Таҳамтанони размгоҳи мубориза бо коронавирус

№70 (4176) 13.06.2020

AhZxDdbw7iA4jwRjfrF7Табибӣ аз қадимтарин касбҳо буда, ҷустуҷӯҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки одамон ҳанӯз дар даврони ҷамъияти ибтидоӣ усули содаи табобатро ба кор мебурданд.

Дар ҳама давру замон табибони ҳозиқу донишманд ва хушахлоқро зиёд қадр мекарданд. Беҳуда нест, ки дар «Илиада» — и Гомер як табиби ҳозиқ аз чандин одами одӣ боло дониста шудааст. Аммо дар радифи ин, табиби ноқобилу бедониш ва бемаҳорату бемасъулиятро напазируфта, ҷазои сахт медоданд. Масалан, ҳазорҳо сол пеш мувофиқи қонуни Ҳамураппӣ табиберо, ки пас аз табобати вай инсон (ғайри ғулом) мефавтид, ангуштонашро мебуриданд.

Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Ал-қонун» дар баёни ҳадди тиб менависад, ки «ба дурустӣ тиб илмест, ки аз он ҳолатҳои тани инсонро аз ҷиҳати солим ва носолим будани он бишиносанд, то ки тандурустӣ андар ҳоли будан нигоҳ дошта шаваду андар ҳоли аз даст рафтан баргардонда шавад».

Аббоси Аҳвозӣ бо суханҳои зерин «Пандномаи пизишкӣ»-ро ба итмом мерасонад: «Фақат табиби одобу ахлоқаш воло ба дили беморон роҳ ёфта, онҳоро шифо бахшида метавонад ва маризон бо чунин табиб эътимоду эътиқод баста, бо ӯ сари вақт муроҷиат хоҳанд кард. Танҳо чунин пизишк ҳамеша сазовори ҳурмат ва эҳтироми мардум хоҳад шуд».

Дониш ва касби пизишкӣ дар матнҳои куҳани мардум ва кутуби исломӣ ҳамвора ба унвони илм ва шуғли муқаддас ба шумор рафта, бахусус дар таълимоти исломӣ ба унвони ибодат номбар шудааст. Дар китоби тибби ҳиндувон — «Аюрведа» беморбинӣ ё беморхабаргирии табиб ҳатто ба ҳаҷ баробар карда шудааст.

Бемор пас аз Худованд фақат ба табиб эътимод карда, нисбат ба он чунин гуфтанд: «Табиби хуб фариштаи фиристодаи Худованд аст». Дар яке аз ҳадисҳои пайғамбари ислом омадааст: «Касе, ки ба омӯхтани илми тиб шурӯъ мекунад, агар ӯро то охир наомӯзад ё кам омӯзад, дар назди бемор ва Худованд зомин аст».

Чехов — нависанда ва табиби шинохтаи рус зикр мекунад: «Табибӣ қаҳрамонист. Он худфидоӣ, покдилӣ ва поквиҷдониро талаб менамояд. На ҳар шахс ба ин кор қодир аст».

Бисёр табибон барои исботи назария ва пайдо кардани роҳҳои табобат таъсири микроб ва доруҳоро пешакӣ дар худ санҷидаанд, ки ин, албатта, қаҳрамонист. Аввалин нафаре, ки ба ин амал даст задааст, табиби немис Макс Петенкофер (асосгузори беҳдошти таҷрибавӣ) мебошад. Баъдан, И. Мечников, Н. Гамалея, Д. Заболотний ва И. Савченко, пеш аз он ки ба дигарон ваксинаи ваборо гузаронанд, таъсири онро дар худ санҷидаанд. Чунин мисолҳо дар адабиёти тиббӣ зиёданд.

Нақши асосии табиб дар зиндагӣ наҷот додани инсоният аз ҳар гуна беморӣ мебошад. Шукри давлати соҳибистиқлол, ки ҳама имкониятро додааст, аз ҷумла, ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқи таҳсил, имкони озодии баёни андеша ва ғайра. Ҳоло дилхоҳ сокини кишвар метавонад фикру ақидаашро дар рӯзномаю маҷаллаҳо чоп кунад, ки инро метавон волотарин даст­оварди шаҳрвандӣ дар ҷомеаи навин номид.

Дар солҳои охир (2010-2020) дар рӯзномаҳои мустақил якчанд мақолае рӯи чоп омаданд, ки қадимтарин касби инсонӣ ва намояндагони он бо ибораҳои ношоиста «муаррифӣ» мешуданд.

Аҷдодон ҳама вақт аз фарҳанг ва адабиёти воло ифтихор мекарданд. Ҳатто Арасту қайд мекунад, ки ҳикмати муғон (мардуми ориёӣ, пайравони таълимоти Зардушт) аз ҳикмати мисриён қадимтар аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидо ва интиҳои баромадҳояшон худ «миллати бофарҳанг ва куҳанбунёди ман» гуфта муроҷиат мекунанд. Магар баъзе рӯзноманигорони мо аз ин фарҳанги воло, аз ин қомуси башарӣ бехабаранд, ки нисбат ба дигар касбҳо, аз ҷумла, табибӣ чунин муносибат менамоянд. Магар ба ҷойи ибораи «Фабрика смерти», маҳсули тахайюл аст (далелу исбот ва факту рақамҳо вуҷуд надорад), ибораи дигареро истифода бурдан мумкин набуд?

Боре коршиносе низ саволи бемантиқ, беасос ва буҳтонангез дода буд, ки «тайёр кардани духтурони бесавод ва белаёқат кай хотима меёбад?». Ҳамчунин, пешгӯӣ шудааст, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон бе духтурони касбӣ хоҳад монд ва мардум аз муроҷиат кардан ба мутахассисони ҷавон метарсанд!

Оё шумо аз таърихи илми тиб бохабар ҳастед? «Падар»-и илми тиб Буқроти ҳаким меросхӯр ё пушти ҳаждаҳуми «Худо»-и тиб» Эскулап (Асклепий) буд, аммо ба ин сатҳ, ба ин ном ва ба ин мақом он гоҳе сазовор гашт, ки аз сафари тӯлонии Мисру Осиёи Хурд, Лубнону Ҳинду Чин баргашт. Оё духтурони касбӣ аз модар «номдор ва шинохта» тавлид шудаанд? Не. Онҳоро таҷрибаи зиндагӣ, ислоҳи камбудӣ ва хатогии худ ва дигарон ба ин мартаба расонид. Албатта, дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ низ нафарони тасодуфӣ мавҷуданд. Ин қонуни зиндагист. Агар чунин намебуд, ҳама Синою Розӣ ва Берунию Хаём мебуданд.

Оҳану пӯлод аз як кон меоянд бурун,

Он яке шамшер гардад, дигараш наъли хар аст.

Табибӣ амал, фаъолият аст, бе хатогӣ намешавад. Мусаллам аст, ки ҳар як инсон хоҳ табиб, хоҳ рӯзноманигор, хоҳ намояндаи касбҳои дигар, аз хатову камбудӣ орӣ нестанд. Ҳакимони ҷаҳондида ва пуртаҷриба қайд намудаанд, ки «Errare humanum est» («Саҳву хато хоси табиати инсон аст»). «Дар олам кишваре вуҷуд надорад, ки дар он табибон ба хатогӣ роҳ надода бошанд», — менависад олими шинохта Н. В. Эйнштейн. Масалан, тибқи маълумоти омории Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳар сол дар ИМА аз хатогии табибон то 220 ҳазор нафар, дар Британия то 40 ҳазор бемор оламро падруд гуфта, дар Федератсияи Россия аз се як ҳиссаи ташхиси табибон нодуруст ҳисобида мешавад. Ин рақам дар кишварамон, мувофиқи омор 0,2 дарсадро ташкил медиҳад. Он ҳам бошад, бисёр вақт бинобар сабаби ба духтур дер муроҷиат кардан, бардоштани ҷароҳати бениҳоят вазнин, хунравии зиёд ва ғайра ба амал меояд, на аз хатоӣ ва бемасъулиятии табибон.

Албатта, чунон ки мегӯянд, «бемор як бор мефавтад, табиб сад бор». Табибе, ки дар назди ӯ бемор мефавтад, аз масъулият ва азоби виҷдон ба беморӣ дучор мешавад. Беҳуда намегӯянд, ки «Ҷарроҳи хуб ҳаёти худро бо сактаи дил ба итмом мерасонад». Ман мехостам дар ин ҷо гуфтаи табиби голандӣ Николас Ван Тулпаро ба ёд орам, ки мегӯяд «Алис инсервент консимора», яъне «худро сӯхтаю роҳи дигаронро равшан менамоям». Далели гуфтаҳои боло ин аст, ки аз рӯи санҷиш ва маълумоти оморӣ, нисбат ба намояндагони касбҳои дигар давомнокии умри табибон кӯтоҳтар аст. Шумораи пизишконе, ки бар асари сактаи дил мемиранд, бист баробари кишоварзонест, ки дар асари беморӣ ҷонро аз даст медиҳанд.

Ҳатто, дар пешгуфтори китоби «Ал-қонун» (қ.1, саҳ.7) навишта шудааст, ки «…ва касоне ҳам ёфт шуданд, ки бо истеҳзо мегуфтанд: «табиби номдорро бинед, ки ҳатто дарди худро дармон кардан натавонист, на «Шифо»-яш шифо бахшиду на «Наҷот»-аш ӯро аз марг наҷот дод».

Фалеси юнонӣ менависад, ки «аз ҳама доно вақт аст, чунки бо мурури замон ҳама кор ва ҳама асрорро ошкор менамояд». Ҳоло бубинед, ки он «ҷаллодони хилъатсафед», намояндагони «водии марг», новобаста ба синну сол (ҳатто донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ), ба «ҷавонмардони сафедпӯш», ба «фариштагони ҷомасафед» мубаддал гаштаанд. Ҳатто, тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ табибони тоҷикро «фариштагони наҷот» ё «лашкари сафи пеши мубориза бо «COVID-19» меноманд.

Дар ҳақиқат, замоне расидааст, ки новобаста ба касбу ҳунар, дину мазҳаб ва ҷинс ҳар шахс барои миллат ва ояндаи ватан қаҳрамонӣ намояд, то писар аз шунидани номи падар ва падар аз шунидани амали фарзанд хиҷолат накашад.

Аз хурд то калон, аз пир то барно огаҳ аст, ки аз моҳи декабри соли гузашта дар олам беморие ба вуҷуд омада, паҳн гашт, ки онро дар илми муосир коронавируси «COVID-19» номиданд. Аз 11 марти соли 2020 ТУТ онро пандемия (беморие, ки қисми зиёди аҳолии олам ба он гирифтор мешаванд) эълон намуд.

Дар мамлакат он, мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 апрели соли 2020 ба қайд гирифта шуд.

Ин санҷишест барои башар. Ҳоло даврест, ки пир ба кумаки тифл ва барно ба дастгирии солхӯрда ниёз дорад. Замонест, ки шояд хандаи тифл, ятими бечора, дуои модари барҷомонда ё амали марди сиёсатмадор ва табибе сабаби раҳоӣ аз офатҳои замон гардад. Замонест, ки ҳар фард, ҳам ба кумаки равонӣ зарурат дораду ҳам ба дастгирии молӣ. Давраест, ки бе кумаки якдигар бартараф сохтани вабо  (пандемия) номумкин аст.

Шифои дард ҷуз меҳру муҳаббат чизи дигар нест. Бинобар ин, бояд нисбат ба якдигар меҳрубон бошем. Ҳаргиз «офат»-ро ба «бизнес» табдил надиҳем.

Дӯстон, мушкилии давру замон мегузарад,

Зиндагонӣ ба ҳама суду зиён мегузарад.

Нафурӯшед зи ночорӣ яке виҷдонро,

Рӯзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад.

Духтурони тоҷик низ, новобаста ба набудани шароити зарурӣ, бе шакку шубҳа рисолатро дар назди халқ иҷро намуда истодаанд.

Ҳангоме ки ҷанговар вориди корзор мегардад, ӯ бо кадом намуди силоҳ ва бар зидди кӣ мубориза бурданашро медонад. Аммо дар набарди кунунии табибон бо коронавирус қувваҳо аз се ҷиҳат нобаробаранд. Аввалан, душман ноаён аст. Сониян, шумораи маризҳо, ки душмани ноаён дар вуҷуди онҳост, ба маротиб зиёданд. Сеюм, яроқи асосӣ (ваксина) ба муқобили душмани ноаён (коронавирус) то ҳол мавҷуд нест.

Бо вуҷуди ин, табибони ҳозиқ дар хатти пеши набард  қарор доранд ва баҳри саломатии мардум шабонарӯз дар пайкоранд.

Алҳол, бо дарназардошти вазъияти душвори баамаломада, табибон қаҳрамонони воқеии миллат маҳсуб мешаванд. Ҳар яке аз онҳо ҷони худро ба хотири аз марг раҳо кардани беморон зери хавфу хатар гузошта истодаанд. Чанде аз онҳо ҳангоми муолиҷаи беморон сироят ёфтанд, ҳатто фавтиданд.

Боиси таассуф аст, ки чанде аз табибон ба савганди Буқрот содиқ намонда, аз тарси ҷону саломатӣ тарки ҷойи кор низ карданд. Аммо боварӣ бар он аст, ки сафи ин қабил табибон дар кишвар ангуштшумор аст.

Лозим аст, ки аз кӯшишу талошҳои хастанопазири он табибоне бештар сухан ронем, ки дар асл ба касб содиқанду бо сари баланд хизмати мардумро мекунанд. Зеро ҳар як сухани неку ҳар як дастгирӣ нисбат ба табибони воқеан асилу дилсӯз онҳоро рӯҳболидаву дилгарм месозад.

Ҳамду сано ба фариштагони ҷомасафед ва ҳомиёни саломатӣ!

Шодмон АХМЕДОВ,  

муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ,

Асламшо ГУЛОВ,

мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, номзади илмҳои фалсафа