Шарҳи мутахассис

Такмили қонунгузорӣ ва таъсиси сохтори алоҳида тақозои замон аст

№82 (3719) 11.07.2017

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба вилояти Хатлон моҳи майи ҳамин сол қайд карданд, ки захираҳои бузург ва имкониятҳои вилоят то ҳол пурра истифода намешаванд ва барои ҳал намудани мушкилиҳо дар ин самт бояд чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Дар ҷумҳурӣ майдонҳои зиёди дорои нефту газ, аз ҷумла дар ҷануб зиёда аз 150 ва дар шимол қариб 100 адад, мавҷуд аст. Майдонҳои асосии аз лиҳози нефту гази ояндадори ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд, ки аз тарафи сармоягузорон дар онҳо кор рафта истодааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки баъзе сармоягузорон барои зиёда аз 50 майдон иҷозатнома гирифтаанд. Масалан, Ширкати канадагии «Тэтис» барои корҳои ҷустуҷӯйӣ дар 56 майдон иҷозатнома гирифтааст. Ин маънои онро дорад, ки «Тэтис» метавонад ин майдонҳоро дар тӯли 200 – 300 сол аз худ намояд. Ширкати «Тэтис» якҷоя бо ширкатҳои «Тотал», «СНПС» ва «Газпром» аз соли 2005 корҳои геологӣ – иктишофиро дар вилояти Хатлон бо харҷи зиёда аз 500 миллион доллари ИМА гузаронидаанд. Мутаассифона, онҳо ягон кони нав кушода натавонистанд ва бо сабаби номаълум корҳоро қатъ намуданд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 супориш дода шудааст, ки аз ҷониби сармоягузорон иҷро намудани шартҳои қарордод таҳти назорати доимӣ гирифта шуда, дар сурати аз ҷониби сармоягузор иҷро нагардидани шарту талаботи қарордод чораҳои дахлдор ҷиҳати бозхонди иҷозатномаҳои онҳо дида шаванд.

Барои таъмини Заводи коркарди нефти Данғара бо нефти худӣ дар навбати аввал аз қитъаи кӯҳии Ширкати «Тэтис» хориҷ намудани 70 адад майдоне лозим мебошад, ки ширкати зикршуда барои анҷоми кор дар онҳо иҷозатнома надорад.

Ёдовар мешавем, ки комиссияи кории байниидоравӣ дар ҳайати намояндагони Вазорати энергетика ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геология, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 инвентаризатсияи кону майдонҳои ҷануби ҷумҳуриро гузаронида, ба хулоса омадаанд, ки 70 майдоне, ки Ширкати «Тэтис» барои онҳо иҷозатнома надорад, бояд аз қарордоди Ширкати «Тэтис» бароварда шаванд.

Ин майдонҳоро ба сармоягузорони нав, ки дар ҳақиқат, нияти маблағгузорӣ кардан, кушодани конҳои нав ва истихроҷи нефту газро доранд, додан лозим аст. Чунин сармоягузорон аз Аврупо, мамлакатҳои Араб, Шарқи Дур ва Шарқи Наздик хоҳиши кор кардан дар бахши нефту гази Тоҷикистонро доранд.

Умуман, мо метавонем дар солҳои наздик истихроҷи нафту газро дар мамлакат баланд бардорем. Барои ин чорабиниҳои зеринро амалӣ намудан лозим аст:

1. Барои сармоягузорон муҳайё сохтани шароити баробар, додани имтиёз, озод кардан аз пардохтҳои давлатӣ ҳангоми гузаронидани корҳои геологӣ – иктишофӣ.

2. Бонус низ бояд бекор карда шавад, чунки сармоягузорон тасмимро оид ба ин масъала бо хавфи зиёд мегиранд. Бонус набояд барои ҷалби сармоягузорон ба истихроҷи нефту гази Тоҷикистон монеа бошад. Барои бонуси ночиз мо набояд вақт ва сармоягузорро аз даст диҳем, ки метавонад ба ҷумҳурӣ миллионҳо доллар фоида орад. Ҳамчунин, зарур аст, ки раванди гирифтани иҷозатнома то 2 — 3 моҳ кӯтоҳ карда шавад.

3. Бояд барномаи рушди соҳаи нефту газ барои 5 — 10 соли оянда таҳия карда шавад.

4. Санаде қабул карда шавад, ки мувофиқи он ба сармоягузорон имтиёз дода, онҳо уҳдадор карда шаванд, ки дар муҳлати муайян конҳои нави нефту газ кушоянд. Тибқи маълумоти дастрасшуда лоиҳаи чунин санад мавҷуд аст.

5. Сохтори алоҳидаи идоракунии соҳаи нефту газ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Ин имкон медиҳад, ки ҳаҷми корҳои ҷустуҷӯйӣ – иктишофӣ зиёд гардида, базаҳои истеҳсолӣ ва моддӣ- техникии саноати нефту газ барқарор, ҷиҳозонида ва мутахассисони соҳа омода шаванд. Муҳимтар аз ҳама, он минбаъд аз ҳисоби худ метавонад истихроҷи нефту газро дар ҷумҳурӣ сармоягузорӣ намояд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, метавонем дар солҳои наздик саноати истихроҷи нефту гази ҷумҳуриро эҳё ва эҳтиёҷоти мамлакатро ба нефту газ қонеъ намоем. Барои расидан ба ин ҳадаф замина мавҷуд аст, вале танҳо азми қавӣ ва нияти нек лозим аст.

 Н. МАЛИКОВ, собиқадори соҳаи нефту газ, роҳбари Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикнафт» дар солҳои 1981 — 1988