Суди Истаравшан «оббиёру кӯзашикан»-ро бо як чашм мебинад

№78 (3715) 01.07.2017

ТочиксодиротбонкЧун бо тақозои вазифа ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар мекунам, дар ноҳияи Зафаробод пирамарди 80-солаеро зуд-зуд дучор меоям, ки дар даст ҷузвдони пур аз арзу шикоят аз як идора ба дигар идораи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равуо мекунад ва ҳамин ки бо ман рӯ ба рӯ ояд, лаб ба ҳасрат мекушояд.

3-4Ӯ Обид Оқилов, табиби осебшинос аст. Соли 1958 ба ин диёр омада, баҳри ҳифзи саломатии мардуми ноҳия беш аз 50 сол хидмат кардааст.

Ин марди куҳансол шиква аз масъ­улини ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва Суди шаҳри Истаравшан дорад.

Гап дар сари он аст, ки номбурда соли 2013, пас аз вафоти ҳамсараш ҳавлии истиқоматии худро фурӯхта, ба хонаи писараш мекӯчад. 23 ҳазору 100 доллари амрикоиро, ки аз фурӯши ҳавлӣ ба даст оварда буд, 28 феврали соли 2014 бо 18 фоизи солона ба номи духтараш Зарина Исобоева дар филиали «Тоҷиксодиротбонк», воқеъ дар ноҳияи Зафаробод амонат мегузорад.

Шартномаро оид ба ин масъала директори филиал Расулҷон Акрамов имзо ва бо муҳри бонк тасдиқ намудааст.

-Чанд муддат мо фоизи маблағи гузошта­амонро ба зарурати рӯзгор сарф кардем, -мегӯяд Обид Оқилов.

Нимаи дуюми соли 2015 бо ҷурми қаллобӣ сарвари филиал ва дигар масъулони бонкро боздошт намуданд. Аз чунин сурат гирифтани кор хавотир шуда, бозпас гирифтани пасандозамонро тақозо кардем. Масъулони бонк гуфтанд, ки дар суратҳисоби мо ҳамагӣ 100 доллар мавҷуд асту халос. Маълум гашт, ки мо барин фиребхӯрдагон бисёр будаанд. Мо ва се нафари дигар — Раҳмат Умаров, Алфия Муратова, Назир Назиров, ки ба прокуратураи ноҳия муроҷиат кардем.

Тафтишот сар шуд ва маълум намуд, ки раиси филиали «Тоҷиксодиротбонк» Р. Ак­рамов бо зердастон — Алимардон Абдусамадов, Иззатилло Йӯлдошев, Неъматилло Баротов ва Ёқубҷон Ӯринбоев бо истифода аз ваколат маблағи моро на ба суратҳисоби бонк, балки ба суратҳисоби алоҳида ворид карда, баъдан ба манфиати хеш сарф кардаанд.

Мо маблағҳои худро ба филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» супорида будем. Раиси филиал ҳамчун шахси ваколатдори бонк маблағро қабул карда, санади расмӣ дода буд. Аз ин нуқтаи назар бояд мо ҷабрдида ҳисоб мешудему «Тоҷиксодиротбонк» ҷавобгар. Мутаассифона, суд қаллобонро аз озодӣ маҳрум сохта, пардохти қарзи мо ва маблағҳои ба тариқи сохтакорӣ аз филиал гирифтаашонро ба зиммаи раиси филиал ва ҳаммаслаконаш вогузор намуд.

Баъдан маълум шуд, ки дар суратҳисоби собиқ сардори филиал Р. А. Акрамов ягон дирам мавҷуд набуда, ӯ ҳавлӣ, мошин ва амволи ғайриманқул надоштааст.

Мо нисбат ба ҳукми Суди шаҳри Истаравшан ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ бурдем.

Коллегияи судӣ 26 октябри соли 2016 масъ­аларо баррасӣ карда, ҳукми Суди шаҳри Истаравшанро бетағйир монд.

Баъд ман ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати «Тоҷиксодиротбонк» аризаи шикоятӣ навиштам.

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли ин қазияро ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавола кард, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «бо сабаби риоя нагардидани талаботи моддаи 406 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон» аризаро  бе баррасӣ баргардонд.

Ман ба ин мақомот боз ду маротибаи дигар ариза навиштам. Ниҳоят, аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҷавоб омад: «Тибқи талаботи сархати 1 моддаи 407 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар шикояти назоратӣ ҷавобгӯи талаботи пешбининамудаи моддаи 406 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад, аз ҷониби судя бе баррасӣ баргардонида мешавад. Аз ин рӯ, шикояти назоратии шумо бе баррасӣ баргардонида мешавад».

Мудири муваққатии «ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» М. Ёқубов посух гардонидааст, ки ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» аризаи шуморо оид ба баргардонидани пасандози Исобоева Зарина Обидовна баррасӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта бо ҳукми Суди шаҳри Истаравшан 8 сентябри соли 2016 аз ҳисоби собиқ директори филиали бонк дар ноҳияи Зафаробод Акрамов Расулҷон Абдуҳафизович ба фоидаи З.О. Исобоева маблағи 149 500, 0 сомонӣ бояд рӯёнида шавад.

Дар сурати норозӣ будан метавонед ба суди болоӣ шикоят намоед».

Ду сол боз масоили ҳуқуқиро меомӯзам. Тибқи талаботи моддаи 433 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, амали кормандони қарздор боиси иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадорӣ гардида бошад, қарздор барои ин амал ҷавобгар аст. Тибқи талаботи моддаи 1083-и ҳамин кодекс, шахси ҳуқуқӣ зарареро, ки корманди он ҳангоми иҷрои уҳдадории меҳнатӣ (хизматӣ, вазифавӣ)- и худ расонидааст, ҷуброн менамояд.

Масъулини «Тоҷиксодиротбонк» ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дарк намоянд, ки маблағро ба бонк супоридаам, на ба сардори он. Сониян, шартнома байни ман ва бонк баста шудааст.

Гузоштани маблағ дар бонкҳо далели эътимоди аҳолӣ ба ҳисоб мераваду суиис­тифода аз он боварии мардумро ба низоми бонкӣ аз байн мебарад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат, Бонки миллӣ ва Вазорати молияро вазифадор кардаанд, ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»