Проблема ва мулоҳиза

Ширкатҳои ватанӣ мизоҷонро аз даст медиҳанд

№116 (3910) 25.09.2018

5920510Имрӯзҳо гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбати хосу ом гаштааст. Бисёриҳо ба  наз­дикон маслиҳат медиҳанд, ки тавассути шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ба Федератсияи Россия равуо кунанд, зеро тавассути ин хатсайрҳо маблағи зиёдеро сарфа менамоянд. Масалан, нархи чиптаи хатсайри ҳавопаймоии Душанбе – Мос­ква барои 10 рӯзи оянда ба 2800 сомонӣ расидааст. Нархи хатсайри Самарқанд- Москва 1700 сомонӣ. Агар аз шаҳри Душанбе то Самарқанд 200 сомонӣ ҳам масраф гардад, тавассути ин шаҳри бостонӣ ба Москва рафтан қариб 900 сомонӣ сарфа мешавад.

Чунин фарқро дар муқоиса бо хатсайрҳои шаҳри Бишкек низ  дидан мумкин аст. Чунончӣ, роҳкирои хатсайри Бишкек – Истамбул 247 доллар (Душанбе – Истамбул 292 доллар), Бишкек- Дубай 220 доллар (Душанбе- Дубай 268 доллар), Бишкек — Пекин -362 доллар (Душанбе- Пекин 412 доллар) мебошад. Дар маҷмӯъ, чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ қиматтарин дар минтақа ба шумор мераванд. Ин на танҳо сайёҳон, балки муҳоҷирони меҳнатиро низ аз сафар кардан тавассути ширкатҳои ватанӣ дур мекунад.

Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ 382,6 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки ба ҶСК «Тоҷик Эйр» 149,4 ва ба ҶДММ «Сомон Эйр» 233,2 ҳазор рост меояд. Яъне, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 барои ҶСК «Тоҷик Эйр» 93,7 ва ҶДММ «Сомон Эйр» 97,4 фоизро ташкил медиҳад. Тавре аз рақамҳо бармеояд, теъдоди мусофиркашонӣ нисбат ба соли 2017 кам шудааст.

Яке аз сабабҳои гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо қимат будани сӯзишворист. Муовини якуми раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Одиназода моҳи июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ дар ин хусус гуфта буд: «Ширкатҳоеро, ки ба воридоти маҳсулоти нафтӣ машғуланд, маҷбур карда  наметавонем аз нархи воридотӣ маҳсулотро пасттар фурӯшанд. Онҳо ширкатҳои тиҷоратианд ва мақсадашон гирифтани фоида аст. Иқтисодиёти мо бозорист, танзимшаванда нест».

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Асозода гуфт, ки арзиши як тонна сӯзишвории авиатсионӣ то ба сарҳади ҷумҳурӣ расидан 920 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ барои 1 тонна сӯзишворӣ ба маблағи 406,00 сомонӣ боҷи гумрукӣ (бо меъёри 5 фоиз аз арзиши қарордодӣ), 261,00 сомонӣ андози аксизӣ (25 евро барои 1 тонна) ва 1580,00 сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда пардохт менамояд. Аз ин ҳисоб арзиши аслии воридоти 1 тонна сӯзишвории авиатсионӣ, бо дарназардошти арзиши қарордодии он, ба 10356,00 сомонӣ баробар мешавад. Ғайр аз ин, ширкати номбурда дар ҳисоби мазкур хароҷоти ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, нақлиёти автомобилӣ ва хизмат­расонии стандартизатсиякунониро бо маблағи 1418,00 сомонӣ, арзиши иловашуда аз хароҷоти муомилотиро бо маблағи 1959,00 сомонӣ пешбинӣ намудааст. Ҳамин тариқ, нархи фурӯши ниҳоии 1 тонна сӯзишвории авиатсионӣ 12834,00 сомонӣ ё ин ки 1456,00 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

-Сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Федератсияи Россия ворид мешавад ва баланд ё арзон шудани нархи он ба корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтӣ вобастагӣ дорад, — мегӯяд Хайрулло Асозода.

Нархи сӯзишвории авиатсионӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба  кишварҳои ҳамсоя қариб ду маротиба қимат ва марбут ба чанд омил аст. Масалан, Қирғизистон, бинобар узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕЭС) будан, ҳар тонна сӯзишвориро 100 доллар арзонтар ворид мекунад. Андоз аз арзиши иловашуда дар Тоҷикистон 18 фоиз ва дар Қирғизис­тон 12 фоиз аст.

Бо мақсади дастгирии  ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар шароити буҳрони молиявӣ, тибқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 23 ва 27 январи соли 2017 нархномаҳои хизматрасонии фурудгоҳию рӯизаминӣ ва аэронавигатсионӣ, ки аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» барои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар хатсайрҳои байналмилалӣ ва дохилӣ амалӣ мегарданд, тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шудааст. Мувофиқи фармоиши мазкур, агар қаблан барои хизматрасонии парвозу нишаст дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд мувофиқан ба маблағи 17,0 ва 19,0 доллари амрикоӣ ҳаққи пардохт ситонида мешуд, баъд аз пешниҳоди тахфиф (60 фоиз) ин нишондодҳо ба 6,80 ва 7,60 доллари ИМА ва аз 1 январи соли 2017 ба 39, 30 ва 42,60 сомонӣ ё 4,98 ва 5, 41 доллари ИМА баробар шуданд. Тахфифҳои мазкур нисбат ба нархномаҳои қаблан амалкунанда 24 фоизро ташкил медиҳанд.

Баланд гардидани нархи роҳкиро ба холӣ мондани якчанд курсӣ дар хатсайрҳо боис мегардад, ки ба манфиати ширкатҳои ҳавопаймоӣ нест. Аз ин рӯ, бо мақсади поён фаровардани нархи чиптаҳо ва рақобатпазир гаштани ширкатҳои ватанӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ кардан зарур аст.

Пеш аз ҳама, бо мақсади ташкил намудани рақобати солим ва роҳ надодан ба монополия дар бозори таъминоти сӯзишворӣ дар қатори ҶСК «Ширкати  таъминоти сӯзишворӣ» ширкатҳои дигари воридкунандаи сӯзишвориро ҷалб кардан лозим меояд. Дар баробари ин, на танҳо аз Федератсияи Россия, балки аз Қазоқистону Туркманистон ва Эрону Озарбойҷон низ воридоти сӯзишвориро бо нархи арзонтар ба роҳ бояд монд.

Хуб мешуд, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ минбаъд ҳавопаймоҳои каммасрафро ба тариқи лизинг ворид менамуданд. Дар акси ҳол мизоҷони зиёдеро аз даст хоҳанд дод.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»