Мутахассис пешниҳод менамояд

Тартиби баҳисобгирӣ такмил мехоҳад

№117 (3754) 03.10.2017

agroforum2 копия копияСоҳибкории инфиродӣ, яъне агробизнеси хурд, симои сохтори ташкилию ҳуқуқии соҳаи кишоварзиро куллан тағйир дода, дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ тадриҷан саҳм мегузорад. Дар натиҷаи такмили сохтори соҳаи кишоварзӣ, мутобиқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 июли соли 2017 дар ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 174853 расидааст. Шумораи соҳибкорони инфиродии агробизнеси дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда низ зиёд гардидааст. Муҳайё кардани шароити боз ҳам хубтар имконияти зудтар равнақ ёфтани онҳоро фароҳам меорад ва барои ноил шудан ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон 22 декабри соли 2016 ёдовар шуданд, ки «дар самти фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузории мустақим ва дастгирии соҳибкорӣ ҳоло ҳам баъзе монеаҳои сунъии маъмурӣ ба назар мерасанд. Вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ талаб манамоянд, ки ба соҳибкорон имтиёзҳои бештар пешниҳод карда шаванд».

Имтиёзҳои андозӣ аз ҷумлаи афзалиятҳое мебошанд, ки мутобиқи Кодекси андоз ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба андозсупорандагон дода мешаванд. Онҳоро аз рӯи моҳият ба гурӯҳҳои сифатӣ ва миқдорӣ тақсим кардан мумкин аст.

Ба имтиёзҳои сифатӣ тартиби ташкили андозбандии афзалиятнок (низомҳои махсус ва имтиёзноки андозбандӣ) ва низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ дохил мешаванд.

Имтиёзҳои миқдорӣ бошанд, мазмунан бо имконияти напардохтан, дар ҳаҷми кам пардохтан ё дар муҳлати нисбатан дертар супоридани андозҳо алоқаманданд.

Ҳоло ба хоҷагиҳои деҳқонӣ якчанд имтиёз дода шудааст, аз ҷумла бархӯрдор будани онҳо аз низомҳои махсуси андозбандӣ, пеш аз ҳама, андози ягона ва истифодаи низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ.

Андози ягона дар соҳаи кишоварзӣ шакли содакардашудаи пардохти баъзе намудҳои андоз дар якҷоягӣ мебошад, ки дар ҳолати вуҷуд надоштани он хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд пардохт мекарданд. Муродифи ибораи «андози ягона» мутобиқи Кодекси андоз «низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ» мебошад.

Яъне, пардохти андози ягона фақат нисбат ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Мафҳуми «маҳсулоти кишоварзӣ» дар Кодекси андоз чунин муайян гардидааст: «Натиҷаи ибтидоии (маҳсули) парвариши растаниҳои кишоварзӣ, чорво ва дороиҳои дигари биологӣ, ки таҳти коркарди минбаъда қарор нагирифтааст». Дар Кодекси андоз шарт гузошта шудааст, ки агар супорандагони андози ягона фақат маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуда, аз он даромад гиранд, аз пардохти андози фоида (андози низоми содакардашуда барои субъектҳои соҳибкории хурд), андоз аз арзиши иловашуда (ба истиснои воридоти молҳо), андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андози замин озод мебошанд.

Хоҷагиҳои деҳқоние, ки ҳам фаъолияти кишоварзӣ ва ҳам фаъолияти ғайрикишоварзиро амалӣ менамоянд, аз ҷумла пахтаи хомро, ё ба воситаи дигар шахсон (корхонаи пахтатозакунӣ) коркард мекунанд, бояд баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотро вобаста ба ­намудҳои фаъолият дар алоҳидагӣ пеш баранд. Андозҳое, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ аз фаъолияти ғайрикишоварзӣ пардохт менамоянд, аз ҳаҷми даромади умумии бадастовардаи онҳо вобаста аст. Агар даромади умумӣ аз ин намуди фаъолият то як миллион сомонӣ бошад, андози низоми содакардашуда барои субъектҳои соҳибкории хурд ва агар дар соли тақвимии гузашта аз он зиёд бошад, дигар намудҳои андозро, ки қонун пешбинӣ кардааст, пардохт мекунанд. Бинобар ин, такмил додани тартиби баҳисобгирӣ бо мақсади пурра амалӣ намудани он оид ба даромаду хароҷот имкон медиҳад, ки вазъи соҳа нисбат ба пештараву имрӯза беҳтар гардад.

Ҳоло баҳисобгирӣ аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд мутобиқи «Тартиби истифодабарии системаи содакардашудаи ҳисобот ва баҳисобгирӣ дар субъектҳои соҳибкории хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №80 аз 7 ноябри соли 2009 тасдиқ шудааст (минбаъд Тартиб), амалӣ карда шавад. Бинобар гузаштани қариб 8 сол баъди тасдиқи он ва ба вуҷуд омадани тағйироти куллӣ дар миқдор ва сифати соҳибкории хурд, қабул шудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ», «Дар бораи кооперативҳо», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва якчанд тағйироту илова, инчунин Нақшаи нави ҳисобҳои (оморҳои) баҳисобгирии муҳосибӣ, Тартиби мазкур тақозои таҷдиди назар дорад. Он бояд ҳар чӣ зудтар ба талаботи Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ гардонда шавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» пешбинӣ намудааст, ки «соҳибкорони инфиродӣ, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, пешбурди даромад ва хароҷотро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд» (моддаи 4). «Барои ташкилотҳои хурде, ки низоми андозбандии содакардашударо истифода мебаранд, усули содакардашудаи ҳисобот ва баҳисобгирии муҳосибӣ муқаррар карда мешавад» (моддаи 10).

Дар ҳақиқат дар Кодекси андоз (моддаи 289) соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки низомҳои махсуси андозбандӣ, яъне низоми содакардашудаи андозбандӣ барои суъектҳои соҳибкории хурд, низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозиро истифода мебаранд, уҳдадор шудаанд, ки «мувофиқи тартиби муқарраргардида баҳисобгирии алоҳидаи даромадҳо, хароҷот ва амалиёти хоҷагидории анҷомшавандаро оид ба ҳар як низоми махсуси андозбандӣ пеш баранд». Илова ба ин, андозсупорандагони андози низоми содакардашуда метавонанд низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибии аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо истифода намоянд (моддаи 293) ва супорандагони андози ягона «уҳдадоранд баҳисобгирии андозии худро, ки барои ҳисоб намудани даромади умумӣ дар соли тақвимӣ зарур аст, дар асоси маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ пеш баранд» (моддаи 300). Ба супорандагони андози ягона (соҳибкории хурд — М. Ҳ.) имконият дода шудааст, ки баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотро барои мақсадҳои андозбандӣ дар китоби махсуси даромадҳо ва хароҷоти субъектҳои соҳибкории хурд-истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки шакл ва тартиби пур кардани он аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, пеш баранд.

Дар алоқамандӣ бо нуктаҳои мазкур такмил додан, таҳия ва тасдиқ кардани Тартиб бисёр баҳсҳоро аз байн мебарад. Илова ба ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки масъалаҳои тартиби содакардашудаи ҳам баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ ва ҳам ҳисобот ҳалли худро ёбанд.

Зарур аст, ки ҳангоми таҷдиди назар кардан ба Тартиби амалкунандаи системаи содакардашудаи ҳисобот ва баҳисобгирӣ дар субъектҳои соҳибкории хурди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон чунин принсипҳо, ба монанди мувофиқ будани тарзҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ба андоза ва ҳаҷми фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ, афзалияти функсияи ахбории баҳисобгирии муҳосибӣ нисбат ба функсияи назоратии он, таъмин намудани сифат ва эътимоднокии ахбори дар баҳисобгирии муҳосибӣ ташаккулёбанда ва муфидии он барои истифодабарандагон, бартараф намудани хавфҳои суиистифода, қаллобӣ ва ғайра ба эътибор гирифта шаванд.

Вобаста ба ин, дар шароити имрӯза бо дарназардошти сатҳи дониши иқтисодӣ ва ҳуқуқии шахсоне, ки бо микросоҳибкорӣ (даромади умумии солона то 100 ҳазор сомонӣ) тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунанд, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба роҳ мондани баҳисобгирии муҳосибии фаъолияти онҳо дар шакли одӣ, яъне бе истифодаи усули сабти дугона (двойная запись), ки бояд дар Тартиб инъикос карда шавад, айни муддаост. Аммо, новобаста ба ин, бояд ягонагии асосҳои методологии тарзҳои пешбурди истифодаи низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ, ки нисбати субъектҳои хоҷагидории алоҳида муайян карда мешаванд ва тарзҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, ки барои ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ муқаррар шудаанд, таъмин карда шавад.

Шаклу мазмун ва забони Тартиби амалкунанда ба талаботи муосир мувофиқ набуда, бо дарназардошти аҳамияти фавқулода муҳим доштани забони таҳияи Тартиб, содаю фаҳмо будан ва барои осонтар ҷорӣ намудани он дар амалия, зарур аст, ки ба истифодаи истилоҳҳои ихтисосии баҳисобгирии муҳосибӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Аз ин лиҳоз, зарур аст дар Тартиб ба кор бурдани истилоҳоти касбӣ, ки ягон ҷиҳати онро ифода мекунад ва аз тарафи ҳама бояд яксон фаҳмида шаванд, маҳаки асосии таҳия ва тасдиқи он бошад. Дар акси ҳол, омӯхтану дар амал татбиқ кардани Тартиб аз тарафи ­субъектҳои микросоҳибкорӣ ва соҳибкории хурд, инчунин аснои омӯзиши он дар муассисаҳои таълимӣ мушкилиҳо ба миён меоянд.

Имрӯз дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои иқтисодӣ, аз ҷумла баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозу андозбандӣ, мутахассисон тайёр карда мешаванд. Маълум аст, ки дар раванди таълим санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври васеъ мавриди истифода қарор мегиранд. Сатҳи сифати таълим дар баробари донишу истеъдоди омӯзгор аз сифати забонию мазмунии маводи таълимӣ, пеш аз ҳама, китобҳои дарсӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, вобастагии калон дорад. Зиёда аз ин, дар шароити низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ки аз се ду ҳиссаи омӯзиш ба кори мустақилонаи донишҷӯён рост меояд, аҳамияти он боз ҳам меафзояд.

Беҳуда нест, ки дар суханронии Пешвои миллат дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори дигар арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳим арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки «забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Мо бояд дар шароити кунунӣ ба рушди забонамон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онро аз таъсири манфии ҳар гуна унсурҳои бегона эмин нигоҳ дорем».

Қонуни мазкур бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи навини тоҷикон бо забони давлатӣ таҳия ва қабул гардид. Ин шаҳодати он аст, ки дар сурати мавҷуд будани ҳам хоҳишу ҳам дониш, дилхоҳ санади меъёрии ҳуқуқиро бо забони ноби тоҷикӣ омода кардан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, дар назди олимон ва масъулони соҳаҳои молия ва андоз вазифаҳои муҳим истодаанд, ки аз ҳаллу фасли дурусти онҳо на фақат ояндаи субъектҳои хоҷагидории соҳибкории хурд, баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ, балки ҳолати Буҷети давлатӣ ва тамоми иқтисоди кишвар вобаста аст. Дарки ин масъулият тақозо менамояд, ки дар ҳамкории мутақобила, бо риоя намудани меъёрҳои забони давлатӣ, эҳтиёткорона ва моҳирона истифода бурдани истилоҳҳои соҳавӣ Тартиби нав бо номи «Тартиби пешбурди низоми содакардашудаи баҳисобгирӣ ва ҳисобот дар субъектҳои соҳибкории хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷой додани Дафтари баҳисобгирии муҳосибии одӣ, Китоби даромадҳо ва хароҷоти субъектҳои соҳибкории хурд — истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, Китоби бақайдгирии фактҳои (далелҳои) фаъолияти хоҷагидорӣ ва феҳристҳои (регистрҳои) баҳисобгирии муҳосибӣ таҳия ва тасдиқ карда шавад. Дар сурати моҳирона ва беғалат ҷой додани мисоли мушаххаси пур кардани онҳо аҳамияти Тартиби нав барои ­субъектҳои микросоҳибкорӣ ва соҳибкории хурд бамаротиб меафзояд.

 

М. Ҳомидов,

директори Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом, номзади илмҳои иқтисодӣ