Сиёсати муваффақ баҳри ҳалли масоили глобалӣ

№43 (4305) 06.04.2021

Мушкилоти марбут ба таъминоти оби тоза сол то сол барои башарият аҳамияти бештар пайдо менамояд. Зеро он ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дошта, ба мамлакатҳо дахл дорад. Ин масъала вобаста ба аҳамият дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат доимо кӯшиш менамоянд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созад. Ва боиси ифтихор аст, ки ин ибтикор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо намудааст.

Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълони «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Моҳи сентябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки «таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад» ва «Тоҷикистон бо ин мақсад пешниҳод менамояд, ки соли 2003 Соли байналмилалии об эълон карда шавад».

Бо дарназардошти муҳимияти масъала Пешвои миллат ба ҷанбаҳои гуманитарии он ишора намуда, таъкид карданд, ки «ин ташаббуси мо ба хавфи муташанниҷ гардидани вазъияте вобаста мебошад, ки миллиардҳо одамон аз истеъмоли оби тоза маҳруманд».

Аз рӯи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2009 дар Форуми панҷуми байналмилалии об муаррифӣ гардид, истеъмоли оби тоза дар 50 соли охир се баробар зиёд шудааст. Дар баъзе аз минтақаҳо то ҳол ба оби нӯшокии безарар дастрасии нобаробар боқӣ монда, имкониятҳои технологии поксозии об барои истеҳсоли маҳсулоти озуқа, инчунин, коркарди оби истифодашуда маҳдуд мебошад.

Соли 2016 бо Қатъномаи СММ ва ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон қабул гардидани ташаббуси нави башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мақому манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам болотар бурд.

Боиси ифтихор аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои об қадрдонӣ карда, аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба узвияти Панели сатҳи баланд, ки аз 15 нафар таркиб ёфтааст, интихоб намуд.

Моҳи августи соли 2016 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 700 намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва ғайра иштирок намуданд.

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли 2018 бо иттифоқи оро қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, қабул кард. Дар робита ба ин, раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Питер Томсон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ ирсол намуд.

Даҳсолаи зикршуда метавонад баҳри расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар «Рӯзномаи рушди устувори 2030» инъикос шудаанд, мусоидат намояд.

Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди истифодаи самаранок, идораи муштараки захираҳои обӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба ин неъмати бебаҳо пешсаф аст. Метавон гуфт, ки ташаббусҳои Сарвари давлат ҷиҳати ҳалли мушкилоти об ба тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат хоҳад намуд.

Ғ. АЗИЗЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон