Ба истиқболи 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Сулҳ ва ваҳдати миллиро бояд ҳифз намоем

№80 (3560) 23.06.2016

Калаж ВАХДАТ

Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нав — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ва рушди онҳо оғоз намоем.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид доштанд, қаҳрамони сулҳи тоҷикон маҳз халқ аст, зеро танҳо дастгирӣ ва ҷонибдории мардум буд, ки имзои созишномаи сулҳро наздик сохт.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳурӣ таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Аз таърихи инсоният медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ, бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор гардида, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рӯ ба завол шуданд, вале дар тӯли беш аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба Истиқлолияти миллию давлатӣ расид.

Тавре маълум аст, туфайли пирӯзии Инқилоби Кабири Октябр ҳуқуқи миллати тоҷик барои давлатдорӣ эътироф гардида, гӯшае аз қаламрави кӯҳистон дар ихтиёраш қарор гирифт. Муборизаи як гурӯҳ фарзандони шуҷои миллат аввал ба пайдо шудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1924) ва баъд (соли 1929) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сабаб гардид, ҳарчанд ки аз мавзеъҳое, ки халқияти тоҷик ташаккул ёфта буд, бар асари номуттаҳидӣ ва хиёнатҳои берунаву дохилӣ ҷудо монд. Ба ҳар ҳол, ин дар таърихи миллати тоҷик комёбии бузург ва сарнавиштсоз буд, ки бе он Истиқлолияти давлатии имрӯзаи мо ғайриимкон буд.

Дар охири солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омаданд, ки ба ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ мусоидат мекарданд ва эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти экстремизми сиёсию динӣ ва миллатгароию маҳалгароӣ равона намуданд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо хеле авҷ гирифт.

Майдоннишиниҳо нақшаи фалаҷ кардани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавиро дошт ва оқибат он ба фоҷиаи миллӣ овард. Албатта, ҳар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл менамояд. Дар кишварҳои Ғарб ва Шарқ низ ҷангҳои дохилӣ ва задухӯрдҳое, ки ба хунрезиҳо оварда буданд, кам набуд.

Ҷанги шаҳрвандие, ки шурӯъ гардид, ба хоҷагии халқи мо хисороти азим оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одам гардид. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Дар рӯзи аввали ба иҷрои вазифа оғоз карданашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам».

Имрӯз ҳадафҳои стратегии давлат-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ зина ба зина амалӣ мешаванд. Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи сазовор пайдо кардааст. Пояҳои Истиқлолияти давлатӣ сол ба сол қавитар мегарданд.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарии байналмилалӣ донистаанд. Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифтааст, ки он инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Воқеаҳое, ки вақтҳои охир ба вуқӯъ омадаанд, ба мардум ва ҳукумати он давлатҳо бар ивази ба ном демократия мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба бор овард.

Бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу субот бирасем ва дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

Ҳокимияти судии кишвар дар таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо давоми солҳои охир ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ татбиқ ва ислоҳоти судӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Дар ҷараёни татбиқи ин барнома, бо дарназардошти рушди ҷомеа, механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун, эҳтироми инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ тадриҷан ташаккул меёбад.

Парвиз МИРЗОЗОДА, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон