дорои манзараҳои дилфиреб ва зиёратгоҳҳо сайру саёҳат ташкил карда мешавад.

Роҳбарияти осоишгоҳи «Сароб» дар робита ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» як коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти шириро низ бо усулҳои қадима ба роҳ мондаанд, ки қурут, равғани зард ва маскаи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол менамояд.

Ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва фароҳам овардани шароити арзандаи истироҳату табобат дар осоишгоҳ имкон медиҳад, ки дар ҳама фасли сол шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои солимгардонӣ ба ин ҷо биёянд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»