Қонун ва иҷрои он

Шералӣ Зардов: «Бонкдории исломӣ падидаи иқтисодӣ аст, на динӣ»

№127 (4233) 13.10.2020

119985227_351448309312293_6102324037617876064_nШаш сол қабл мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат иқдомеро пеш гирифт, ки бояд саҳифаи нави муносибатҳои қарзиро кушода, барои рушди беш аз пеши иқтисодиёт замина мегузошт. Манзур қабул ва ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» мебошад.

Агар роҳандозии бонкдории исломӣ дар мамлакатҳои собиқ шӯравӣ бо ташаббуси бахши хусусии молиявӣ пешниҳод шуда бошад, пас ин масъала дар кишвар аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки миллӣ дастгирӣ ёфтааст. Тавре аз муҳтавои қонун бармеояд, он ба фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ нигаронида шуда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти онро дар мамлакат муайян мекунад.

Зарурати қабули онро масъулин ба се ҷанбаи асосӣ — паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таклифу дархостҳои пайвастаи интихобкунандагон ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ташкили рақобати солим дар байни ташкилотҳои қарзӣ алоқаманд донистаанд. Бегуфтугӯ, ҷорӣ намудани ин усули бонкдорӣ дар шароити кунунии кишвар зарур ва ҷанбаҳои мусбати он хеле зиёд аст.

Ҳоло шаҳрвандон аз баланд будани фоизи қарзи ташкилотҳои амалкунанда изҳори нигаронӣ менамоянд, чунки вазни қиёсии фоизи қарзҳо дар арзиши аслии маҳсулот ва кору хизматрасонӣ то 30 фоизро ташкил медиҳад. Дар асл, бо қабули қонун бояд марҳилаи нави муносибатҳо оғоз гардида, шарикии ташкилотҳои қарзии исломӣ бо мизоҷон таъмин мешуд.

Мутаассифона, баъди қабули қонуни зикршуда муқаррароти он чанд муддат танҳо дар рӯи коғаз монд. Барои мисол, тасмими роҳбарияти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» тавассути Бонки рушди Тоҷикистон роҳандозӣ намудани ин усул амалӣ нагардид.

Танҳо баъди ба фаъолият пардохтани аввалин бонки исломӣ — ҶСК «Тавҳидбонк» татбиқи қонун оғоз гардид.

Бояд аз он ёдовар шавем, ки бонкдории исломӣ чанд соли охир дар олам маъруф гардидааст. Омили таҳрикдиҳандаи ин раванд буҳронҳои ҷаҳонии молиявӣ мебошанд, ки бар асари онҳо низоми бонкии ҷаҳон осеби ҷиддӣ дид, ҳатто бонкҳои бузург­тарини ҷаҳон муфлис шуданд. Маҳз дар ин айём бартарии фаъолияти бонкии исломӣ дар муқоиса ба низоми маъмулӣ собит гардид.

Раиси Раёсати «Тавҳидбонк» Шералӣ Зардов гуфт, ки бартарии бонкдории исломӣ нисбат ба бонкҳои анъанавӣ дар он аст, ки роҳбарият ва кормандони он аз ҳама гуна фаъолияти спекулятивӣ дурӣ меҷӯянд. Фаъолияти ин қабил бонкҳо, ки ба дороиҳои воқеӣ асос ёфтааст, дар муқоиса бо ташкилотҳои молиявии анъанавии бо усули ғарбӣ амалкунанда ба буҳронҳои молиявӣ — иқтисодӣ тобовар ва суботи молиявиашон пойдор аст.

Бино ба гуфти ӯ, дар шароити кунунӣ маб­лағгузории исломӣ дар ҷаҳон яке аз соҳаҳои пешрафта маҳсуб меёбад. Ҳаҷми гардиши сармояи ташкилотҳои молиявии исломӣ ҳар сол тақрибан 15 – 20 фоиз меафзояд. Зиёда аз 500 ташкилоти молиявӣ бонкдории исломиро дар таҷриба истифода мебаранд, ки гардиши солонаи онҳо соли 2009 тақрибан ба 800 млрд. доллари ИМА баробар буд. Фаъолияти пурмаҳсул замина фароҳам овард, ки ҳиссаи бонкҳои исломӣ дар низоми бонкии глобалӣ аз 0,1 фоизи чанд сол қабл ба 3 фоиз расад.

Бархе мепиндоранд, ки бонкдории исломӣ танҳо хоси давлатҳои исломӣ аст. Дар робита ба ин масъала ҳамсуҳбатам далелҳои ҷолибро пешниҳод намуд.

- Бонкҳои исломӣ на танҳо дар кишварҳои мусалмонӣ, балки дар кишварҳои ғарбӣ низ фаъолияти пурмаҳсул доранд. Барои мисол, дар Англия 15 бонки исломӣ мавҷуд аст ва 16 фоизи муштариёни низоми бонкии Федератсияи Россия майл ба хизматрасонии онҳо доранд, — гуфт ӯ.

1587476150_1587476166Дар аввали солҳои 2000-ум дар ИМА ва Британияи Кабир маблағгузории хариди хонаҳои истиқоматиро тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ ба роҳ монда будаанд. Бонкҳои бузурги байналмилалӣ, амсоли «HSBC», «Citigroup», «Societe Generale» – «Goldman Sachs» «J. P. Morgan», «Deutsche Bank» дар сохтор «равзанаҳои исломӣ» – ро барои истифодаи бонкдории исломӣ мавриди истифода қарор додаанд.

Шералӣ Зардов инчунин аз он ёдовар шуд, ки бонкҳои исломӣ дар солҳои 2006 — 2011 рушди устуворро касб намудаанд ва афзоиши нишондиҳандаҳояшон дар соле тақрибан ба 21,4 фоиз баробар гардидааст. Дар охири соли 2010 дороии бонкҳои исломӣ ба 1048 млрд. доллари ИМА баробар гаштааст. Ҳамчунин, теъдоди бонкҳои дар асоси принсипҳои шариат фаъолияткунанда аз соли 2006 тақрибан се маротиба зиёд шудааст.

Далелу рақамҳои мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки буҳронҳои ҷаҳонии молиявӣ ба бонкҳои исломӣ на танҳо таъсири манфӣ нарасонидаанд, балки ба рушди ин низоми молиявӣ мусоидат намудаанд.

Бино ба гуфти мусоҳибам, замони буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, дар муқоиса бо бонкҳои анъанавӣ, ягон бонки исломӣ муфлис нашудаву ба субсидияи давлатӣ эҳтиёҷ пайдо накардааст. Тибқи пажӯҳиши Хазинаи байналмилалии асъор, дар раванди буҳрон ва баъди он дороии бонкҳои исломӣ, дар қиёс ба бонкҳои анъанавӣ, тақрибан ду маротиба афзудааст ва дар шароити вазнини буҳронии иқтисодии глобалӣ тавонистаанд, ки фаъолияташонро бо фоида анҷом диҳанд.

Вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ҳамсуҳбатам, дар маҷмӯъ, изҳори қаноатмандӣ намуд.

- Вале, — гуфт ӯ, — бе ворид намудани тағйирот ба қонунҳои амалкунанда, такмили санадҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ, дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани қонуни мазкур ғайриимкон аст. Алалхусус, мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ба Кодекси андоз (вобаста ба андоз­бандии маҳсулоти бонкии исломӣ), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок», «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» ва ғайра ҳатмист.

Раиси Раёсати «Тавҳидбонк» мутмаин аст, ки рушди бонкдории исломӣ, дар навбати аввал, аз омилҳои дохилӣ вобаста аст. Ӯ бо дарназардошти ҳавас­мандии Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба татбиқ ва рушди бонкдории исломӣ дар кишвар афзуд, ки ба дурнамои неки он дилпур мебошад.

Вале, зикр кард, ки дар раванди табдилдиҳии бонк аз анъанавӣ ба исломӣ бо норасоии мутахассисони ин соҳа, нобоварии аксари кормандони бонк барои ноил шудан ба комёбӣ, ноогоҳии масъулини мақомот аз моҳияти фаъолият, мушкилоти техникӣ ва ғайра мувоҷеҳ шудаанд.

- Бонки анъанавиро ба исломӣ табдил додан осонтар аз он буд, ки тафаккури кормандон, соҳибкорон ва масъулини мақомоти назоратиро мутобиқ намоем, — гуфт номбурда.

Бино ба гуфти Ш. Зардов, дар адабиёти илмии марбут ба иқтисод ва бонкдории исломӣ зиёда аз 100 фарқи низоми бонкии исломӣ аз низоми бонкии анъанавӣ муайян шудааст. Аммо фарқи асосӣ дар нагирифтани фоиз зоҳир мегардад. Ташкилоти қарзии исломӣ дар қиёс ба ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ҷои гирифтани фоиз аз амалиёти қарзӣ дар татбиқи лоиҳаҳо иштирок намуда, фоидаю зарарро бо мизоҷон тақсим менамояд.

Ҳамчунин, бонки исломӣ муштариёнро барои харидории молу дороиҳо, иҷораи молиявии воситаҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот ва амволи дигар, бо истифода аз маҳсулоти бонкии исломӣ, маблағгузорӣ менамояд. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», ташкилотҳои қарзии исломӣ ҳуқуқ надоранд, ки баргардондани амонати сармоягузорӣ ё даромад аз рӯи онро кафолат диҳанд. Бар замми ин, ин қабил ташкилоти молиявӣ наметавонанд маблағгузории фаъолиятеро, ки ба истеҳсол ва савдои тамоку, маҳсулоти спиртӣ, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, қиморбозӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва прекурсорҳо вобаста мебошад, анҷом диҳанд.

- Эътироф бояд кард, ки доир ба бонкдории исломӣ аксарият бардошти ғайримантиқӣ ва то андозае ғалат доранд. Бояд дарк намуд, ки бонкдории исломӣ падидаи иқтисодӣ аст, на динӣ, — гуфт дар фарҷом Шералӣ Зардов.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»