Шуғли камхарҷу сердаромад

№146 (4408) 07.12.2021

WhatsApp Image 2021-12-07 at 09.24.58Занбӯриасалпарварӣ шуғли пурбаракатест, ки ба рушди тухмипарварию боғдорӣ ва полезкорӣ мусоидат намуда, ҳосилнокии пахта, офтобпараст ва дигар зироатҳои равғандеҳро зиёд мекунад.

Солҳои 2020 — 2021 бо дастгирии Барномаи рушди СММ (UNDP) дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар доираи лоиҳаи «Бун­ёди субот ба тағйирёбии иқлим дар соҳаи кишоварзӣ ва обёрии деҳоти Тоҷикистон» бо маб­лағгузории Ҳукумати Федератсияи Россия зиёда аз 36 нафар зан аз ноҳияи Кӯҳис­тони Мастчоҳ ба занбӯриасалпарварӣ ҷалб гардиданд.

Сарвари занони занбӯриасалпарвар дар ноҳияи Кӯҳис­тони Мастчоҳ ва деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ Низоматмо Шарифова иброз дошт, ки дар доираи лоиҳаи зикршуда занонро аз оилаҳои эҳтиёҷманд, камбизоат, фарзанди маъюбдошта ва бесаробон интихоб карда, онҳоро бо омӯзиши занбӯриасалпарварӣ фаро гирифтанд. Даври аввали семинарро мутахассисони ватанӣ гузарониданд. Дар даври дуюм ду нафар зани занбӯриасалпарвар аз вилояти Москваи Федератсияи Россия омада, бо бонувон семинари омӯзишӣ доир карданд. Пас аз он ки бонувон мустақилона аз занбӯри асал маҳсулоти гуногун гирифтанро омӯхтанд, ба ҳар кадомашон 5 оилаи занбӯри асал доданд.

- Бонувони таълимдида бошавқ ба кор сар карда, дар як мавсим аз 5 оилаи занбӯри асал 200 — 220 кило асал гирифтанд, ки ба ҳар оила 40 — килоӣ рост меояд. Табиати Кӯҳистони Мастчоҳ барои занбӯриасалпарварӣ мусоид аст. Занбӯриасалпарварӣ шуғли камхарҷу сердаромад мебошад, — гуфт Низоматмо Шарифова.

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гулу гиёҳҳои шифобахш зиёданд. Агар занбӯриасалпарварӣ ривоҷу равнақ ёбад, ғайр аз асали мусаффои кӯҳӣ, инчунин, метавон прополис, гарди гул, шири модарзанбӯр ва ғайра гирифт, ки дар соҳаи тиб талабот ба онҳо зиёд аст. Заҳри занбӯр ва ҳатто занбӯрҳои модарро дар тиб истифода мебаранд.

- Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки ҷойи кор кам аст, занбӯриасалпарварӣ барои занон метавонад шуғли доимӣ ва манбаи даромад гардад. Занбӯриасалпарварӣ кори вазнини ҷисмонӣ талаб намекунад, — афзуд Н. Шарифова.

Ин бонуи ташаббускору боғайрат соли 2015 барои рушди занбӯриасалпарварӣ ба гирифтани гранти раиси вилояти Суғд ноил гардид. Айни замон ӯ зиёда аз 50 оилаи занбӯри асал дорад. Ҳарчанд иқлими Кӯҳис­тони Мастчоҳ сард бошад ҳам, Низоматмо як қисми асалро барои зимистонгузаронии занбӯрҳо нигоҳ дошта, онҳоро солим ба фасли баҳор мерасонад.

Низоматмо Шарифова мақсад дорад, ки дар ҳамкорӣ бо барномаи мазкур сафи занони занбӯриасалпарварро зиёд намуда, дар баланд шудани некуаҳволии сокинони ин минтақаи кӯҳистон ҳисса гузорад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»