Таъсиси нахустин Портали савдо дар Осиёи Марказӣ

№49 (3999) 02.05.2019

ПорталБисту шашуми апрели соли равон маросими ифтитоҳи Портали савдои Тоҷикистон баргузор шуд.

 

Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки он аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо кумаки молиявии Ҳукумати Конфедератсияи  Швейтсария ва дигар шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи рушди СММ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди истифода қарор гирифт. Номбурда зикр кард, ки ин иқдом бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба тақвияти  иқтидори содирот ва содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуд.

Зикр гардид, ки Портали савдои Тоҷикистон  таҷрибаи нахустин дар фаъолияти савдои хориҷии кишвар буда, ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд имкони гирифтани маълумотро вобаста ба расмиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ фароҳам оварда, аввалин дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Зимни чорабинӣ ба воситаи навори видеоӣ Портали савдои Тоҷикистон муаррифӣ гардида, масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Дафтари барномаи ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон, Маркази тиҷорати байналмилалӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Барномаи рушди СММ дар мавзӯи «Рақамикунонӣ ва содагардонии расмиёти савдо бо ҳадафи пешбурди самараноки тиҷорат»  андеша баён намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»