Таваҷҷуҳ ба ҳифзи иҷтимоии мардум

№108 (3902) 04.09.2018

ХифзДар ноҳияи Рашт сафи занону духтарони фаъол, ки дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа менамоянд, сол то сол рӯ ба афзоиш аст.

Тавре Нуъмоншо Исматов — мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Рашт иброз дошт, дар бахши мазкур се нафар духтар фаъолият дорад. Бояд гуфт, ки масъул намудани духтарон ба ин самт бесабаб нест. — Ҳамаи онҳое, ки ба мо муроҷиат мекунанд, албатта, ба меҳрубонӣ ниёз доранд. Зан – модар саропо меҳр аст, — мегӯяд Нуъмоншо Исматов.

Ба гуфти Раҳима Исоева, Ганҷина Саидова, Рухшона Абдуқодирова кормандоне мебошанд, ки тарбияи хуби одаму одамгариро гирифтаанду айни ҳол барои шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта хизмат мерасонанд. Натиҷаи заҳматҳои онҳост, ки шумораи оилаҳои камбизоат пурра аз рӯйи меъёрҳои муқарраргардида муайян ва сари вақт маблағи ҷудогардида ба ниёзмандон дастрас карда мешавад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ноҳияи Рашт ҳамчун ноҳияи таҷрибавӣ ба ин барнома шомил гардидааст. Айни ҳол ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида дар 14 ҷамоати шаҳраку деҳот пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо идома дорад.

- Ҳоло дар ноҳия 7939 нафар нафақахӯр, шаш иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, як шахси дар солҳои ҶБВ дар ақибгоҳ хизматкарда, 26 маъюб — ҷанговари байналмилал, шаш маъюби садамаи Чернобил, 293 маъюби то 18-сола, 21 кӯдаки ятими кулл, 55 шахси яккаву танҳо, 293 маъюби гурӯҳи як, 1090 маъюби гурӯҳи ду, 251 маъюби гурӯҳи се ва 1960 оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудааст. Андозаи кумаки унвонии иҷтимоӣ барои як оила дар як сол 400 сомониро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 100 сомонӣ тавассути филиали БДАТ «Амонатбонк» пардохт карда мешавад, — иттилоъ дод Н. Исматов.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»