Дар партави Паём

Таваҷҷуҳи Ҳукумат ва масъулиятшиносии табибон заминаҳои солимии ҷомеаанд

№3 (3483) 07.01.2016

Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) омадааст: «Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳои соҳаи тандурустиро идома дода, маблағгузории соҳаро дар соли 2015 нисбат ба соли гузашта даҳ фоиз зиёд пешбинӣ намудааст. Соли 2014 шароити инфрасохтори соҳаи тандурустӣ хеле беҳтар гардида, кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ тавсеа ёфтанд. Дар ин давра як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Ҳамчунин барои пешгирӣ ва паст намудани шиддати бемориҳои сироятӣ, таъмини шаҳрвандон бо маводи босифати доруворӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва омода намудани мутахассисон як қатор тадбирҳои муассир амалӣ карда шуданд. Дар даврони истиқлолият барои рушди соҳаи тандурустӣ илова ба маблағҳои аз буҷет ҷудошуда 107 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб се миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Ҳоло дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар илова ба маблағҳои буҷетӣ татбиқи 38 лоиҳа ба маблағи 570 миллион сомонӣ идома дорад».

Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахши муҳим пешравиҳои назаррас рӯи кор омада истодааст. Давоми 24 соли соҳибистиқлолии кишварамон дар ҳудуди мамлакат теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гашта, аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони давлати абарқудрати шӯравӣ дастрас намуданашон барои мо — тоҷикон танҳо орзу буд, таъминанд. Сомонаи интернетии «Bloomberg» дар заминаи як назарсанҷӣ ба хулосае омадааст, ки тоҷикон назар ба дигар мардуми Осиёи Марказӣ солимтаранд. Муаллифон дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ба чунин хулоса омадаанд. Ин таҳқиқот 145 кишварро дар бар мегирад ва ба ҳар кишвар вобаста ба омилҳое чун дарозумрӣ, фавти кӯдакон, марг бар асари пиронсолӣ, сабабҳои даргузашт ва давомнокии умри афроди синнашон аз 65-сола боло баҳогузорӣ намудаанд. Ҳангоми баҳогузорӣ таҳдидҳои эҳтимолӣ барои саломатӣ, теъдоди ҷавонони ба тамокукашӣ майлдошта ва афроди мубтало ба фарбеҳӣ ва ВИЧ ба назар гирифта шудааст. Дар ин замина, Сингапур, Италия ва Австралия –сегонаи кишварҳоеро ташкил додаанд, ки 88-89 фоизи мардумашон сиҳатанд. Ба феҳристи кишварҳои солим Швейтсария, Япония, Исроил, Испания, Голландия, Шветсия ва Ҷумҳурии Федеративии Германия ҳам шомиланд.

Дар феҳристи «Bloomberg» миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар мақоми 84 ва Ӯзбекистон як зина поёнтар ҷой гирифтаанд. Қирғизистон дар феҳрист дар ҷойи 101-ум ва Қазоқистон дар зинаи 111-ум аст. Давоми солҳои охир сатҳу сифати дастрасии аҳолии мамлакатамон ба хизматрасонии тиббӣ бамаротиб беҳтар гашта, тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз мансубияташон ба ин ё он қишри ҷомеа, имкони бархӯрдорӣ аз онро доранд. Вале дар ИМА, ки муқтадир ва пешрафтатарин давлати олам маҳсуб меёбад, ҳамагӣ аз 30 то 42 фоизи аҳолӣ имкони дастрасӣ ба хизматрасонии тиббиро доранду халос. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин кишвар хизматрасонии тиббӣ мунтазам танҳо ба шахсоне расонида мешавад, ки суғуртаи тиббӣ доранд. Яъне, онҳое, ки суғуртаи тиббӣ надоранд, танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба табибон муроҷиат менамоянд, сарфи назар аз он ки бемор суғуртаи тиббӣ дорад ё не, баъд аз расонидани хизматрасонии тиббӣ фавран ба ӯ хабарнома барои пардохти маблағ меояд. Дар аксари маврид, бинобар сабабҳои боло, ёрии таъҷилии тиббиро ба беморон сӯхторхомӯшкунон мерасонанд. Худ қазоват намоед, ки оё дар ҷумҳурии мо ягон ҳодисаи дастрасӣ надоштани бемор ба ёрии таъҷилии тиббӣ ва дидаву дониста аз ташхису табобат дар канор мондани беморон ба мушоҳида мерасад? Бо дарки масъулият ва аз рӯи инсоф бояд бигӯем, ки чунин ҳолат умуман вуҷуд надорад. Давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ технологияҳои муосири ташхисию табобатӣ, ба монанди дастгоҳҳои томографияи компютерии магнитию резонансӣ, томографияи компютерӣ, ангиограф, рентгени рақамӣ, эхокардиограф, ташхиси мамографӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадоии допплерӣ, дастгоҳи анализатори автоматикии озмоишӣ, плазмоферез, тасҳеҳи лазерии чашм ва гемодиализ ворид карда шуданд. Ин омил замина фароҳам овард, ки дар муассисаҳои тиббии мамлакат як қатор амалиётҳои муосири ҷарроҳӣ ҳангоми нуқсонҳои вазнини модарзодии дил ва ҷарроҳиҳои мураккаби дилу рагҳо роҳандозӣ карда шуданд. Инчунин дар мамлакат амалиёти иваз намудани буғуми косу рон ва зону ба буғуми сунъӣ, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, аз ҷумла тасҳеҳи лазерии биноӣ ва ҷарроҳиҳои чашмпарда (катаракта), ҷарроҳиҳои ҷоғу рӯй, ҷарроҳиҳои батнӣ ва ҷарроҳиҳои асаб тавассути дастгоҳи эндовидеоӣ, ҷарроҳиҳои нодир ҳангоми саратони сурхной ба роҳ монда шуданд. Ҳамзамон тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ муолиҷаи беморони дилу рагҳо сурат гирифта, эндоурология ва сангшиканӣ (литотрипсия) дастраси аҳолӣ гардиданд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз дар кишвар наздики 200 амалиёти пайвандсозии гурда ва 15 амалиёти пайвандсозии ҷигар анҷом дода шудааст. Ҳамзамон мавриди зикр аст, ки аз ин шумора шаш нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, се нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон, як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Лубнон ва як нафар шаҳрванди Федератсияи Россия мебошанд. Зимни пайгирии масъалаи мазкур иттилоъ гирифтем, ки фавти кӯдакон дар ҷумҳурӣ назар ба солҳои пеш 2,5 баробар коҳиш ёфтааст. Ин ҷо шоиста аст, ки аз саҳми арзандаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҳифзи солимии аҳли ҷомеа низ ёдовар шавем. Саҳми ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар нигоҳдории тандурустии шаҳрвандон хеле муассир ва арзанда аст. Барои мисол, ҳамасола аз тарафи кормандони донишгоҳ ба зиёда аз 50 ҳазор бемор ёрии ташхисию табобатӣ ва машваратӣ расонида мешавад, ки аз ин миқдор қариб 15 ҳазорашро амалиёти ҷарроҳӣ ташкил медиҳад. Дастоварди дигари арзандаи аҳли донишгоҳ давоми як соли охир бомуваффақият табобат намудани 22 нафар бемор бо усули ҳуҷайрадармонӣ мебошад. Дар ҳамин радиф, аз ҷониби кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино трансплантатсияи ҷигару гурдаҳо ва аутотрансплантатсияи мӯйи сар низ ба роҳ монда шудааст. Тавре мебинем, пажӯҳиши аз ҷониби сомонаи интернетии «Bloomberg»  анҷомёфта ва хулосаҳои пешниҳодгардида асосноку воқеӣ мебошанд.

Далер МЕРГАНОВ,  «Садои мардум»