Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт»

Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили об муҳим ва заруру ногузиранд

№74(3375) 29.05.2015

Мусаллам аст, ки имрӯз масъалаи об бо дарназардошти вазъи экологӣ ва иқтисодию сиёсии ҷаҳони муосир, таҳаввулоти солҳои охир дар минтақа ба яке аз масъалаҳои мубрамтарини дунё мубаддал гардида, нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳониро ба миён овардааст.

Аз ин рӯ, ибтикороти ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамовозӣ ва дастгирии ҳамаҷониба ва амиқи ҷомеаи ҷаҳониро соҳиб гашта, он дар партави мушкилоти умдаи норасоии оби нӯшокӣ ва ирригатсионӣ дар аксар кишварҳои дунё   ба як навъ акси садо ва ё аксуламали фаъоли давлати мо нисбат ба проблемаҳои мазкур табдил ёфтааст.

Истеъмолкунандагони асосии об дар Тоҷикистон хоҷагиҳои зироаткор маҳсуб мешаванд, ки ҳиссаи он аз 85 то 90 фоизи ҳама обҳои истифодашаванда, ҳамчунин бо  оби нӯшокӣ ва соҳаи зироаткорӣ таъминкунӣ ду- се фоиз, истеҳсолот ду — се фоиз ва хоҷагии моҳидорӣ то ду фоизро ташкил медиҳад.

Обёрикунии заминҳо самти аз ҷиҳати стратегӣ муҳим дар иқтисоди кишвар ба шумор меравад. Он то 90 фоиз ҳаҷми истеҳсолоти соҳаи кишоварзиро таъмин менамояд, ки ин 20 фоизи ММД-ро ташкил мекунад. Ҳамин тариқ, ин омил ба рушди иқтисод ва расидан ба амнияти озуқаворӣ саҳми муассиреро молик аст. Ҳамчунин обёрии замин ҷойгоҳи махсусро дар таъмин кардани аҳолии деҳот бо кор, ки 70 фоиз аҳолии кишварро ташкил медиҳад, ишғол менамояд. Захираҳои рекреатсионии (табиии) Тоҷикистон ҳамчунин неруи муҳими рушди ояндаи ҷумҳурӣ ба шумор мераванд.

Дар мамлакат 162 муҷассамаи ландшафтӣ (табиӣ), зиёда аз 200 сарчашмаи обҳои минералӣ, 18 кӯлҳои намакдор вуҷуд доранд. Ин захираҳо барои сармоягузории миллӣ ва хориҷӣ манфиатнок буда, дар оянда метавонанд ба рукни асосии рушди иқтисоди кишвар мубаддал гарданд. Захираҳои обӣ дар нигоҳдории низоми экологӣ низ нақши муҳим доранд, хусусан мавзеъҳои ботлоқӣ, ҳудудҳои табиии дар зери ҳимояи вежа қарордошта, ки миёни онҳо Мамнуъгоҳи миллии «Бешаи палангон» ва «Боғи миллӣ» бузургтарин маҳсуб меёбанд.

Аз рӯи захираҳои эҳтимолии энергетикӣ дар ҷаҳон Тоҷикистон баъд аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, ИМА, Бразилия, Алҷазоир, Ҳиндустон ва Канада дар зинаи ҳаштум қарор дорад. Аз рӯи нишондодҳои умумии захираҳои гидроэнергетикӣ ба як километри мураббаъ ва ба сари ҳар як аҳолии кишварамон мутаносибан ҷойҳои якум ва дуюм рост меоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон на як бору ду бор маркази баргузории  ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ роҷеъ ба об гардидааст. Аз ҷумла кишвари мо ташаббускори қатъномаҳои Маҷмааи Умумии СММ буда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мушкилоти обро дар сатҳи ҷаҳонӣ ироа намудааст. Вобаста ба масъалаи фавқуззикр дар шаҳри Душанбе чунин ҳамоишҳои бонуфузи марбут ба об баргузор гардиданд:

- Форуми байналмилалӣ роҷеъ ба оби тоза, 29 август — 1 сентябри соли 2003;

- Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳамкорӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар, 30 май — 1 июни соли 2005;

- Конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба коҳиши офатҳои табиии марбут ба об, 27 — 29 июни соли 2008;

- Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба муҳокимаи миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи рафти иҷрои натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об -  барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), 8-10 июни соли 2010;

- Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, 27 — 29 августи соли 2013.

Ибтикороти ҷаҳониро дар соҳаи об баррасӣ намуда, қатъномаҳои зерини бо ташаббуси Тоҷикистон қабулкардаи СММ-ро таъкид намудан зарур аст:

1. Эълон намудани соли 2003 Соли байналмилалии оби нӯшокӣ (Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ аз 20 декабри соли 2000, 55/196, ҷаласаи 55-ум).

Соли байналмилалии оби нӯшокӣ мебоист ҷомеаи ҷаҳониро барои расидан ба ин аҳдоф сафарбар намуда, сатҳи иттилоотонии аҳолиро доир ба масъалаи мазкур баланд бардошта, ғояҳо ва стратегияҳои нави ҳалли онро пешниҳод мекард.

2. Эълон намудани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ аз 23 декабри соли 2003, 58/217, ҷаласаи 58-ум).

Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» мусоидат намудан ба иҷрои уҳдадориҳои дар сатҳи байналмилалӣ ба зиммагирифта доир ба масъалаҳои об то соли 2015 буд. Ин уҳдадориҳо ҳамчунин ҳадафҳо дар соҳаи рушдро, ки дар Эъломияи Рушди Ҳазорсола муайян шуда буданд, фаро мегирифтанд. То нисф коҳиш додани шумораи одамоне, ки ба оби нӯшокӣ ва санитарияи базавӣ дастрасӣ надоштанд, аз ҳамон ҷумла буд. Ҳадафи дигари муҳими Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» соли 2015 таҳияи нақшаҳои умумӣ ҷиҳати таъсиси мудирияти захираҳои об ва истифодаи самараноки он буд.

3. Бо дарназардошти афзудани мушкилоти марбут ба об ва эътирофи ҳамкорӣ ҳамчун омили калидии ҳалли он Маҷмааи Умумии СММ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қатъномаи 65/154 аз 20 декабри соли 2010 соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кард.

Ҳамкорӣ дар соҳаи об аз назари иқтисодӣ муфид буда, барои маҳфуз доштани захираҳои об ва муҳити зист омили муайянкунанда ба шумор меравад.

4. 19 декабри соли 2014 Маҷмааи Умумии СММ Қатъномаи А/RES/69/215 таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) ва кӯшишҳои минбаъда барои дастёбӣ ба рушди устувори захираҳои об»-ро қабул кард, ки давлатҳои аъзо ниҳодҳои марбутаи СММ ва дигар созмонҳоро барои арзёбии ҳамаҷонибаи он даъват намуд.

Тибқи қатъномаи мазкур гузаронидани ду чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ ба нақша гирифта шуд. Гуфтугӯи интерактивии сатҳи баланд дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи 69-уми Маҷмааи Умумии СММ, ки 30 марти соли 2015 дар шаҳри Ню — Йорки ИМА баргузор гардид ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои ҳаёт», ки 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Бо мақсади муваффақона гузаронидани конфронс ва таҳияи барномаи фарогири чорабиниҳо бо иштироки ҳама қишрҳои истифодабарандагони об ва ашхоси тасмимгиранда Кумитаи зиддахл аз ҳисоби намояндагони кишварҳои шарик, ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, сектори хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор таъсис дода шуд.

Ғайр аз ин, барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд гузаштани конфронс Кумитаи тадорукот таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Котибот таъсис дода шуд, ки аз намояндагони вазорату идораҳо иборат аст.

С. АФЗАЛӢ, коршинос