22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии об

Талаботи ҳаррӯза ба об дар ҷаҳон 7-8 миллиард тонна аст

№36-37 (3880-3831) 20.03.2018

Об1. Заминро «Сайёраи кабуд» ҳам мегӯянд, зеро 70 фоизи қабати болоии онро об пӯшондааст. Аз ин миқдор 2,5 фоизро оби тозаи ошомиданӣ, 97,5 фоизро обҳои шӯри баҳру уқёнусҳо ташкил мекунанд. Танҳо 0,3 фоизи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ дар дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо мавҷуданд, 30 фоизи дигар обҳои зеризаминӣ мебошанд. Қисми зиёди оби тоза аз пиряхҳо сарчашма мегиранд. Ба одамон танҳо як фоизи захираҳои оби тозаи рӯизаминӣ ва зеризаминӣ дастрас аст.

2. 60 — 70 фоизи вазни холиси мавҷудоти зиндаро об ташкил медиҳад ва он барои фотосинтез зарур аст. Тахминан аз се  — ду ҳиссаи бадани иaнсон аз об иборат аст. Баъзе аз узвҳои бадани одам обро бештар фаро мегиранд. Масалан, 70 фоизи пӯсти бадани инсонро об ташкил мекунад.

3. Одам бе хӯрок метавонад як моҳ зиндагӣ кунад, аммо бе об на бештар аз 7 рӯз.

4. Қисми зиёди растанӣ ва ҳайвоноти рӯйи замин дар муҳити обӣ умр ба сар мебаранд.

5. Агар талаботи яксолаи ҷаҳон ба захираҳои маъданӣ 7 — 8 миллиард тонна бошад, талаботи ҳаррӯза ба об низ ҳамин миқдор аст.

6. Дар соҳаи кишоварзӣ аз ҳама зиёд об истифода мешавад. Дар як сол барои обёрӣ кардани 1 га замин 4200 км3 об сарф мешавад. Аз чор се ҳиссаи ин миқдор об бебозгашт нест мегардад. Барои ба даст овардани 1 тонна гандум — 1,5 тонна, 1 тонна биринҷ — беш аз 7000 ва барои истеҳсоли 1 тонна пахта қариб 10 000 тонна об сарф мешавад. Барои истеҳсоли орде, ки аз он як нони 400 — грамма пухта мешавад, 550 литр об зарур аст. Гов барои омода кардани 1 литр шир бояд 4 литр об нӯшад. Як килограмм гӯшти гов бо сарфи 1600 литр об ба даст меояд.

7. Вобаста ба афзоиши аҳолии кураи замин талабот ба об ҳам зиёд мешавад. Тибқи баҳогузориҳо, то соли 2030 барои таъмини аҳолии афзоишёбандаи ҷаҳон бо ғизо, ҳаҷми обро барои майдонҳои кишоварзӣ 14-17 фоиз бояд афзоиш дод.

8. Ҳангоми шустушӯ дар 5 дақиқа шумо 100 литр обро истифода мебаред, агар ба ванна об андозед -150 то 200 литр масраф мешавад. Аз ҷумакҳои кушода дар як соат 1000 литр об мерезад. Мошини зарфшӯйӣ дар як шабонарӯз 36 — 48 литр обро сарф мекунад, дар ҳоле ки агар дастӣ ин кор анҷом дода шавад, 8 литр об масраф мегардад.

9. Аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳое зиндагӣ доранд, ки об камчин, яъне талабот ба об аз захираи обӣ зиёд аст. Аз ҷумла, 90 фоизи сокинони ҷанубу ғарби Осиё аз нарасидани об танқисӣ мекашанд. Дар ин минтақа талабот ба об аз захираи мавҷуда 10 фоиз зиёд аст.

10. Обҳои ифлосшудаи рӯизаминӣ дар як сол ба саломатии 1,2 миллиард одам таъсири манфӣ мерасонанд. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ 80 фоизи бемориҳо аз тариқи оби нӯшокӣ сар мезананд ва сабаби марги одамон низ мегарданд.

11. Соли 2025 хароҷоти таъмини аҳолии рӯи замин бо оби безарар ва воситаҳои асосии санитарӣ — техникӣ 180 миллиард долларро ташкил мекунад, ки аз маблағгузории имрӯза ду — се маротиба зиёд аст.

12. Дар мамлакатҳои тараққикарда истифодаи ҳаррӯзаи оби тоза нисбат ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ 10 маротиба зиёд аст. Аз ҷумла, дар Британияи Кабир дар як шабонарӯз як одам ба ҳисоби миёна 135 литр обро сарф мекунад. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ин рақам 10 литрро ташкил медиҳад.

13. Дусад олим аз 50 кишвар нарасидани оби тозаро баъд аз тағйирёбии иқлим дуюмин проблемаи ҷиддии ҳазорсолаи нав номидаанд. Аз соли 1950 ҳаҷми истифодаи об дар ҷаҳон беш аз се маротиба афзоиш ёфтааст. Агар вазъият чунин идома ёбад дар 20 соли наздик истифодаи об аз ҷониби одамон 40 фоиз зиёд мешавад.

14. Сабаби асосии ба миён омадани проблемаи об на аз кам будани он, балки аз идораи нодурусти захираҳои обӣ мебошад. Дар шаҳрҳо то 50 фоиз, дар деҳот 60 фоизи об барои тозакунӣ сарф мегардад ва ё бухор мешавад.

15. Дар ИМА барои истеҳсоли коғазе, ки барои чопи газетаи якрӯза лозим аст, 1200 миллион литр об масраф мешавад.

16. Боришоти аз ҳама кам дар Арика (Чили) ба қайд гирифта шудааст. Дар он ҷо ҳисоби миёнаи боришоти солона, дар 59 сол, 0,8 мм-ро ташкил дод. Боришоти аз ҳама зиёд дар Ллора (Колумбия) ба қайд гирифта шудааст.

17. Як асри охир дар ҷаҳон 50 фоизи ботлоқзорҳо, ки манбаи обӣ маҳсуб меёбанд, аз байн рафтаанд.

18. Нил дарёи дарозтарин (6671 км) дар ҷаҳон аст. Бузургтарин ҳавзаи дарё дар ҷаҳон ҳавзаи дарёи Амазонка мебошад, ки дар 6145186 км2 доман паҳн кардааст. Яке аз қадимтарин кӯлҳо Байкал мебошад (25 миллион сол), ки дар қисми ҷанубу шарқии Сибир ҷойгир аст ва то 1700 м чуқурӣ дорад. Дар он 20 фоизи захираи оби тозаи ошомидании ҷаҳон ҷамъ шудааст.

19. Аз охири соли 1800 ҳарорати миёнаи болои замин 0,6ОС баланд шудааст. Олимон тахмин мекунанд, ки то соли 2100 ҳарорат 1,4 — 5,8ОС, ҳаҷми оби дарёҳо 9 — 88 см баланд хоҳад шуд. Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим эҳтимол аст, ки ҳодисаҳои нохуши табиӣ, ба монанди обхезӣ, ярчфуроӣ, тӯфону сиклонҳо зиёд шаванд.

20. 22 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии об барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ҷиҳати мусоидат ба масъалаи ҳифз ва тоза нигоҳ доштани оби тоза, аз ҷониби иштирокчиёни Конференсияи СММ оид ба муҳити атроф ва рушд, моҳи июни соли 1992 дар шаҳри Рио де — Жанейро тасдиқ карда шуд.

Таҳияи Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»