Таваҷҷуҳ ба тракторҳои «ТоҷИрон» хеле кам аст

№24 (3170) 11.03.2014

Яке аз вазифаҳое, ки ба зиммаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» гузошта шудааст, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ дар асоси дархости онҳо бо  техника  ва мошинолоти босифати кишоварзӣ тариқи иҷораи молиявӣ  (лизингӣ) мебошад.

Дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи Тоҷикистону Эрон — «ТоҷИрон» фаъолият дошта бошад ҳам, мушоҳидаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки аксари хоҷагиҳои кишоварзӣ техникаи истеҳсоли дигар кишварҳо, аз қабили Беларусро, истифода мебаранд. Дар робита, яке аз сабабҳои камтаваҷҷуҳии хоҷагидоронро ба тракторҳои «ТоҷИрон» аз директори КВДҶ  «Тоҷикагролизинг» Саидмурод Хайриддинов пурсон шудем.

Мавсуф изҳор дошт, ки мо бо ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе, ки ба истеҳсоли тракторҳо машғул аст, ҳамкорӣ дорем ва ба онҳо пешниҳод намудем баъзе паҳлуҳои нозуки тракторҳои истеҳсолкардаашонро тавассути маркази озмоишии  Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир аст, аз санҷиш гузаронанд, то ин ки камбудиҳояш ислоҳ гардад.

Ин масъала қаблан дар ҷамъомаде, ки дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд, низ ба миён гузошта шуд.

Вазни тракторҳои «ТоҷИрон» нисбат ба тракторҳое, ки аз Беларус ба кишвар ворид мешавад, зиёда аз 500 килограмм  сабуктар аст. Бинобар ин, вобаста ба нишондодҳои техникӣ, лозим меояд ба болои чархи ақиби ин тракторҳо обу намак гузоранд, то вазнаш баробар шавад ва кишоварзон киштро дурусту хушсифат анҷом дода тавонанд, — иброз намуд номбурда.

Иқтисоддонҳои кишвар низ иллати кам ба фурӯш рафтани  тракторҳои ин корхонаро ба гаронӣ ва сифати истеҳсоли он рабт додаанд. Ин аст, ки замони киштукори деҳқонон дар саҳро нисбат ба тракторҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон техникаҳои дигар кишварҳо, аз қабили Беларус, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой зиёдтар ба мушоҳида мерасад.

Замони ифтитоҳи ин корхона масъулин ба хабарнигорон иброз дошта буданд, ки корхонаи «ТоҷИрон» имкон дорад давоми як сол се ҳазор адад трактор истеҳсол намояд. Инчунин ваъда шуда буд, ки дар марҳилаҳои баъдӣ содироти он ба кишварҳои минтақа низ сурат мегирад.

Вобаста ба нархгузории чунин тракторҳо С. Хайриддинов зикр намуд, ки арзиши техника вобаста ба қурби асъор аст ва он ҳамарӯза тағйир меёбад. Аз ин рӯ, як арзиши муайянро гуфтан душвор аст.

Бо вуҷуди ин, ӯ илова намуд, ки хоҷагидороне, ки хоҳиши харидории тракторҳои «ТоҷИрон»-ро доранд, ба КВДҶ «Тоҷикагролизинг» муроҷиат намоянд, ба эшон кумак  мекунанд.

Соли 2006, замони мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхона дар шаҳри Душанбе, арзиши миёнаи як трактор аз 11 то 12 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод.

Чанде пеш Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ нашр намуд,  ки соли 2013 «ТоҷИрон» 38 адад тракторро ба маблағи 3 миллиону 30 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузошт, ки аз рӯйи ҳисобу китоби пешакӣ, ба ҳар як трактор тақрибан аз 16 то 17 ҳазор доллар рост меояд.

Х.ШАРИПОВ, «Садои мардум»