«Шутур ба кӯча барояд, кунҷи дараро мебинаду…»

№73 (3710) 20.06.2017

2Табиат ва иқлими ноҳияи Лахш барои сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ хеле мувофиқ аст. Солҳост, ки диққати дӯстдорону шавқмандони саёҳат ва кӯҳнавардиро қуллаҳои осмонбӯси майдони «Масквина» — и қуллаи Исмоили Сомонӣ,  чашмаҳои шифобахши Тамдикул, ҳавзи Сартолою водии Илондӣ ва олами набототу ҳайвоноти мавзеъ ҷалб кардааст. Ҳар сол қариб 1000 сайёҳ, аксаран сокинони гӯшаҳои гуногуни кишвар, барои табобат ва саёҳат ба мавзеи «Тамдикул» ва беш аз 150 сайёҳи  хориҷӣ ба тамошои майдони «Масквина» — и қуллаи Исмоили Сомонӣ  меоянд.

Мутаассифона, солҳои охир, аз тангназарии баъзе сокинони ноҳия, табиати зебои ин гӯшаи Ватан рӯ ба харобӣ овардааст. Бераҳмона буридани буттаю дарахтони сабз зиёд ба чашм мерасад, ки боиси нигаронист. Ин кирдори ношоиста ҳусни манзараҳои зебои табиатро мекоҳонад.

Тавре судяи Суди ноҳияи Лахш Бадалзода Маҳмуд Муҳаммадалӣ иттилоъ дод,  чанде пеш суд бо даъвои прокурори ноҳия ду парвандаи гражданиро ба манфиати хоҷагии давлатии ҷангали ноҳия бо ҷавобгарии шаҳрвандон Шарофидин Шаймардонов ва Сироҷ Назиров дар бораи рӯёнидани маб­лағи зарар баррасӣ намуд.

Шарофиддин Шаймардонов аз заминҳои хоҷагии давлатии ҷангали ноҳия, воқеъ дар деҳаи Шилбилӣ, ғайриқонунӣ 54 бех дарахти фарку 4 бех дарахти арча ва Сироҷ Назиров 13 бех дарахти фаркро буриданд.

Дар маҷлисҳои ошкорои судӣ кормандони хоҷагии давлатии ҷангали ноҳия иштирок намуда, даъвои прокурори ноҳияро дастгирӣ карда, изҳор доштанд, ки номбурдаҳо ба хоҷагии ҷангал 3514 сомонӣ зарар расониданд.

Дар асоси ҳалномаҳои суд аз ҳисоби шахсони номбурда ба манфиати хоҷагии давлатии ҷангали ноҳия маб­лағи зарар рӯёнида шуд.

Мардум бояд дур­бин бошанд, ояндаро фикр кунанд, ки барои насли баъдӣ табиатро дар кадом шакл мерос мегузорем. Мегӯянд, ки «шутур ба кӯча барояд, кунҷи дараро мебинаду хар пеши пояшро»…

  Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»