Табибон намерасанд

№ 03.08.2017

Дар ноҳияи Лахш соҳаи тандурустӣ сол то сол рушд меёбад, аммо ҳанӯз мушкилот хеле зиёд аст. Айни ҳол дар ноҳия 61 муассисаи тиббӣ, 6 маркази махсуси профилактикӣ фаъолият менамоянд.

Як мушкили асосии соҳа норасоии мутахассисони баландихтисос, аз қабили духтурони бемориҳои занона, кӯдакона, касалиҳои дарунӣ, гематолог, кардиолог, рентгенолог, офталмолог ва ғайраҳо мебошад.

Мушкили дигари соҳа мавҷуд набудани бинои махсус барои шуъбаи бемориҳои сироятии беморхона ва маркази бемориҳои сил аст. Муассисаҳои мазкур дар маҳалли аҳолинишин, наздикии бинои маъмурии Ҷамоати деҳот ва кӯдакистон ҷойгир аст, ки хатари паҳнгардии касалиҳои сироятиро ба вуҷуд меорад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»