Об - асоси зиндагӣ

ТАЪХИРИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ОБИ ТОЗА

№143 (3444) 27.10.2015

ё чаро барномаҳо сари вақт иҷро намешаванд?

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015), ки соли 2014 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе доир гардид, барҳақ чунин зикр карданд: «Таҳкими робитаи мутақобилаи бахшҳои об, неру ва озуқаворӣ, рушди инфрасохтор, зиёд намудани маблағгузорӣ ва ҷоннок сохтани ҳамкорӣ дар соҳаи об тақозои таъхирнопазири имрӯза мебошанд ва онҳо саъю талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи захираҳои об тақвият мебахшанд».

Ҳамагон хуб иттилоъ доранд, ки бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо маблағгузории  лоиҳаҳоеро тасдиқ намудааст, ки ба барқарор кардани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар чандин шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Тибқи ин аснод дар ноҳияҳои марказии кишвар ва ҳамчунин дар қисмати шимоли Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Зафаробод ва Шаҳристон як силсила барномаҳо барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза, иваз намудани қубурҳои интиқоли об, парма кардани чоҳҳои амудӣ, насби обченкунакҳо ба хотири сарфаву сариштаи оби нӯшокӣ ва дигар корҳо бояд амалӣ карда шаванд. Бино ба иттилооти расмӣ хароҷоти сармоягузории ин лоиҳаҳо дар вилояти Суғд 15500000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар бобати амалӣ шудани чунин корҳои савоб таи ду-се сол ва ҳатто аз он ҳам зиёдтар дар ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои номбурда гуфтугӯ идома дорад. Банда бо мақсади то кадом андоза амалӣ шудани ин лоиҳаҳо бо муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристону Зафаробод суҳбат доштам.

Муовини раиси шаҳри Истаравшан Ӯктам Ҷӯраев гуфт, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҳанӯз моҳи ноябри соли 2012 оид ба «Барномаи беҳдошти таъминоти оби нӯшокии шаҳри Истаравшан бо дастгирии Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо барои солҳои 2012 — 2016» аз ҷониби директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов, раиси ҳамонвақтаи шаҳри Истаравшан Иброҳим Абдуллозода ва директори Корхонаи обу корези шаҳри Истаравшан Абдуқаҳҳор Маҳмудов шартнома ба имзо расида буд. Мувофиқи ин барнома, ки маблағаш 3 миллиону 286 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, қисматҳои сохтории Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», ки барои расонидани хизмати коммуналӣ, аз ҷумла таъмини об ҷавобгӯй мебошанд, барои азнавсозии хизмати обрасонӣ ва ҷудо намудани обҳои ҷоришаванда аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ карда мешуданд. Яъне, аз оғози соли 2013 мувофиқи ин барнома дар шаҳри Истаравшан корҳои азнавсозӣ ва барқароркунии дастгоҳҳои мавзеъҳои обдиҳии корхона, инчунин кофтани ҳашт чоҳи нави обкашии амудӣ, таъмир ва иваз намудани қубурҳои обгузар, обпарто, кашидани хатти интиқоли об ба нуқтаҳои манзилӣ, васл кардани ҳашт ҳазор обченкунакҳо дар ҳудуди аксари  маҳаллаҳои шаҳри Истаравшан, аз ҷумла маҳаллаҳои ба номи Лутфӣ, Боғот, Дилшод, Навоӣ, Дӯстӣ ва Суғдиён оғоз карда мешуданд.

Барои ин кор Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо ба КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо кафолати давлатӣ бояд қарзи дарозмуддат пешниҳод мекард. КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бошад, бо сармояи пешниҳодшуда идораҳои обрасонию канализатсияро маблағгузорӣ менамуд.

Ин лоиҳаҳо ҳадафи азнавбарқароркунӣ, мукаммалгардонии низоми пардохти хизматрасонӣ ва ғайраро доштанд. КДФ «Хоҷагии манзилию комуналӣ» барномаи иштироки тарафҳои манфиатдорро тавассути мушовирони техникӣ бояд дар амал татбиқ менамуд.

Ин мушовирон бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, идораҳои обу канализатсия ва дигар ҳамкорони дараҷаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ бояд дар ҳамкории зич фаъолият мекарданд. Аз ин рӯ, дар доираи ҷонибҳои ҳавасманд дар ҳар кадом шаҳру ноҳияҳо, ки шомили ин барномаҳо шуданд, Шӯроҳои машваратӣ созмон дода шуд.

- Татбиқи ин барномаҳо чанд марҳила ё модулҳоро дар бар мегирад. Марҳилаҳои маблағгузорӣ ва оғози корҳои асосӣ бояд аз модулҳои дараҷаи аввали ин барнома бошанд. Вале то ин дам, аз маблағгузорӣ оид ба оғоз кардани корҳои амалӣ дарак нест. Мушовирони ин лоиҳа дар шаҳри Истаравшан, то ҷое, ки огоҳӣ дорем, дар шаҳри Панҷакенту ноҳияҳои Шаҳристону Зафаробод низ се ҷамъомади Шӯро ва семинарҳои омӯзиширо таҳти раёсати тарафҳои манфиатдор, роҳбари гурӯҳи таблиғотии барнома хонум Мариэ Корнер ва ҷониби ҳокимиятҳои маҳаллӣ баргузор  кардаанд ва дар ин ҷамъомадҳо ба ҳозирин оид ба рафти амалишавии лоиҳаҳои мазкур, аз кадом хароҷот асос ёфтани тарофаи об, истифодаи об ва сарфа кардани он, афзалияту камбудиҳои ҳисобкунакҳо, тарзи истифодаи онҳо ва ғайра маълумот додаанд. Масалан, мо дар давраҳои аввали ин корҳои тарғиботӣ якҷо бо намояндагони ин гурӯҳи барнома дар якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чорабиниҳо дар мавзӯи «Об — манбаи ҳаёт» доир карда будем. Дар намоише, ки хонандагон барпо карданд, зиёда аз 100 расм, ки дар мавзӯи «Об ва табиати зебои диёр» аз ҷониби хонандагони синфҳои 2-5 тасвир ёфта буд, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Доир намудани чунин семинарҳои фаҳмондадиҳӣ шояд амри зарурӣ бошад. Дуруст аст, ки истеъмолкунандагон бояд аз донишҳои ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд, тарзи дурусту самаранок ва сарфакорона истифода бурдани оби нӯшокӣ ва ҳама гуна вазифаҳои вобаста ба ин масъаларо хуб донанд, вале як нукта моро ба ҳайрат меоварад: Оё мардуми бо оби нӯшокӣ таъминнабударо даъват кардан ва оид ба сарфаи об, фарҳанги обистифодабарӣ, пардохти маблағ ва ғайра маслиҳат додан кори хандаовар нест? Аз ин рӯ, ҳини иштирок дар чунин чорабиниҳо борҳо тамасхури баъзе аз сокинонро мешунидам, ки мегуфтанд: «Бача дар сафару номаш Музаффар!».

Дар суҳбати телефонӣ муовинони раисони шаҳри Панҷакент Парвиз Шодиев, ноҳияҳои Шаҳристон Шуҳрат Муҳиддинов ва Зафаробод Меҳроҷиддин Шарифов низ иброз доштанд, ки амалишавии ин барнома дар шаҳру ноҳияҳояшон айнан дар ҳамон ҳолате қарор дорад, ки дар шаҳри Истаравшан аст.

-Моҳи ноябри соли 2013 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиии шаҳри Истаравшан дар ҳудуди маҳаллаи ба номи Рустамбек мо як чоҳи обкашии амудиро ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ  мавриди истифода қарор додем. Дар натиҷа, аҳолии ин маҳалла пурра ва сокинони маҳаллаҳои ба номи Баротбеков ва «Ҳавзи морон» қисман бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд. Яъне, наздик ба ҳафт ҳазор нафар сокинон ё қариб 500 хоҷагӣ, ки зиёда аз 15 сол аз нарасидани оби нӯшокӣ азият мекашиданд, бо ин неъмати бебаҳо таъмин шуданд. Сокинони дигар маҳаллаҳо, ки барояшон оби тозаи нӯшокӣ дастрас нест, ё ки онро бо мушкилиҳо  дастрас менамоянд, аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ки дар маҳаллаҳои онҳо низ кофта, ба истифода додани чунин чоҳҳои амудиро ваъда мекунанд, ҳалли ин масъаларо талаб доранд. Мо дар ҳар як маҷлису ҷамъомадҳо ба онҳо оид ба татбиқ шудани барнома ҳарф мезанем. Мефаҳмонем, ки тибқи барнома оид ба азнавсозию барқароркунии дастгоҳҳои мавзеъҳои обдиҳӣ ва инчунин кофтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ҳашт чоҳи нави обкашии амудӣ дар қаламрави маҳаллаҳояшон амалӣ мешаванд.

Ин ҳол таи ду-се сол аст, ки идома дорад. Вале аз вақти ба имзо расидани шартнома се сол сипарӣ шуду оғози пардохти маблағҳо ва шурӯи корҳои асосӣ аз соли 2013 ба 2014, аз 2014 ба 2015 мавқуф гузошта шуда истодааст. Аз ин рӯ, мо бо директори Корхонаи обу корези шаҳри Истаравшан Абдуқаҳҳор Маҳмудов моҳи январи соли 2015 ба ҳузури директори Маркази лоиҳа Равшан Додобоев ба шаҳри Душанбе рафта, вазъи корро ҷӯё шудем. Бино ба гуфти мавсуф, интиқоли техника ва воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти зарурӣ аз рӯи ин шартнома дар семоҳаи сеюми ҳамин сол сурат гирифта, аз моҳи январи соли 2016 корҳои сохтмону васлгарӣ оид ба кофтани чоҳҳои амудӣ, азнавсозӣ ва барқароркунии таҷҳизоти  мавзеъҳои обдиҳӣ, қубурҳои оби нӯшокӣ ва қабули оби партов, кашидани хатҳои обгузар ба мавзеъҳо ва насби ҳашт ҳазор обченкунакҳо оғоз мешаванд. Дар оғози кор сухан дар бобати кофтану ба истифода додани ҳашт чоҳи амудӣ дар ҳудуди шаҳри Истаравшан мерафт. Вале бо сабабҳои ба мо номаълум имрӯз ин рақам коҳиш ёфта, ба шаш фаромадааст, — гуфт дар фарҷоми суҳбат муовини раиси шаҳри Истаравшан Ӯктам Ҷӯраев.

Об, барҳақ, гаронбаҳотарин неъмати табиат аст. Мо шукр мекунем, ки Тоҷикистони офтобии мо дорои захираҳои бузурги об аст. Аз ин рӯ, Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки пеш аз ҳама, ҳар сокини кишвари мо бо ин неъмати табиат таъмин бошад. Ба қавли Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Фақат ҳамкории мутақобилаи судманд дар соҳаи захираҳои об ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳифзи табиати минтақа, ба нафъи ҳамаи мардумони сокини он мусоидат хоҳад кард».

Мо боварӣ дорем, ки татбиқи ин барнома дар охири соли равон оғоз мешаваду то охири соли 2016 ба анҷом мерасад ва сокинони маҳаллаҳои бе об ниҳоят соҳиби ин неъмати бебаҳо мегарданд.

Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»