Коррупсия, воқеан ҳам, ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Кишварҳо, новобаста аз низоми сиёсӣ ва сатҳи рушди иқтисодӣ, ба ин зуҳуроти манфур рӯ ба рӯ мебошанд. Фарқ танҳо дар гуногунии шакли коррупсия аст. Мамолики намуна низ ҳастанд, ки дар самти кам кардани коррупсия ба натиҷаҳои хуб ноил шудаанд. Зеландияи Нав, Дания, Сингапур, Гонконг, Шветсия номгӯйи нопурраи онҳо мебошад.
Албатта, шароити ҳар як кишвар аз дигараш фарқ мекунад ва наметавон таҷрибаеро носанҷида, ба таври автоматӣ ҷои дигар истифода намуд. Сарфи назар аз ин, таҷрибаи мусбати баъзе аз онҳоро метавон ба шароити Тоҷикистон мутобиқ ва дар амалия истифода кард.
Дар «Ғиёс-ул- луғот» омадааст: «ришват- он чӣ ба касе диҳанд, то корсозии баноҳақ кунад ва дар форсии қадим онро пора гӯянд». Воқеан, дар миёни мардуми тоҷик бештар истилоҳҳои «пора», «порахӯр» маъмул аст.
Дар ҷаҳони муосир зимни таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд. Дар санади СММ мафҳуми «коррупсия» чунин шарҳ дода шудааст: «Коррупсия — суиистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад». Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» таърифи коррупсия ба таври зайл аст: «Коррупсия — ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробаркардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд».
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз хизматчиёни давлатӣ талаб карда мешавад, ки дар бораи моликияти ғайриманқулу қарздиҳандагон, оила ва ҳатто кӯдакони хурдсолашон хабар диҳанд.
Дар Сингапур мубориза бо коррупсия аз тағйири қонунгузорӣ оғоз гардид. Соли 1960 Санади пешгирии коррупсия (Prevention of Corruption Act — РОСА) қабул шуд. Пеш аз таъсиси мақоми махсус — Агентии мубориза бо коррупсия (АМК), директори он мустақиман ба сарвазир итоат мекард.
РОСА якчанд монеаи асосиро дар самти мубориза бо коррупсия аз миён бардошт. Аввал ин ки таърифи дақиқ ва пурраи коррупсияро пешниҳод кард. Порахӯрон дигар наметавонистанд дар шакли туҳфаҳо «мукофотпулӣ» гирифта, дар паси номуайяниҳо ва духӯрагиҳои моддаҳои қонун пинҳон шаванд.
Дувум, РОСА кори Агентии мубориза бо коррупсияро танзим намуда, ба он мақом, салоҳият ва ваколатҳои васеъ дод.
Сеюм, РОСА муҳлати аз озодӣ маҳрум карданро барои порахӯрӣ зиёд намуд. Ин то андозае дастони Агентиро озод кард. Вай иҷозат гирифт, ки порагирони потенсиалиро дастгир намояд, дар хонаҳо ва ҷои корашон кофтуков анҷом диҳад, ҳисобҳои бонкиашонро тафтиш кунад ва ғайра. Он дорои се шуъба — оперативӣ, маъмурӣ ва иттилоотӣ буд. Ду шуъбаи охир, ба ғайр аз дастгирии кори оперативӣ, масъули «тозагии» сафҳои соҳаи хизмати давлатӣ буданд.
Хизматчии давлатӣ дар Сингапур уҳдадор аст, ки ба ғайр аз декларатсияи молу мулк дар бораи қарздор набудани худ ҳар сол декларатсияи махсус пешниҳод намояд. Чунин ҳисобида мешавад, ки хизматчии давлатии дар қарз ғӯтида, уҳдадории хизматиро ба ивази фоидаи шахсӣ иҷро нахоҳад кард. Агар дар декларатсия хизматчии давлатӣ маълумоти дурӯғ пешниҳод кунад, аз кор озод мешавад.
Баъдан ба қонунгузории Сингапур чанд иловаю тағйирот дохил карда шуд. Масалан, соли 1989 мусодираи молу мулк ҷорӣ гардид. Чораҳои қатъӣ натиҷаи хуб доданд ва ҳукуматдорон тасмим гирифтанд, ки ба марҳилаи дуюми мубориза бо коррупсия — марҳилаи «мулоим» гузаранд.
Ҳукумат ҷиддан ба кори баланд бардоштани сифати хизмати давлатӣ пардохт. Маоши хизматчиёни давлатиро хеле баланд бардошт. Ҳоло маоши моҳонаи шахсони баландрутбаи давлатӣ то ба 20-25 ҳазор доллар мерасад. Аъзои парламент ва аҳолӣ дар ибтидо ба ин қарор бо назари шубҳа нигоҳ мекарданд, вале сарвазир ба таври оммавӣ ва ошкоро зарурати онро фаҳмонд. Дар парламенти кишвар соли 1985 зимни пешниҳоди ҳисобот оид ба зарурати афзоиши хароҷот барои фаъолияти дастгоҳи давлатӣ сарвазир гуфт: «Ман яке аз баландтарин маошгирандагон ва эҳтимолан яке аз камбизоаттарин сарвазирони ҷаҳони сеюм мебошам. Роҳҳои гуногуни ҳалли масъала вуҷуд дорад. Ман бошам, роҳи худамонро, дар доираи иқтисоди бозорӣ пешниҳод мекунам, ки роҳи рост, ошкоро, боварибахш ва татбиқшаванда аст. Агар шумо ба ивази он мехоҳед риёкориву мунофиқиро пеш гиред, бо дурӯягӣ ва коррупсия рӯ ба рӯ мешавед».
Ҳукумат қатъӣ тасмим гирифт, ки на танҳо маоши хизматчии давлатиро баланд бардорад, балки касби хизматчии давлатиро соҳибэҳтиром гардонад. Хизматчии давлатӣ ҳақ надорад ҳеҷ гуна туҳфа ба шакли пул ва ё дар дигар шакл аз одамоне, ки бо онҳо дар муносибати корӣ қарор дорад, ба даст биорад. Агар туҳфаро рад карда натавонад (масалан, мувофиқи протоколи сафари ҳайати хориҷӣ), ӯ метавонад туҳфаро бигирад, аммо зуд онро бояд ба раиси департаменти худ бисупорад. Дар асл хизматчии давлатӣ метавонад туҳфа бигирад, ба шарте ки арзиши онро пешакӣ аз рӯи нархи шуъбаи муҳосибот муайяннамуда пардохт намояд.
Дар Сингапур дар сатҳи давлатӣ усули мериократия тарғиб мегардад. Бо ин усул роҳ ба сӯи мансабҳои баландтарин ба рӯи боақлтарин, боистеъдодтарин шахсон, ки тафаккури пешрафта доранд, кушода мешавад. Ба ин кор Агентии мубориза бо коррупсия масъул аст. Ҷалб кардан ба хизмати давлатӣ ҳанӯз дар мактаб оғоз меёбад. Агентии мубориза бо коррупсия элитаи ояндаро ҳамеша роҳнамоӣ мекунад. Яъне, ёрӣ мерасонад, ки ба донишгоҳҳо дохил гарданд, барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ ба хориҷа раванд, барои дастовардҳояшон ҳавасманд гардонда шаванд. Ҳамин тавр, соҳаи хизмати давлатӣ бо мутахассисони дорои донишҳои нав, тафаккури нав пурра мешавад. Ҳамин гуна мутахассисон ба Агентии мубориза бо коррупсия ворид шудаанд. Ин раванд дар шароити фишори ҷиддӣ ба порахӯрону ришваситонон идома дорад.
Сиёсати «қамчин ва кулчақанд», ки дар мамлакат пеш гирифта шуд, натиҷаи хуб ба бор овард, сатҳи коррупсия дар Сингапур чанд маротиба поин омад. Ҳоло хизмати давлатии Сингапур яке аз самараноктарин ва баландмаоштарин дар ҷаҳон аст. Маоши хизматчиёни давлатӣ назар ба маоши ҳамтоёни худ дар ИМА баландтар аст. Таҷрибаи Сингапур ва баъзе аз кишварҳои дигар исбот мекунад, ки рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини рақобати солими ҳизбӣ, ташаккули ВАО-и мустақили сиёсию иҷтимоӣ, низоми судии мустақил, муносиб сохтани низоми андозбандӣ, сиёсати давлатии кадрҳо, ротатсияи кадрҳо, халос шудан аз номуайяниҳо ва духӯрагӣ дар қонунгузории миллӣ, ҷалби аҳолӣ ба маъракаи мубориза бо коррупсия, ташкили мониторинги доимии коррупсия дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайра роҳҳое мебошанд, ки метавонанд мубориза бо коррупсияро дар мамлакат бештар самаранок намоянд.
Хушбахтона, дар Тоҷикистон доир ба он шеваҳои мубориза, ки зикр гардид, кор идома дорад ва бовар аст самараи бештар ба бор хоҳад овард.
Н. АҲМАДЗОДА, нозири шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе