Таъмини шуғли пурмаҳсул аз масъалаҳои асосист

№56 - 57 (3850-3851) 08.05.2018

_DSC0516Бо бунёди иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла НБО-и «Роғун», дар мамлакат корхонаҳои азими саноатӣ ва истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ бунёд ва ба кор дароварда мешаванд, ки саҳми онҳо дар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ муҳим хоҳад буд. Ин нукта 30 апрели соли равон дар суҳбати гирди миз, ки бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» доир гардид, зикр карда шуд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари иҷтимоӣ буда, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кору шуғли пурмаҳсул ва дар заминаи он фароҳам овардани зиндагии шоиста ба аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Масъалаи мазкур яке аз масъалаҳои муҳиму калидӣ буда, бори аввал дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ворид карда шуд. Бо татбиқи он Тоҷикистон дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор байни кишварҳои ҷаҳон ҷойи 60-умро касб менамояд, ки муваффақияти бузург хоҳад буд. Тибқи таҳлилҳо, то соли 2030 шумораи аҳолии кишвар ба 11,5 миллион нафар ва аҳолии қобили меҳнат аз 44,2 фоизи ҳозира то ба 70 фоиз мерасад. Ҳамчунин, дар мамлакат «Стратегияи рушди бозори меҳнат то соли 2020» қабул гардидааст.

Дар ҳамоиш олимону коршиносон оид ба рушди бозори меҳнат, бо дарназардошти истифодаи самараноки иқтидорҳои дохилии кишвар, низоми бозомӯзии кадрҳо, омода намудани мутахассисони ба рақобат тобовар, ислоҳот дар низоми шуғли пурмаҳсул, ҳавасманд­гардонии шуғли пурмаҳсул, баланд бардоштани ҳиссаи шуғли расмӣ дар иқтисодиёти кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат табодули назар ва пешниҳодҳои самарабахш намуданд.

 С. Ҷамшед,

«Садои мардум»