Содироти 2560 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар

№98 (4204) 13.08.2020

Кишоварзони ноҳияи Восеъ соли ҷорӣ дар майдони 14 ҳазору 950 гектар ғалладонагӣ, 7535 гектар пахта, 2007 гектар сабзавот, 953 гектар полезӣ, 550 гектар картошка ва 833 гектар зироати хӯроки чорво кишт карданд.

Бино ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия, имсол кишти пахта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 488 гектар, сабзӣ – 63, пиёз – 37 ва картошка 7 гектар зиёд мебошад.

Кишоварзон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 39 ҳазору 427 тонна ғалладонагӣ, аз ҷумла дони ҷуворимакка, 735 тонна зағир, 14005 тонна сабзавот, 8026 тонна картошка, 6343 тонна полезӣ, 579 тонна мева, 1,8 тонна пилла, 12761 тонна шир,  9,2 тонна асал, 1357 тонна гӯшт ва 10,1 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карданд.

Дар давраи зикршуда ба хориҷи кишвар 2560 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид.

То ба ҳол дар ноҳия дар майдони 5 ҳазору 884 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта панҷ гектар зиёд мебошад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»