Тадбирандешӣ мебояд, на «обсофкунӣ»

№90 (3884) 26.07.2018

DSC_9601Сохторҳои дахлдор эътироф карданд, ки афзоиши нархи сӯзишворӣ дар мамлакат сунъӣ набуда, ба омилҳои берунӣ алоқаманд аст. Сабаби асосии болоравии нархи сӯзишворӣ ба афзоиши қимати он дар ҷаҳон, махсусан Россия ва Қазоқистон, вобаста аст. Бинобар боло рафтани нархи нефт дар биржаи Санкт-Петербург нархи сӯзишворӣ дар кишвар низ афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора Назар Одиназода, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, илова намуд, ки: «наметавонем ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нефтиро маҷбур созем то маҳсулотро аз нархи воридотӣ арзон фурӯшанд».

Тибқи маълумоти дастрасшуда, талаботи солона ба масолеҳи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 890 ҳазор тонна мебошад, ки ин нишондиҳанда аз 400000 тонна бензин, 680000 тонна сӯзишвории дизелӣ, 250000 тонна гази моеъ таркиб ёфтааст. Айни замон ба воридоти он 204 ширкати хурду бузург ва соҳибкорони инфиродӣ машғуланд.

Мутаассифона, доир ба ин масъала маълумоти аз ҷониби сохторҳои марбута пешниҳодшуда кофӣ нест ва маҳз мавҷудияти холигоҳи иттилоотӣ боиси пайдо шудани сару садоҳо, аз ҷумла «саҳм» доштану манфиатдор будани ширкатҳои асосии воридкунандаи ин намуди маҳсулот ба болоравии нарх гардидааст. Табиист, ки маълумоти ғайрикофӣ аҳли ҷомеаро то андозае гумроҳ намуда, самаранокии иқдомоти Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои марбута ва ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нефтиро зери суол мебарад. Аз ин хотир, хостем, ки шарҳи ин масъаларо аз масъулин дастрас ва пешниҳод намоем. Вале аксарият аз тавзеҳи ҳолати баамаломада худдорӣ карданд, ки ин ҷо овардани «сабаб»-ҳоро ҷоиз намедонем. Масъулини яке аз ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нефтӣ бо шарти ифшо накардани ном гуфт, ки «бояд дуруст дарк намоем, ки нефт ашёи хом аст, ки дар заминаи истифодаи неруи зиёди корӣ ва техникаву технология аз он маҳсулот истеҳсол мегардад. Дар баробари коркарди нефт интиқол, барасмиятдарории гумрукӣ, гузаронидан аз назорати сохторҳои марбутаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҷойгиркунонӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ низ аз ҷумлаи хароҷоти иловагӣ маҳсуб ёфта, танҳо баъд аз анҷоми ин муқаррарот ба муштариён пешниҳод мегардад. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 40 фоизи нарх ба арзиши аслии нефт умуман рабт надорад ва ба нукоти дар боло зикршуда вобаста аст.

Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки айни замон қисми зиёди маҳсулоти нефтӣ маҳз аз Федератсияи Россия ба мамлакат ворид шуда истодааст. Дар робита ба ин, савол додем, ки чаро масъулин барои ба роҳ мондани воридоти ин намуди маҳсулот аз кишварҳои дигар, ба мисли ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон иқдом наменамоянд?

Доир ба ин масъала масъулини ширкатҳои азими воридкунандаи ин намуди маҳсулот муътақиданд, ки дар шароити кунунӣ анҷоми ин амал, қариб ки ғайриимкон аст. Дар кишварҳои зикршуда бо вуҷуди доштани захираҳои зиёди нефт, коркарди он ба андозае нест, ки онро тавонанд ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ҷумҳурии мо содирот кунанд. Барои мисол, Ҷумҳурии Туркманистон қисми зиёдатии маҳсулоти истеҳсолнамудаашро бо дарназардошти манфиати бештар доштан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот менамояд. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қариб тамоми воситаи нақлиёт ба воситаи гази табиӣ ҳаракат мекунанд ва ин гувоҳи он аст, ки ин кишвар имкони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон содирот намудани маҳсулоти нефтиро надорад. Дар Ҷумҳурии Қазоқис­тон бо вуҷуди зиёд будани захираҳои нефт, коркарди он то ҳадди ниҳоӣ ба таври густурда ба роҳ монда нашудааст. Ин аст, ки кишвари мазкур ҳар сол аз Федератсияи Россия бензин ворид менамояд. Рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки танҳо соли гузашта воридоти бензин аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Қазоқистон 2 миллион тоннаро ташкил додааст.

Аз суҳбат бо ашхоси огоҳ маълум гардид, ки болоравии арзиши маҳсулоти нефтӣ асосан ба фасли тобистон хос аст, зеро дар ин мавсим корхонаҳои бузурги истеҳсолкунандаи ин намуди маҳсулот бинобар гузаронидани корҳои профилактикӣ фаъолиятро як муддат мутаваққиф менамоянд ва бо ин сабаб камчинии маҳсулот ба миён меояд.

Ин аст чанд сабабе, ки боис ба болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти нефтӣ шудааст. Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки вазъияти баамаломада ҳамоҳангиро тақозо дорад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло санги маломат задан ба сари ширкатҳои мавқеи ҳукмфармоидошта мантиқан нодуруст буда, онҳоро бо роҳҳои имконпазир ва аз лиҳози қонунгузорӣ қобили қабул дастгирӣ бояд кард. Зарур аст, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт фаъол гардад. Дар маҷмӯъ, масъулини сохторҳои зиддахли давлатиро мебояд якҷо бо ширкатҳои бузурги воридкунандаи маҳсулоти нефтӣ пайи муътадил намудани нарх чораандешӣ кунанд, зеро рисолати онҳо тадбирандешист на «обсофкунӣ».

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»