Дастурхони ҳар хонаводаро бе ширинӣ наметавон тасаввур кард. Чӣ хуш аст, агар ин шириниҳои ватанӣ бошад. Хушбахтона, тӯли солҳои охир ҳамроҳ бо шириниҳои фабрикаи қаннодии «Ширин» конфету шоколад ва карамелҳои «Амирӣ» дар рафи дӯкону мағозаҳои минтақаҳои кишварамон ҷой гирифтаанд.
Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Фабрикаи қаннодии «Амирӣ» (корхона дар деҳаи Қӯштеппа- 3- и Ҷамоати деҳоти «Россия»-и ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир шудааст) Акмал Ҳомидов зимни суҳбат изҳор дошт, ки корхонаи мазкур соли 2010 таъсис ёфта, баъди муҷаҳҳазонидан бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Федеративии Германия, Швейтсария ва Туркия соли 2011 ба фаъолият шурӯъ кард.
- Ҳадафи аслии мо саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мебошад. Бо таъсиси фабрикаи қаннодӣ мақсад гузоштем, ки то андозае миқдору навъи маҳсулоти воридотиро коҳиш диҳем,- мегӯяд Акмал Ҳомидов ва суханашро идома медиҳад:
- Мо корро аз истеҳсоли ду гурӯҳи маҳсулот бо ҳашт — даҳ навъи шоколаду конфет оғоз кардем. Баъдтар бо насби таҷҳизоту технологияи нав истеҳсоли карамелро низ роҳандозӣ намудем. Имрӯз дар корхона 21 намуди карамел тавлид мешавад.Чуноне зикр кардам, ибтидо дар корхона ду гурӯҳи маҳсулот истеҳсол мешуд. Ҳоло ба он се гурӯҳи дигар зам шудааст. Яъне, мутахассисони корхона истеҳсоли навъҳои гуногуни зефир, қандҳои мевагӣ ва дражеро низ ба роҳ мондаанд. Имрӯзҳо омодагӣ дорем, ки дар коргоҳамон ба истеҳсоли шоколадҳои тахтагин (плиткагӣ) шурӯъ намоем. Яъне, дар муддати чор соли фаъолият истеҳсоли маҳсулотро мо аз ҳашт — даҳ ба 88 намуд расонидем, ки аз маҳорати баланду касбияти мутахассисон шаҳодат медиҳад. Дар ҶДММ «Фабрикаи қаннодии «Амирӣ» имрӯз 86 нафар мутахассисон фаъолият мекунанд. Аз аввалин рӯзҳо мо ба мутахассисони маҳаллӣ такя мекунем. Барои вусъати кор бошад, ду нафар мутахассисони соҳа аз Ҷумҳурии Украина даъват шудаанд.
Ҳоло кор дар як баст ҷараён гирифта истодааст ва рӯзе 5000 килограмм маҳсулоти гуногуннавъ истеҳсол мекунем. Конфету карамел, зефир ва дигар навъи маҳсулоти корхонаро соҳибкороне, ки бо мо шартномаи ҳамкорӣ доранд, ба тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ мебаранд ва дар дӯкону мағозаҳояшон ба фурӯш мегузоранд.
Ашёи хом — шакар, шира, тамғакоғаз, равғани какао, рангкунанда аз хориҷи кишвар ба корхона ворид мешавад. Барои хушсифат истеҳсол кардани маҳсулот мо бо машҳуртарин ширкатҳои хориҷӣ, ки бо истеҳсоли шириниҳои гуногун сарукор доранд, ҳамкорӣ дорем, то ин ки маҳсулоти истеҳсолшуда ҷавобгӯйи ҳамаи стандартҳои байналмилалии сифат бошад. Дар хатти технологӣ 16 марҳалаи санҷиши сифат амал мекунад ва ин имкон медиҳад, ки маҳсулоти ҷавобгӯйи талабот истеҳсол карда шавад.
Муассиси корхона Абдураҳмон Ғайбуллозода бо мақсади тайёр кардани кадрҳои ҷавон давоми солҳои 2010 — 2011- ум 11 нафар ҷавононро барои таҳсил ба Донишгоҳи технологии Санкт — Петербурги Федератсияи Россия фиристонид. Як гурӯҳи онҳо соҳиби ихтисосҳои иқтисодчӣ, муҳандис — технолог, механик шуда, ба кишвар баргаштанд ва ҳоло дар корхона бо кор таъмин мебошанд. Бояд гуфт, ки дар давраи таҳсил онҳо аз ҳисоби муассис бо ҷойи хоб ва хӯрок таъмин гардиданд.
Ба саволи инҷониб дар бобати сарчашмаи маблағгузории бунёди корхона Акмал Ҳомидов иброз дошт, ки муассис бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ шартнома дошт. Қарзи аз ин ниҳоди молиявӣ гирифташуда барои харидории дастгоҳу таҷҳизот, насби технология ва ташкили кор истифода гардид ва корхона баъди ба фаъолият шурӯъ кардан дар муҳлати муайяншуда қарзро баргардонид.
- Шоколаду конфет, карамелу зефир ва дигар анвои шириниҳои мо хушлаззатанд ва дастурхони ҳар хонаводаро ҳусни идона мебахшанд. Аз шириниҳои мо ком ширин кунед, то ин ки зиндагиатон ширину гуворо шавад.
Соли наватон муборак, ҳамдиёрони азиз,- гуфт дар хотимаи суҳбат Акмал Ҳомидов.
А. МУРОДОВ, «Садои мардум»