Ситезаҳои Ӯзбекистон бо «Талко»

№111 (3096) 05.09.2013

Ҳарчанд чунин фикреро намехоҳам дар майнаи хеш ҷой диҳам, ҳамоно зӯр мезанаду ҷилави андешаамро боз мутеи хеш мегардонад. Ва ин фикр сари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. Ду кишваре, ки ҳамҷаворӣ насибашон гардидаасту таҳаввулоту тағйироти таърихиро гоҳ зери осмони давлати ягона, мустақил пушти сар кардаанд. Гарчӣ забонашон як набуд, урфу одати ҳамсон, арзишҳои якмаром ва пайвандии рагу ҷон доштанд. Дар манотиқи сарҳадии ду кишвар пайвастагии хешутаборӣ миёни ду миллат ончунон бо ҳам печ хӯрдааст, ки ҳеҷ шаҷарадоне қодир нест нӯги ин калобаро пайдо кунаду мансубияти пешгузаштагони маскуни аксари маҳалҳои ду ҷумҳуриро аз ҳам ҷудо созад. Мардуми оддӣ ин ҳақиқатро дуруст дарк намуда, то имрӯз ба муносибати бародаронаи ду миллат арҷу эҳтиром мегузорад ва онро риоя мекунад. Мутаассифона, қишри болоӣ — аҳли султаи ӯзбек дар ҳама давраҳои таърихӣ дар қалб нисбати сурату сирати барои сокинони минтақа хос, фазилату хиради худододи тоҷикона ҳисси бухлу кудурат мепарвариданд ва пайи нестии ин миллат иқдомоти  душманона ва ғайриинсониро пеш мегирифтанду  мегиранд.

Таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард, ки чӣ гуна Темури ланг аз сарҳои буридаи садҳо ҳазор тоҷик калламанораҳо сохта буд. Чунин  муносибати душманона дар муқобили миллати тоҷик аз ҷониби амирони шайбонию манғитӣ нигаҳ дошта мешуд.

Замони шӯравӣ даврае буд, ки мою ӯзбекҳо бо арҷу нигаҳдории тамоми зарофату назокатҳои ҳусни ҳамсоядорӣ, бидуни даъвою иддао зиндагӣ доштем. Аммо баъди соҳибистиқлол шудани ду ҷумҳурӣ, ҳисси бузургманишӣ дар рагу пайванди сарварони ҷумҳурии ҳамсоя аз нав эҳё шуд ва онҳо сиёсати темуронаро нисбати Тоҷикистон аз сар гирифтанд. Албатта, на бо калламанорасозӣ, балки бо роҳу равишҳои дигар. Пеш аз ҳама ҷадал доранд, ки тоҷикро бо муҳосираи иқтисодӣ дучори фақру гуруснагӣ созанд, ҳисси эътимодро ба фардои дурахшон, созандагию бунёдкорӣ дар қалбаш нест кунанд, тоҷикро алайҳи тоҷик шӯронанд ва дубора ӯро ба миллати музлиму дастнигар табдил диҳанд.

Оё дараҷаи бадбинӣ нисбати як миллат аз ин болотар мешавад? Ба ҷумҳурие, ки оби равону мусаффояшро маҷонӣ меошомию садҳо ҳазор гектар заминатро обшор мекунӣ, нишонаҳои олии фарҳанги таърихӣ, шаҳрҳои қадимаи бо дасти аҷдодони шарафманди тоҷик бунёдшуда, сарзамини дар асари иштибоҳоти хатокорони замон соҳибшудаатро барои боло бурдани обруйи байналмилалӣ, воридшавии маблағҳои ҳангуфти сайёҳӣ ба хазинаат истифода мебарӣ, додани газ бо пули нақд, бо қимати муайянкардаи худат мушкил аст? Ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон дар роҳи оҳан, роҳе, ки бо пули тамоми мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон, сохта  шудааст, ғайр аз фоида кадом мушкилие бар сарат меорад? Ҳеҷ! Танҳо як чиз лозим аст: орӣ будан аз ниятҳои ғаразноку душманона! Вале, афсӯс, чун дил сияҳ бошад, ният бад бошад, даст ҳамеша ҷониби кирдори сияҳ меёзидааст.

Он, ки Ӯзбекистони расмӣ солҳои охир доимӣ кӯшиш мекунад ҷомеаи ҷаҳониро бо фасонабофиҳо дар мавриди таъсири манфии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба муҳити зисти минтақа ва  саломатии сокинони гирду атрофи ин корхона ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ӯзбекистон раҳгум занад, ба  як падидаи ҳамешагӣ табдил ёфтааст. Ин масъала аз ҷониби ҳамсояҳо ҳамеша вақте бардошта мешавад, ки нақшаю амалҳои конструктивии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ва институтҳои байналмилалӣ дастгирӣ меёбанду пазируфта мешаванд.

20-21-уми августи соли ҷорӣ намояндагони воломақоми ҳукуматӣ, коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва дипломатҳо  аз 90 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Душанбе масъалаи ҳамкориҳоро вобаста ба мушкилоти об мавриди баррасӣ қарор доданд. Мушкиле, ки давоми даҳ соли охир яке аз мавзуъҳои баҳсбарангез барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Пешниҳодоти зиёди тарафи Тоҷикистон даври ин масъала аз ҷониби иштирокчиён арзёбию қобили қабул дониста шуданд. Табиист, ки ҳамчун маркази минтақавии дипломатияи об  пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалбҳои ҳукуматдорони ӯзбек аз нав оташи бухлу ҳасадро аланга дод ва онҳо оҷилан иқдоми навбатии худро пеш гирифтанд. 22-юми августи соли ҷорӣ сенат — палатаи болоии парламенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарори навбатии бофтаю сохтаи худро таҳти унвони «Оид ба тадбирҳои аз байн бурдани таъсирнокии фалокатбори КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба муҳит ва саломатии одамон» қабул намуд.

Қабули чунин қарореро метавон оғози ҷанги эълоннашудае алайҳи Тоҷикистон донист, зеро на танҳо барои Ӯзбекистон, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» пуркунандаи асосии буҷети Тоҷикистон ва сутунмуҳраи  иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад. Зарба бар он, харобӣ, гум кардани қудрати додани маошу нафақа,  болоравии нархҳоро дар пай дорад ва гуноҳи онро мардуми оддӣ ҳатман бо ҳукумат алоқаманд хоҳад кард, на бар ҳилаю найранг ва аъмоли душманонаи ҳукумати Ӯзбекистон.

Мақсад аз ин ҳама фишорҳои темурона мардумро ба эътироз, ташаннуҷи авзоъ дар Тоҷикистон таҳрик додану ҳалли баҳсҳои обӣ ва масоили марзиро ба нафъи худ ҳал кардан аст. Вагарна, ин корхона аз соли 1975 фаъолият дорад. Дар чорчӯбаи иқтисоди ягонаи шӯравӣ мушкилиҳои вобаста бо муҳити зист ҳамроҳ ҳал карда мешуданду тарафи Ӯзбекистон даъвое надошт. Солҳои 90-уми асри гузашта дар қаламрави Ӯзбекистон бо пули КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» чор дармонгоҳи тиббӣ, чор мактаб ва 13 обанбор сохта шуд. Он замон Ӯзбекистон «зиён»-и экологиро ҳис намекард. Баъди ба истиқлолият расидани ду ҷумҳурӣ низ барномаи муштараки ҳифзи муҳити зист дар минтақаи ҷойгиршавии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мавҷуд буд ва ҳаст. Аммо Ӯзбекистон аз иҷрои он, мисли иҷрои дигар созишномаҳои байни ду давлат имзошуда, саркашӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон маҳз ба хотири иҷрои барномаҳои иҷтимоиву беҳдоштии ин ҷумҳурӣ беш аз 900 миллион рубл ва тахминан 60 ҳазор тонна алюминийи хом ирсол доштааст. Худи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» солҳои охир ба маблағи беш аз 100 миллион доллари ИМА таҷҳизоти навтарини экологӣ харида, дар тавлиди алюминий аз он истифода мебарад. Ҳамаи инро дар он ҷониби марз нодида мегиранд.

Тарафи Ӯзбекистон пайваста пешниҳодҳои Тоҷикистонро дар хусуси гузаронидани санҷишҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва муайян намудани дараҷаи таъсири экологии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба муҳити зист рад мекунад. Пас, чӣ гуна метавон омори дар қарори палатаи болоии Парламенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон овардашударо баҳои воқеӣ дод ва далели ҳақиқӣ пиндошт? Аз куҷо рақамҳо дар хусуси теъдоди аҳолии ба касалиҳои гуногун бар асари таъсири КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» гирифторшуда оварда шудаанд (ҳатто дар бораи теъдоди маризон дар водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон), вақте ягон таҳлилу  санҷиши лаборатории якҷоя гузаронида нашудааст?! Чунин далелҳои пойдарҳавою фарсахҳо аз ҳақиқат дурро Тоҷикистон низ метавонад дар мавзеъҳои бо корхонаҳои саноатии Алмалик, Бекобод ва ғайра, ки ба истеҳсолоти ба муҳит ва саломатии одамон зараррасон машғуланд, пешкаш созад, вале суннату одоби волои ҳамсоядорӣ, назокату эҳтироми қавонини умумибашарӣ моро аз чунин кирдорҳои ғайриинсоние, ки бародарони ӯзбек дар муқобили мо раво мебинанд, бозмедоранд.

Ба ҳар ҳол, қабули қарори мазкур бори дигар мавқеи Ӯзбекистонро нисбати ҳамсоякишвараш равшан кард. Қаблан муовини вазири кишоварзӣ ва мелиоратсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, роҳбари намояндагони ин ҷумҳурӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе низ вобаста ба пешниҳоди ҷомеаи башар дар бораи ҳамкориҳо ва расонидани кӯмакҳои молӣ аз ҷониби кишварҳои поёноб ба ҷумҳуриҳои болооб чунин изҳор дошт: «…мо муваззаф нестем рафта ҷӯйи ҳамсояро тоза кунем». Аз қадимулайём ҳамсояҳо ҷӯйи обро якҷоя тоза мекунанд, то оби мусаффои он аз оғоз то анҷом бидуни мамониат маҷрою сифаташро гум накунад. Вале чӣ чора, бо чунин шеваи муносибат, яъне худхоҳию худпарастӣ, Ӯзбекистон обанборҳои беҳисобе сохт, заминҳои зиёдеро обёрӣ намуду мӯҷиби талаф ёфтани калонтарин баҳри минтақа – Арал гардид. Вале ин зиёни даҳшатнокашро, ки ба муҳити экологии минтақа ворид сохтааст, қойил несту пазируфтанӣ нест. Гузашта аз ин,  бухлу ҳасади роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ҷузъи  сиёсати берунаашон гаштааст, намегузорад, ки дар ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба ҳамкориҳо дар масъалаҳои баҳсӣ амали хайру некро бубинанд. Шояд вақти он расида бошад, ки ба нияту амалҳои душманонаи ин кишвар посухи ҳамсон бидиҳем?

Назири СОРБОН, мутахассиси соҳаи экология