Аз пайи мактуб

Суд чиро ба инобат нагирифтааст?

№70 (3371) 21.05.2015

Соҳибкори исфарагӣ иддао дорад, ки иншооти ба ӯ тааллуқдоштаро ғайриқонунӣ фурӯхтаанд

 Матбуот аз замони пайдоишаш то имрӯз баробари вазифаҳои асосиаш, инчунин мекӯшад, ки мушкилоти мардумро низ баррасӣ намояд. Дар ин росто, ба матбуот муроҷиат намудан падидаи маъмулӣ маҳсуб ёфта, далели возеҳи эътимоди аҳолӣ ба журналистон аст. Аз ин ҷост, ки дар саҳифаҳои рӯзномаҳо мактубҳои кушодаи шаҳрвандон унвонии роҳбарияти Давлату Ҳукумат ва мақомоти марбута хеле зиёд нашр мешаванд.

Ба унвони рӯзномаи бонуфузи «Садои мардум» низ муроҷиати шаҳрвандон ворид мегарданд. Ҳамин гуна як мактуб ба идораи рӯзнома ворид гардида буд. Муаллиф аз ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон розӣ нест. Бинобар он ки қонунҳои амалкунанда ва ахлоқи касбии рӯзноманигорӣ носанҷида пешниҳод намудани маълумотро манъ менамоянд, роҳбарияти идораи рӯзнома пеш аз чоп санҷиши мактубро зарур шуморид. Бо ин мақсад ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафари хизматӣ доштем. Дар рафти сафар бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муаллифи нома Абдулло Ғафуров ва нафарони дигари ба ин қазия рабтдошта вохӯрдем.

Асли мақсад он аст, ки моҳи декабри соли 1991, сокини шаҳри Исфара А. Ғафуров дар асоси қонун ва фармони роҳбари Идораи корҳои чоҳкобии Нефтобод (ҳоло КВ «Суғднафтугаз»)  корхонаи хурде бо номи «Шарора» бунёд намудааст. Дар ин корхона зарфҳои сафолин, оҳак, олифа, рангҳои минералӣ истеҳсол карда мешуд.

Барои ташкили истеҳсолот роҳбарияти Идораи корҳои чоҳкобии Нефтобод ба корхонаи хурди «Шарора» иморати ГРЭС (ГЭС)-и аз соли 1967 бекорхобидаро додааст. ГЭС бо маблағи колхозҳо соли 1953 сохта шуда, замини онро барои ташкили лагери пионерӣ ба ихтиёри Идораи корҳои чоҳкобӣ гузаронида будаанд. Абдулло Ғафуров мегӯяд, ки соли 1991 аз тарафи Идораи фавқуззикр ба мувозинаи корхонаи хурди «Шарора» бинои ГРЭС гузаронида шуда буд, ки мутобиқи қонунгузорӣ аст.  Соли 1985 Қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС оид ба  ташкил намудани кооперативҳо ва корхонаҳои хурд ба тасвиб расида буд. Дар он омадааст, ки дар заминаи корхонаҳои давлатӣ корхонаи хурд, кооперативҳои истеҳсолӣ ташкил карда шуда, ба мувозинааш иншооти бекорхобидаро гузаронанд. Дар он замон, вақте НБО-ҳо дар Ӯзбекистон,  Қирғизистон ва НБО-и «Норак» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, фаъолияти ГЭС-и хурдро бозмедоранд, чунки низоми ягонаи энергетикӣ амал мекард ва барқи истеҳсолшуда ба ҳама кишварҳои шӯравӣ дастрас ва кифоя буд. Баъдан, ин бинои бекорро ба мувозинаи беморхона мегузаронанд. Беморхона аз уҳдаи нигоҳдорӣ намебарояд ва онро ба мувозинаи Идораи корҳои чоҳкобӣ медиҳанд. Идораи корҳои чоҳкобии Нефтобод низ биноро  истифода намебарад, аз ин сабаб он  фарсуда ва дарунаш аз лой пур мешавад.

- Соли 1991, вақте ки корхонаи хурди «Шарора»-ро таъсис додем, биноро барои истифодабарӣ ба мувозинаи ҶММ «Шарора» гузарониданд. Мо онро тоза намуда, ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ кардем. Зиёда аз ин, ба масоҳати 1,5 км хати газ кашидем, — изҳор дошт А.Ғафуров.

Соли 2000 коргоҳ тамоми ҳуҷҷатҳоро дар ҷойҳои дахлдор, аз он ҷумла дар Раёсати адлияи вилояти Суғд аз санҷиш гузаронда, аз корхонаи хурд ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуд мубаддал мешавад. Нуқтаи муҳим он аст, ки ҳангоми санҷиш дар ҳуҷҷатҳо ягон хатоӣ  пайдо нашуд.

Директори ҶММ «Шарора» А.Ғафуров мегӯяд, ки 0,63 гектар заминро бо симтӯр ҷудо кардем, Кумитаи замини шаҳри Исфара ин масоҳатро аз мувозинаи  лагери пионерӣ бароварда, 29 декабри соли 1999 таҳти №614 қарори раиси шаҳри Исфара „Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони базаи истеҳсолӣ ва хоҷагии ёрирасон ба Корхонаи хурди «Шарора»” ба тасвиб расид. 0,1 гектар замин барои насби таҷҳизот,  сохтани печҳо ва коммуникатсияи дигар ва 0,53 гектар барои ташкили хоҷагии ёрирасон ҷудо гардид.

- Заминро бо булдозер ҳамвор карда, печҳо ва таҷҳизоти дигар шинонида, бо трактор ҷӯй канда, латокҳои оҳану бетон шинонида, оби зери иморати ГЭС-ро ба ҷӯи калон равона кардем, зеро қисми замини ба ҶММ «Шарора» додашуда ботлоқ  буд, — зикр кард номбурда.

Моҳи ноябри соли 2006 лагери пионериро мутасаддиёни Идораи корҳои чоҳкобӣ ва Вазорати энергетика дар қатори 17 иншоот, ки ду иншоот – иморати ГЭС ва газопроводи сохтаи ҶММ «Шарора» ба он шомил аст, ба фурӯш мебароранд. Мувофиқи Протоколи №114 «Дар бораи натиҷаҳои фурӯши моликият» собиқ лагери пионерии «Горная сказка» бо арзиши ибтидоии  22350 сомонӣ 17 ноябри соли 2006 ба фурӯш бароварда шудааст.  Иштирокчии музояда Холиқов Абдуфатто Ғаффорович бо арзиши 24 642 сомонӣ иншоотро харида, 29 декабри соли 2006 санади супоридану қабули объекти хусусигардида байни фурӯшанда (Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва харидор — А. Холиқов ба имзо мерасад. 24 январи соли 2006 шартномаи хариду фурӯши ин иншоот дар Идораи давлатии нотариалии шаҳри Исфара ба қайди давлатӣ гирифта шуда, 14 феврали соли 2008 ба ӯ шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дода мешавад. Соҳибкори инфиродӣ А. Холиқов бо аризаи даъвоӣ ба Суди иқтисодии вилояти Суғд оид ба беэътибор донистани қарори раиси шаҳри Исфара аз 29 декабри соли 1999 таҳти №614 „Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони базаи истеҳсолӣ ва хоҷагии ёрирасон ба Корхонаи хурди «Шарора»” муроҷиат менамояд. Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд  аз 24 ноябри соли 2010 қарори зикршудаи раиси шаҳри Исфара бекор гардида, бо ҳалномаи дигари ҳамин суд аз 17 августи соли 2011 ҶММ «Шарора» уҳдадор гардидааст, ки монеаҳои истифодабарии 0,63 гектар қитъаи замини амволи харидашуда, ки минбаъд ба соҳибкор А. Холиқов тааллуқ дорад, бартараф намояд.

Ҳамин тавр, қарори мазкури раиси шаҳр аз соли 2009 чаҳор бор дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, ду бор ба фоидаи ғолиби музояда, як бор ба фоидаи ҶММ «Шарора» ҳалнома мебарояд. Бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2012 ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 4 октябри соли 2012 доир ба парвандаи мазкур бетағйир, шикояти кассатсионии ҶММ «Шарора»-и шаҳри Исфара беқаноат мононда шудааст. ҶММ «Шарора» ба қарори марҳилаи кассатсионӣ розӣ нагардида, бо шикояти назоратӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Бо таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2013 шикояти назоратии ҶММ «Шарора»-и шаҳри Исфара беқаноат монда шуда, ирсоли парвандаи мазкур барои баррасӣ дар суди марҳилаи назоратӣ рад карда шудааст.

Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Фатҳуддин низ суханҳои болоро тасдиқ намуда, оид ба баҳси мазкур, аз ҷумла чунин гуфт: «Ваҷҳҳои дар аризаи даъвоӣ ва ҳамчунин дар аризаи аз номи ҶДММ «Шарора» пешниҳодкардаи А. Ғафуров, дар хусуси он ки амволи хусусигардонидашудаи баҳсӣ моликияти ҷамъияти мазкур мебошад, зимни баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи якум ва марҳилаҳои судии минбаъд баргузоргардида мавриди санҷиш қарор гирифта, тасдиқи худро наёфтааст. Дар асл бинои неругоҳ (ГЭС) қаблан ба ҶДММ «Шарора» ройгон, яъне бепул дода шуда буд ва бинобар хилофи қонун будани чунин амал, моҳи июни соли 2006 бинои мазкур ба тавозуни КВ «Суғднафтугаз» баргардонида шудааст. Аз ҷониби ҶДММ «Шарора» барои исботи соҳибмулки амволи баҳсӣ будан ҳуҷҷатҳои эътимодноки ҳуқуқмуайянкунанда пешниҳод карда нашудааст».

Дар ҳамин ҳол, Абдулло  Ғафуров мегӯяд, ки КВ «Суғднафтугаз»  бо фармон ва санади супоридану қабул бинои ГЭС-ро ба ихтиёри ҶДММ «Шарора» дода буд. Аз ин рӯ, бе фармон ва санади супоридану қабул ба мувозинаи КВ «Суғднафтугаз» даровардани иншооти ба ҶДММ «Шарора» тааллуқдошта хилофи қонун буда, манфиатҳои соҳибмулк нодида гирифта шудааст, зеро, пас аз он ки бинои ГЭС ба тавозуни Корхонаи хурди «Шарора» гузаронида шуд, бо сарфи маблағҳои зиёд корҳо ба иҷро расидааст, ки болотар зикр кардем. Номбурда ҳуҷҷатҳои зиёдеро ҳамчун далели соҳибмулкиаш  дар ихтиёри мо гузошт. Аз ҷумла фармони Идораи корҳои чоҳкобии Нефтобод (Нефтеабадское управление буровых работ) аз 21 ноябри соли 1991 таҳти №367 «Дар бораи таъсиси Корхонаи хурди «Шарора» (бо имзои сардори Идораи корҳои чоҳкобии Нефтобод М. Шукуров), фармони дигари муассисаи мазкур аз 3 декабри соли 1991 таҳти №374 «Дар бораи ба мувозинаи Корхонаи хурди «Шарора» гузаронидани бинои ГРЭС (ГЭС) дар ҳудуди лагери пионерии «Афсонаи кӯҳӣ» (сардор  М. Шукуров ва мушовири ҳуқуқӣ А. Темиров имзо кардаанд), Қарори ҳукумати шаҳри Исфара «Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони базаи истеҳсолӣ ва хоҷагии ёрирасон ба Корхонаи хурди «Шарора», нуқтаи назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара аз 25 августи соли 2011 таҳти №4077 ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қонунӣ будани иншоот ва замини ба Корхонаи хурди «Шарора» тааллуқдошта (раиси шаҳр С.  Ашӯров имзо кардааст), хулосаи ҳуқуқии ҳуқуқшиноси КВ «Суғднафтугаз» Ҷ. Шамсиддинов, Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шарора», ки бахши бақайдгирии давлатии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара додааст, Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва дигар ҳуҷҷатҳо ба ҶММ «Шарора» тааллуқ  доштани бинои ГЭС ва 0,63 гектар қитъаи заминро тасдиқ мекунанд.

Ғайр аз ин, дар нуқтаи назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара аз 25 августи соли 2011 таҳти №4077 бо имзои собиқ раиси шаҳри Исфара С. Ашӯров ба раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара шикояти директори ҶММ «Шарора» А. Ғафуровро аз болои қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 24 ноябри соли 2010 дида баромада, ба чунин хулоса омад ва далелҳое, ки аз ҷониби директори корхона А. Ғафуров асоснок будани фармони корхонаи чоҳкобии Нефтобод таҳти №367 аз 21 ноябри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Корхонаи хурди «Шарора» бо мақсади истеҳсол намудани молҳои ниёзи мардум, фармони №374 аз 3 декабри соли 1991 «Дар бораи ба мувозинаи Корхонаи хурди «Шарора» гузаронидани бинои ГРЭС» фармони №30 аз 20 феврали соли 1992 барои эҳтиёҷоти корхонаи хурди «Шарора» ҷудо намудани 0,63 гектар замин ва ғайра меоварад, ба қонунҳои амалкунандаи ҳамон замон ҷавобгӯй буд.

Зикр намудан лозим аст, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои мавҷуда бинои ГРЭС (дар асл ГЭС) амволи колхозӣ мебошад…

…Ҳуҷҷатҳое, ки ба мо аз тарафи А.Ғафуров пешниҳод шудааст, гуфтаҳои дар боло зикргардида ва маблағҳои барои он сарфшударо исбот менамояд…

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара боварӣ дорад, ки суд меҳнати коллективи «Шарора»-ро ба инобат гирифта, адолати судиро барқарор менамояд, чунки қарори раиси шаҳри Исфара ба талаботи қонунҳои ҳамон замон мутобиқ буд».

Абдулло Ғафуров мегӯяд, ки бо вуҷуди чунин изҳори назари собиқ раиси шаҳр ва дигар идораҳои марбута суд манфиатҳои ӯро ба назар нагирифтааст. Чунки дар ҳуҷҷатҳои соҳибкоре, ки биноҳоро дар музояда харидааст, ГРЭС — клуб  нишон дода шудааст, аммо  бинои неругоҳ (ГЭС) ягон вақт ГРЭС — клуб набуд.

Бояд гуфт, ки дар иншоот нишонаҳои ГЭС будан вуҷуд дорад. Махсусан изи ду қубури калонҳаҷме, ки обро ба чархаҳои генератор равон мекарданд, то ҳол мавҷуданд. Номбурда мегӯяд, ки суд аз рӯйи талаботи қонунҳое баҳсро баррасӣ намуд, ки баъд аз чандин соли ташкил шудани ҶММ «Шарора» қабул шудаанд. Мавсуф барои исботи суханаш аз Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки мутаносибан солҳои 1996 ва 2000  қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд. Бино ба гуфти мавсуф, ҳалномаҳои судии вобаста ба баҳси  ҶММ «Шарора» ва соҳибкор  қабулшуда  асосан дар асоси Кодекси граждании баъди соли 2000-ум мавриди амал  қароргирифта асоснок карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи моддаи 4-уми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон: «…санадҳои қонунии гражданӣ қувваи бозгашт надоранд ва нисбати муносибатҳое истифода мешаванд, ки пас аз ҷорӣ намудани онҳо ба миён омадааст».

Номбурда барои исботи суханонаш талаботи моддаи 258 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро асос овард. Дар он минҷумла омадааст, ки  агар шахс амволи ғайриманқулро зиёда аз 15 сол соҳибӣ кунад, ҳамчун амволи шахсӣ истифода кунад, аз ҷониби суд ва мақомоти дахлдор ҳамчун соҳибмулк эътироф шуданаш имконпазир аст. ҶММ «Шарора» бинои ГРЭС-ро (ГЭС) бо 0,63 гектар замин аз соли 1991 то соли 2010 ҳамчун соҳибмулк ихтиёрдорӣ кардааст. Аз соли 1991 инҷониб арзиши он тариқи гузаронидани таъмири капиталӣ даҳҳо маротиба зиёд гардид. А. Ғафуров мегӯяд, ки суд инро ба назар нагирифт.

Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки лагери пионерии «Афсонаи кӯҳӣ»  иншооти соҳаи маориф  маҳсуб меёбад ва мувофиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  бе қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хусусигардонии иншоотҳое, ки ба соҳаи тиб ва маориф тааллуқ доранд,  манъ аст. Вобаста ба масъалаи мавриди назар талаботи фавқуззикр риоя нашудааст.

Бо мақсади муайян кардани мансубияти иншооти мазкур ва тарзи фурӯши он мо ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Муовини раиси Кумитаи мазкур Анвар Наҷмиддинзода дар ҷавоб ба пурсиши мо изҳор дошт, ки «ҳар вақте ҷавобро омода кардем, ба идораи рӯзнома пешниҳод менамоем». Мутаассифона, барои мо маълум нест, ки Анвар Наҷмиддинзода бо «ҳар вақт» гуфтан чанд рӯз ва ё ҳафтаро дар назар дорад, аммо моддаи 23-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» муқаррар намудааст, ки: «Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд».

Мутаассифона, мо натавонистем, ки аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фурӯши иншооти лагери пионерии «Афсонаи кӯҳӣ» маълумот дастрас намоем. Аз ин рӯ, ҷавоби расмии кумитаи фавқуззикрро дар қолаби вокуниш (дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009 таҳти №622) интизор мешавем.

Абдулло Ғафуров изҳор дошт, ки то имрӯз ба тамоми идораҳои марбута мактуб навишта, оид ба мушкилоти ба сарашомада маълумот додааст. Номбурда рӯйхат ва чанд нусха аз мактубҳояшро унвонии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва чандин идораҳои дигар дар ихтиёри мо гузошт. Мегӯяд, ки бигзор қонунӣ будани фурӯши  иншооти ба ӯ тааллуқдошта, яъне бинои ГРЭС (ГЭС)-ро фаҳмонанд, дигар ҳеҷ даъвое надорад. Агар не, пас барои бозпасгардонии бинои ГРЭС (ГЭС) ва 0,63 гектар замин ба ихтиёри ӯ мусоидат карда шавад.

Мо низ ин масъаларо ба баррасӣ ва хулосаи мақомот ва идораҳои дахлдор вомегузорем. Агар ин амал мувофиқи қонунгузорӣ сурат гирифта бошад, фаҳмонидани дурустии он кори душвор нест. Дар сурати ҳақро ба ҳақдор расонидан мақомоти марбута нафареро аз сарсониву саргардонӣ мераҳонанд, ки синну солаш наздик ба ҳаштод аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Душанбе — Исфара – Душанбе