Таҷрибаи нав

Ташкили бонкҳои ҷамоавии захираи тухмӣ манфиатбахш аст

№128 (4234) 15.10.2020

Тухмипарварӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсолот  мавқеи асосиро ишғол менамояд. Афзун намудани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот аз истифодаи тухмӣ вобастагии калон дорад. Вазифаи асосии мутахассисони ин бахш таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат, нигоҳ доштани тозагии навъҳо ва хусусиятҳои биологии онҳо мебошад.

Аз нигоҳи олимони соҳа, новобаста аз фондҳои таъсисдодаи давлатӣ, бояд дар сатҳи маҳал бонкҳои (фонди) ҷамоавии тухмӣ низ таъсис дода шавад, зеро баъзе аз растаниҳое ҳастанд, ки ба ин ё он минтақа аллакай солҳои дароз мутобиқ шудаанд. Аз ин лиҳоз, чунин растаниҳо бояд дар муҳити худ парвариш ва нигоҳ дошта шаванд. Таъсис додани бонки ҷамоавии захираҳои тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ)  ҳамчун зинаи аввал дар раванди таҷдиду афзункунӣ ва мубодила бо дигар ташкилоту муасисаҳои илмӣ нақши калидӣ дорад. Ҳоло дар мамлакат таҷрибаи таъсис додани бонки ҷамоавии захираи тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) бо ҷалби занони деҳот ба роҳ монда шудааст.

Ҷумҳурии мамлакат кишвари аграрист ва қисми зиёди мардум ба кишоварзӣ машғул ҳастанду аз ин ҳисоб рӯзгор пеш мебаранд. Бинобар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, тухмипарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» тасдиқ гардид, ки барои пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Баъдан, вобаста ба муҳимияти масъала зарурати таҳия ва қабули «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2016-2020» ба миён омад. Он  ба пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи селексия ва тухмипарварӣ равона гардида, бо мақсади татбиқи меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ», «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» ва ғайра роҳандозӣ шуд. Дар асоси ин барнома фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи тухмипарварӣ дар самти санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳо, назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ, назорати фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, рушди селексияи растанӣ, истеҳсол, коркард ва маркетинги тухмӣ, тайёр намудани кадрҳо ва бозомӯзии мутахассисони соҳа, таъмини амнияти тухмӣ ва таъсиси фондҳои давлатии тухмӣ беҳтар гардид. Бо мақсади ба низом даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ корҳои муайян ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, заминаи қонунгузории селексия ва тухмипарварӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамоҳанг карда шуд. Барои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи санҷиш ва ҳифзи навъҳо, фитосанитария ва карантини растаниҳо, ҳамчунин назорати сифат ва сертификатсиякунонии тухмӣ замина фароҳам омад.

Бинобар муҳимияти масъала ташкили бонки ҷамоавии  захираи тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) манфиатбахш хоҳад буд. Тавре корманди илмии Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикии АИКТ Фарҳод Пулодов иброз намуд: «Таҷрибаҳои таҷдидгардидаи давлатҳои ҷаҳон ба монанди Непал, Бангладеш, Ҳиндустон ва баъзе давлатҳои Африқо нишон доданд, ки бо ташкили бонкҳои ҷомоавии захираи тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ), ки саҳмдорони он фермерон, хоҷагидорон ва мардуми маҳал мебошанд, навъҳои маҳаллии таҳҷоӣ барқарор шуда, тухмии онҳо афзун карда шуд. Ин шаҳодати он аст, ки бонки ҷамоавии захираи тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) дар раванди барқароркунӣ, таҷдиду афзункунӣ ва мубодилаи навъу намунаҳои аз байнрафтаи зироатҳои маҳаллӣ нақши асосӣ дошта, ҳар сол кишти он дар хоҷагиҳо васеъ шуда истодааст. Аз ин рӯ, ташкил намудани бонки ҷамоавии захираҳои тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) ҳамчун занҷираи пайванди мустаҳкам байни аҳолӣ ва ҷомеа арзёбӣ шудааст».

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳама давру замон занони деҳот дар тамоми манотиқи ҷаҳон барои нигоҳдории гуногунии биологии навъҳои маҳаллӣ фаъоланд. Таҷриба ва заҳмати онҳо дар кишоварзӣ боис ба афзоиши маҳсулот мегардад.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори тухмипарварии «Накукор» дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҳадиса Ёрматова оид ба таҷрибаи таъсиси бонки ҷамоавии захираи тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) ибрози назар карда, аз ҷумла гуфт, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим бобою бибиҳояшон бо тухмипарварӣ машғул буданд. Онҳо аз ҳосили якуми маҳсулоти кишоварзӣ тухмӣ мегирифтанд ва онро дар коғаз ва ё матои пахтагин печонида, барои соли оянда захира мекарданд.

- Бегуфтугӯ, саҳми занони деҳот барои барқарорсозӣ ва нигоҳдории гуногунии навъҳои нодири маҳаллӣ  бениҳоят муҳим аст. Барои муттаҳид намудани занони тухмипарвар ва таъсис додани бонки ҷамоавии захираҳои тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) моро ташкилоти ҷамъиятии «Раъно» дастгирӣ намуд. Маҳз бо дастгирии ин ташкилот донишу малакаи занони гурӯҳи мо оид ба тухмипарварӣ ва пешбурди кишоварзӣ, хусусан агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, мубориза бо касалиҳо ва зараррасонҳо ва дигар масъалаҳо баланд бардошта шуд. Ҳоло дар бонки захиравии тухмии мо коллексияи нодири тухмиҳои маҳаллӣ аз ҳар гӯшаву канори кишвар ҷамъ оварда шудааст. Дар он тухмиҳои маҳаллии сабзавот, зироатҳои полезӣ, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо мавҷуданд, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба тағйирёбии иқлим мутобиқ ва устувор мебошанд, — мегӯяд Ҳадиса Ёрматова.

Ҳамин тариқ, занони тухмипарвари ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хоҷагиҳои минтақаро бо тухмиҳои маҳаллӣ таъмин намуда, барои нигоҳ доштани гуногунии тухмиҳои нодири таҳҷоӣ камари ҳиммат бастаанд. Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Раъно»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Уғулбӣ Бутаева қайд намуд, ки дар се соли охир дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии мамлакат — Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, Институти зироаткории АИКТ, Бахши кишоварзии ноҳияи Ҳамадонӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва замин», Фонди Кристенсен, коллексияи тухмии зиёда аз 40 навъи маҳаллии зироатҳои кишоварзӣ ҷамъоварӣ шуда, дар бонки ҷомеавии захираҳои тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) ба қайд гирифта шуданд. Ин тухмиҳо ҳар сол дар қитъаҳои намоишӣ ва заминҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки занҳо дар он машғули коранд, кишт мешаванд ва аз ҳосили бадастомада барои соли оянда тухмии хушсифати маҳаллӣ захира мегардад. Бо ин роҳ занони тухмипарвари ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ саҳми арзанда барои нигоҳдории гуногунии биологии навъҳои маҳаллӣ мегузоранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ноҳияи Муъминобод низ аз ҷониби занони фаъол таъсиси бонки ҷамоавии захираи тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) ба роҳ монда шуд. Аз таҷрибаи занони тухмипарвар бармеояд, ки барои таъсиси бонки ҷамоавии захираҳои тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) маблағи зиёд лозим набуда, каме матои пахтагин, коғаз, зарфҳои шишагин, ҷои хушку салқин ва аз ҳама муҳим, хоҳиши масъулин барои оғоз намудани ин кори бениҳоят муҳим барои рушди соҳаи кишоварзӣ басанда аст. Бонкҳои ҷамоавии захираҳои тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) воситаи асосии эҳё ва нигоҳдории навҳои нодири маҳсулоти кишоварзие мебошанд, ки дар зери хатари нобудшавӣ қарор доранд. Одатан чунин бонкҳо ҳамчун сис­темаи устувори тухмипарварӣ ва манбаи захираҳои генетикӣ хизмат мекунанд. Деҳқонон — нигоҳдорандагони асосии тухмиҳо дар бонки тухмии ҷомеавӣ мебошанд ва онҳо дар давоми ҳазорсолаҳо тухмиҳои беҳтаринро истеҳсолу ҷамъоварӣ мекунанд ва маҳфуз нигоҳ медоранд. Бонки ҷамоавии захираи тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) маҳз аз ҷониби мардуми маҳаллӣ идора карда мешавад. Роҳбари гурӯҳи занони тухмипарвари ноҳияи Муъминобод Момагул Маҳмадова боифтихор аз таҷриба нақл карда, қайд намуд, ки бонки ҷомоавии захираҳои тухмии (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) хурдакаки онҳо коллексияи тухмиҳои нодир ва камёфти маҳаллиро нигоҳ медорад ва дар он навъҳои аз байн рафта, аз нав барқарор мешаванд.

- Ман дониши заруриро оид ба таъсиси бонки тухмӣ, интихоби тухмӣ, тоза кардан, усули нигоҳдорӣ, борпечонӣ ва ғайраро аз  мутахассиси барҷастаи Бангладеш Фарида Ахтар дар омӯзишҳои тухмипарварии  Ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва замин» омӯхтам ва  онҳоро дар амал байни занони тухмипарвар татбиқ намудам, — мегӯяд Момагул Маҳмадова.

Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Зам-Зам»-и ноҳияи Муъминобод Тоҷинисо Одинаева иброз намуд, ки барои ҷустуҷӯи тухмиҳои маҳаллӣ, ки дар ҷараёни нобудшавӣ қарор доранд, талоши зиёд шуда, то онҳо дар бонки ҷамоавии тухмӣ ҷамъоварӣ ва нигоҳ дошта шаванд.

Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ мебошад. Нигоҳдории гуногунии захираҳои генетикӣ асоси истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ мебошад ва амнияти озуқавории мамлакатро таъмин менамояд. Дар дунё деҳқонон ва ҷомеаҳои онҳо баҳри нигоҳ доштани навъҳои  гуногуни зироатҳо, саъю талош мекунанд. Навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ зери фишори саноатикунонӣ, тиҷоратикунонӣ, рушди бозоргонӣ ва монополиякунонии истеҳсоли тухмиҳо, инчунин дар натиҷаи оқибатҳои офатҳои табиӣ, хусусан хушксолӣ ва сел аз байн рафта истодаанд. Муҳаббат Мамадалиева, номзади илмҳои биологӣ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва замин» дар ин маврид изҳор дошт, ки «Мо дар пеши наслҳои имрӯза ва оянда барои дар рӯи замин нигоҳ доштани гуногунии  захираҳои генетикии растаниҳо барои истеҳсол ва пешбурди кишоварзӣ  масъулем. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар бештари мамлакатҳои тараққиёфта системаи расмии тухмипарварӣ 10-20 фоизи талаботро таъмин мекунад. Ин нишондиҳанда дар системаи ғайрирасмии тухмипарварӣ, яъне тухмипарварии ба ҷомеа асосёфта  80-90 фоизро ташкил мекунад. Ин комёбӣ дар натиҷаи таъсиси бонкҳои ҷамоавии захираи тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) ба даст меояд. Бонкҳои ҷамоавии захираи тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) ин ҷои нигоҳдорие  мебошад, ки дар он фермерон навъҳоро маҳфуз медоранд ва он аз ҷониби аъзои ҷомеа идора мешавад. Ба он дастрасии деҳқонон барои тухмӣ хеле осон аст. Бонкҳои ҷамоавии захираи тухмӣ на танҳо вобастагии деҳқононро аз ширкатҳои тухмипарварӣ озод мекунанд, балки он  барои нигоҳдории гуногунии агробиологӣ дар деҳа ёрӣ мерасонад. Инчунин, онҳо барои парвариши устувор ва пешбурди навъҳои гуногуни зироатҳо хеле муҳим мебошанд. Бонки мазкур  барои деҳқонон таъмини бехатарии тухмиро муҳайё мекунанд, қобилият ва дастрасиро тавассути пешниҳоди тухмӣ беҳтар мегардонад. Системаи тухмипарварии деҳқонон ба фарҳанги маҳаллӣ ворид гашта,  бо он омезиш ёфтааст ва нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, анъанаҳо ва арзишҳои суннатиро таъмин мекунад».

Бонкҳои ҷамоавии захираи тухмӣ (фондҳои ҷамоавии тухмӣ) дар ҷаҳон назди худ як мақсад мегузоранд -  нигоҳдорӣ, барқароркунӣ ва мубодилаи захираҳои генетикии растаниҳо. Чунин тарзи нигоҳдорӣ ва мубодила бо мақсади дастрасӣ ба коллексияи растаниҳо аз ҷониби ҷомеа барои қонеъ намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати экологӣ равона шудааст.

Ҷамила БАРОТОВА,

сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ