18 август - Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Табиби масеҳодам

№98 (4048) 15.08.2019

c2ae4«Ҳастӣ барои фоида расонидан ба дигарон аст, вагарна ин ҳастиро дар ботин инкор мебояд кард». Ин ҳикматро бори аввал дар таърихи башарият орифони бузург тарғиб намудаанд. Донишмандон тавассути осори пурҳикмат мардумро дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбия намуда, саҳми нобиғагони тоҷик дар ташаккули фарҳангу ахлоқи аҳли башар бузург аст. Намунаи барҷастаи ин табиби нотак­рор Шайхурраис мебошад.

Номбурда умри пурбаракати худро пурра сарфи илм намуда, дар муддати начандон зиёд тавонист асрори нуҳуфтаи илми тибро ошкор намояд ва барои табибони оянда роҳ кушояд. Ҳолиё асарҳои гаронарзиши Сино дар маъруфтарин донишгоҳҳои дунё мавриди омӯзиш қарор доранд.

Ӯ донандаи хуби илмҳои ситорашиносӣ, кимиё, геология, мантиқ, математика, физика ва фалсафа буда, шоир, равоншинос, табиатшинос ва муаллими беҳамто маҳсуб мешавад.

Муҳаққиқон бар онанд, ки вай беш аз 450 рисолаи илмӣ таълиф намудааст. Мутаассифона, аз ин теъдод танҳо 274 рисолаи илмӣ маҳфуз мондаанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «Ал-Шифо» ва «Ал-Қонун фит-тиб» буда, то кунун дар донишгоҳҳои Аврупо низ мавриди истифода қарор доранд.

Абӯалӣ ибни Сино аз таҷрибаҳои худ, тибби исломӣ, метафизикаи Арас­ту, илми тибби Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима баҳра бардошта, пешоҳанги тиб ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Ғайр аз ин, ӯ дар омӯхтани мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро, ҳамчунин «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора ибрози назар намуда, гуфтаанд, ки шинохти шахсияти Ибни Сино, як тан аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик имкон дорад, ки ба идеологияи ваҳдати миллӣ ва худшиносии тоҷикон мусоидат кунад. Сарвари давлат аз ҷумла таъкид кардаанд, ки: «Осори адабии ӯ бо забони форсии тоҷикӣ, арабӣ дар пешрафти адабиёти тоҷику форс ва ташаккули забони мо нақши барҷаста дорад. Бояд гуфт, ки дар қарни X милодӣ дар хонадони тоҷик ба дунё омадани нобиғае ба мисли ибни Сино амри тасодуф нест. Зеро замони зиндагонии Абуалӣ ибни Сино яке аз давраҳои тиллоии адабиё­ту фарҳанги мо буд, ки давлатдории Сомониёнро шуҳрати ҷаҳонӣ додааст».

Дар таърихи тамаддуни башарӣ ба монанди китоби «Ал-Қонун фит-тиб» -и Сино кам китобро дидан мумкин, ки садсолаҳо ва ҳатто аз он беш ба оламиён, сарфи назар аз тафовути забону миллат, расму оин, дину мазҳаб, нажоду иқлим ва ғояву ҷаҳонбинӣ, хизмат карда бошад.

Мардуми тоҷик аз қадим гиёҳдармониро чун василаи самарабахши табобати бемориҳои гуногун истифода мекард. Донишмандони тоҷик, ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абумансури Муваффақ, Ҳаким Майсарӣ ва дигарон бо осори пурбаҳо пойдевори соҳаи тибро гузошта, асоси рушди гиёҳдармониро ба вуҷуд овардаанд. Шоҳасарҳои ин бузургон, аз ҷумла, «Ал-Қонун фит-тиб»-и Ибни Сино, «Донишнома»-и Ҳаким Майсарӣ, «Гиёҳнома»-и Абумансури Муваффақ, «Тиб»-и Юсуф Ҳусайни Шерозӣ илми тибро ба пояи баланд расонида, то ҳол китоби рӯимизии донишмандони соҳа дар тамоми ҷаҳонанд.

Ибни Сино гуфтааст: «Табибу бемор барои ҳосил кардани тафоҳуми комил ниёзманди як забони муштараки бисёр буррои тиббианд. То бо ёрии он табиб донишу маҳорат ва бемор дарди худро ба хубӣ ба якдигар баррасӣ карда тавонанд. Табибе, ки инсоншинос нест, забони бемори худро хуб намедонад ва ба аъмоқи қалби ӯ сар дароварда, аз ҳоли олами ботинии ӯ огоҳи пайдо намекунад, аз донишу маҳорати ӯ чӣ суд?».

Бемор набояд ҳамчун бемори асримиёнагӣ дар панҷаи беморӣ моту мабҳут монад, балки фаъол бошад, бо маълумоти дақиқи худ табибро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад, дар паҳлуи табиб истода, ба муқобили беморӣ ҷангад ва дар ҳама ҳолат мададгори табиб бошад. Бемор вақте табибро ёрӣ расонида метавонад, ки аз ҳоли тани худ огоҳии комил дошта бошад, дарди худро сари вақт ба таври дақиқ ва бурро ифода карда тавонад ва табибро бо маълумоти дурӯғ гумроҳ насозад. Тафоҳум нафақат барои шинохтани беморӣ зарур аст, балки барои муолиҷаи бемориҳои асрӣ, ки сабаби аксари онҳо эмотсионалӣ-иҷтимоист, ягона доруи безарари универсалист.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», иди касбӣ – «Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон» зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбӣ — Рӯзи кормандони тиб ҳар сол 18 август ҷашн гирифта мешавад.

Хеле рамзӣ ва муҳиму муфид аст, ки бо бузургдошти Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин беҳдошти саломатӣ ва рӯҳу равони худро маҳаки асосии зиндагӣ қарор медиҳем.

Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА,

ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор