Содироти тарбузи Мастчоҳ ба Афғонистон

№89 (4195) 23.07.2020

ТарбузКишоварзони ноҳияи Мастчоҳ соли равон майдони кишти тарбузу харбузаро назар ба соли пеш 546 гектар зиёд намуданд. Сабаби ин ба  муваққатан баста будани сарҳад бо Ӯзбекистон – яке аз содиркунандагони асосии тарбузу харбуза ба вилояти Суғд алоқаманд аст.

- Соли равон майдони кишти тарбузу харбуза 2 470  гектарро  ташкил дод, — гуфт раиси ноҳия Тоҳир Азиззода. Аз 5,5 ҳазор хоҷагии деҳқонии ноҳия 45 дарсадаш маҳсулоти полезӣ кишт карданд. Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Аъзам», ки дар ихтиёр 12 гектар замини корам дорад, дар 4 гектар маҳсулоти  полезӣ коштанд. Дар заминҳои боқимонда картошкаву сабзӣ, ҷуворимакка ва лӯбиёгиҳо парвариш мешавад.

Ноҳияи Мастчоҳ, дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ,  соли дуюм аст, ки ба кишвари ҳамсоя – Афғонистон тарбузу харбуз содирот менамояд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»