Тавсеаи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Беларус

№64 (3210) 17.06.2014

Аз маркази иттилоот ва матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳайати мутахассисони вазорати мазкур таҳти роҳбарии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Зеваршоев аз 3 то 8 июни соли ҷорӣ ҷиҳати ширкат дар  Намоишгоҳи байналмилалии агросаноатии «Белагро-2014» дар Ҷумҳурии Беларус қарор доштанд.

Зимни вохӯрии ҳайати корӣ  бо намояндагони ҶСШК «Промагролизинг»  зикр гардид, ки корхонаи мазкур омода аст, оид ба харидории техника ва таҷҳизоти кишоварзие, ки дар Ҷумҳурии Беларус истеҳсол мешаванд, бо ҷумҳурии мо ҳамкорӣ намояд.

Гурӯҳи корӣ дар корхонаи тракторсозии МТЗ бо тарзи истеҳсоли тракторҳо, васл ва истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ шинос шуданд. Зимни мулоқот бо  намояндагони корхонаи мазкур пешниҳод  шуд, ки дар доираи иҷрои Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, махсусан таъсиси корхонаи тракторбарорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшида шавад.

Дар раванди сафари корӣ ҳайат бо роҳбарияти заводи «Гомсельмаш» низ вохӯрӣ намуда, дархости ҶСК «Агротехсервис» бобати ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани 50 адад ядакҳои боркаш  ҳалли худро ёфт.

Зимни вохурӣ бо роҳбарияти заводи «Бобруйскагромаш» барои ба ҷумҳурӣ ворид намудани техникаҳои хурдҳаҷм ва ташкил кардани корхонаи  истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ шартнома ба имзо расид.  Ҳамзамон  пешниҳодҳо оид ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли ядакҳои кишоварзӣ миёни ҶСК «Агротехсервис»-и ноҳияи Ҳисор ва заводи «Бобруйскагромаш»-и  Ҷумҳурии Беларус  низ дастгирӣ ёфтанд.

Зимни вохӯрӣ бо муовини вазири саноати Ҷумҳурии Беларус А.С. Огородников оид ба ривоҷи ҳамкориҳо баҳри бунёди корхонаи муштараки тракторсозии МТЗ 82.1 дар Минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи Данғара, табодули андеша сурат гирифт. Ҳамчунин доир ба рушди соҳаи чорводорӣ дар ҷумҳурӣ бо харидорӣ намудани чорвои калони наслдеҳ, нутфаҳо, асбобу анҷоми бордоркунии сунъӣ аз Ҷумҳурии Беларус ва харидории ҳафт навъи тухмии картошка дархост пешниҳод гардид.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»