Соҳибкори тоҷик Фирдавс Наимов — «Беҳтарин эҳсонкунандаи муҳоҷирон» дар Россия

№158 (4420) 31.12.2021

 ФирдавсЧанде пеш дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия маркази савдои «Роҳи абрешим» дарашро ба рӯи мизоҷон боз кард. Тоҷирони он бо 50 истеҳсолкунанда аз мамолики гуногун, аз ҷумла, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Туркия, Хитой, Малайзия ва Бангладеш шартномаи ҳамкорӣ бастанд.

- Ин имкон медиҳад, ки бо нархи арзон ва сифати баланд маҳсулоти заруриро ба муштариён пешкаш намоем. Зеро ҳамкории наздик зарурати миёнаравро аз байн бурда, боис ба камшавии хароҷот ва арзонии маҳсулот мегардад, — гуфт ба хабарнигори мо директори иҷроияи маркази савдо Аминҷон Абдураҳимов.

Муассиси «Роҳи абрешим» соҳибкори муваффақи тоҷик дар Федератсияи Россия Фирдавс Наимов мебошад. Бо ташаббуси ӯ гӯшаи савдои Тоҷикистон ба яке аз ҷолибтарин ва серхаридортарин қисматҳои маркази савдо табдил ёфтааст. Дар он ҷо, махсусан, либосҳои варзишӣ барои варзишгарон, ки аксар аз пахта дӯхта шудаанд, харидори зиёд доранд. Либосҳои кӯдаконаи ширкати «Фасонак» — и кишвар низ бо сифати баланду нархи дастрас таваҷҷуҳи муштариёнро ҷалб намудаанд. Ҷавонон, занону кӯдакон ва наврасон бошанд, бештар ба шимҳои ҷинси шинаму зебои сад дарсад аз пахта тайёршудаи ширкати «Ҷавонӣ» — и шаҳри Хуҷанд майл пайдо кардаанд. Онҳо бо технологияи муосири итолиёӣ дӯхта шуда, сифаташон хуб аст.

- Шимҳои ҷинси истеҳсоли Тоҷикистон асосан барои содирот ба мамолики Аврупо нигаронида шудааст. Агар нархи онҳо дар дигар мағозаҳои шаҳри Москва аз 3000 то 4000 рубли русӣ бошад, дар «Роҳи абрешим» ду баробар арзон аст. Чунки онҳоро бевосита аз «дасти аввал» (истеҳсолкунанда) гирифта, пешкаши харидорон менамоем, — изҳор намуд Аминҷон Абдураҳимов.

Дар яке аз ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: «Ҳуббул ватани минал имони». Яъне, дӯст доштани Ватан нишонаи имондорист. Аз ин рӯ, Фирдавс Наимов кӯшиш мекунад, ки дар ҳар як лоиҳаи амалкарда бештар ҳамватанонро ба кор ҷалб намуда, номи тоҷику Тоҷикистонро баланд бардорад. Ҳоло он гуна мағозаҳое, ки дар боло зикр кардем, ғайр аз Москва дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Россия низ фаъолият мекунанду дар онҳо 30 — 40 нафар ҳамватанон бо ҷойи кори доимӣ таъминанд. Ифтитоҳи онҳо боис ба бештар содирот шудани маҳсулоти ватанӣ низ мегардад. Дар маҷмӯъ, сабаби пешрафти иқтисоди мамлакат хоҳад шуд.

Маҳз ҳамин гуна ташаббускорӣ ва фаъолияти башардӯстонаи Фирдавс Наимовро ба назар гирифта, Ташкилоти ғайридавлатии «Tong Jahoni», ки ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Федератсияи Россия машғул аст, ӯро барои эҳсонкорию дастгирии пайвастаи муҳоҷирон, кӯдакони бепарастор, модарони танҳо, на фақат миёни тоҷикон, балки дигар миллатҳо, ба ҷоизаи «Беҳтарин эҳсонкунандаи муҳоҷирон» дар соли 2021 сазовор донист. Зеро дар ду соли охир, ки пандемияи COVID — 19 вазъи иқтисодию иҷтимоии бисёр кишварҳоро гирифтори мушкилӣ гардонид, Фирдавс Наимов фаъолияти хайриявиро ба ниёзмандон дучанд намуд.

109775148_272522464014423_879011725840124279_nНамояндаи созмони «Tong Jahoni» зимни супоридани ҷоиза гуфт, ки вай зодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, вале ба тоҷикон ҳавас мекунад, ки Фирдавс Наимов барин ҳамватани ғамхор доранд. Фирдавсро ба кори хайр даъват кардан зарурат надорад, зеро ӯ ҳамеша барои анҷом додани ҳама гуна амалҳои хайр тайёр аст.

Аммо ин дар ҳолест, ки миёни тоҷикони дар ­Федератсияи Россия фаъолияткунанда шахсоне низ ҳастанд, ки соҳиби пулу молу сарвати зиёд ҳастанд, вале ғурури миллӣ надоранд. Маст аз дороӣ гардида, забон ва расму оинҳои аҷдодиро гум кардаанд ва ҳатто худро дар баъзе аз ҳолатҳо тоҷик намегиранд.

Фирдавс Наимов, ҳамчунин, муассису директори генералии Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Русмостранс» буда, соли 2018 барои роҳбарии касбӣ ва самаранокии фаъолияти муассисааш, ки «Лидери соҳа» муаррифӣ гардида, бо Сертификати миллии «Соҳибкори соли 2018» — и Федератсияи Россия сарфароз гардонида шуд. Ӯ 40 сол дошта, зодаи ноҳияи Фархор ва дастпарвари Донишкадаи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи шаҳри Москва аст ва ширкати зери тобеаш логистикӣ буда, 18 сол боз барои кашонидани бор дар Федератсияи Россия ва берун аз он, аз ҷумла ба Тоҷикистон, пурмаҳсул машғули фаъолият аст. Ва боис ба ифтихор аст, ки бо фаъолияти хайрхоҳона маҳбуби дили даҳҳо ҳазор муҳоҷир гашта, номи Тоҷикистонро баланд мебардорад. Воқеан, касе, ки хайрхоҳу ҳақҷӯ бошад, кораш ривоҷу равнақ меёбад. Ба гуфтаи Аттори Нишопурӣ:

Ҳар кӣ кораш аз барои ҳақ бувад,

Кори ӯ пайваста боравнақ бувад.

 «Садои мардум»