Таҳияи барнома оид ба канабпарварӣ тақозои замон аст

№54 (3691) 18.05.2017

Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоизашро кӯҳистон ташкил медиҳад, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин бениҳоят муҳим аст. Мақолае, ки зери унвони «Зироати пурманфиат, вале фаромӯшшуда» 22 апрели соли равон дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шудааст, ҳамин мавзӯъро дар бар мегирад.

Муаллиф ҳақ аст, ки дар сурати ба роҳ мондани канаб­­парварӣ метавон ашёи фаровону арзон барои саноати сабук ба даст овард. Аммо саволе ба миён меояд, ки дар шароити камзаминӣ барои кишти канаб майдони киштро аз куҷо ёбем? Таъкиди муаллиф дар хусуси он ки «ривоҷ додани соҳаи канабпарварӣ дар Тоҷикистон набояд аз ҳисоби маҳдуд кардани майдони пахта сурат гирад», дуруст аст. Зеро бартарии пахтакорӣ дар он аст, ки дар мамлакат якчанд корхонаи пахтатозакунӣ ва нассоҷӣ, матоъҳои пахтагин дорем. Нахи пахтаро ҳамчун ашёи хом содир намудан кам ҳам бошад, даромад медиҳад. Аммо барои гирифтани маҳсулот аз канаб корхонаҳои истеҳсоли коғаз, нах, масолеҳи сохтмон ва ғайра сохтан зарур аст, ки сармоягузориро талаб мекунад. Аз рӯи маълумоти Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз», масоҳати заминҳои обёришавандаи нишебиашон 0,4 сантиметр дар мамлакат 750- 800 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ асосан пахта, сабзавот, ғалла, полезиҳо кишт мешавад. Биноан, барои боғу токпарварӣ ва канабпарварӣ заминҳои нишебиҳояшон калонтарро истифода бурдан лозим аст. Масоҳати чунин заминҳо то ба 1 миллион гектар мерасад. Самаранокии заминҳои нишебтарро бо роҳи палсозӣ (террассозӣ) ва истифодаи обёрӣ бо усули қатрагӣ баландтар бардоштан мумкин аст. Дар ин сурат ҷойҳои зиёди корӣ фароҳам меоянд.

Барои кишти канаб хуб мешуд, ки заминҳои лалмии наздикӯҳии намнокиашон нисбатан баланд, аз қабили ноҳияҳои Муъминобод, Темурмалик, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Шаҳристон ва Деваштич истифода шаванд. Наздик будани ноҳияҳои зикршуда ба минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Суғд» бунёди корхонаҳои коғазбарорӣ, сӯзишворӣ ва ғайраро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки зимни ҳамоиши навбатии соҳибкорони Тоҷикистону Хитой ­масъалаи аз ҷониби сармоягузорони хитойӣ сохтани чунин корхонаҳо пешниҳод шавад.

Тавре дар мақолаи «Зироати пурманфиат, вале фаромӯшшуда» таъкид шудааст, ба роҳ мондани канабпарварӣ барои соҳаи кишоварзӣ ва саноати сабук имкониятҳои бузург фароҳам меорад. Боварӣ дорем, ки оянда барои тараққӣ додани ин зироат барномаи махсус таҳия хоҳад шуд.

Фаррух АБДУВОСИЕВ,

ходими пешбари илмии

Институти иқтисодиёт ва демографияи

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон