Терминали боркашонӣ бунёд мешавад

№63 (3364) 04.05.2015

Дар меҳмонхонаи «Лотус»-и пойтахт намояндагии Ташкилоти муттаҳидкардашуда барои амалӣ гардонидани кумакҳои расмии Ҳукумати Япония оид ба рушд «Jica», ки дар Тоҷикистон фаъолияти густурда дорад, семинари омӯзиширо оид ба омодагӣ ба оғози сохтмони терминали боркашонии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баргузор кард.

Роҳбари ташкилоти фавқуззикр дар Тоҷикистон Ишии Киёши ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, ба ҳамкориҳои Ҳукумати Япония бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла таъмин бо оби нӯшокӣ, энергетика ва роҳдорӣ баҳои баланд дод. Мавсуф иброз дошт, ки «Jica» дар Осиёи Миёна лоиҳаҳои зиёд, аз ҷумла дар Тоҷикистон чанд лоиҳаи вобаста ба таъмини оби нӯшокиро дар вилояти Хатлон амалӣ намуда, омода аст бо маблағгузории Ҳукумати Япония лоиҳаи сохтмони терминали боркашонии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро анҷом диҳад.

Муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов интихоби мушовирон ва омӯзишу мувофиқакунонии ҳуҷҷатҳои вобаста ба оғози сохтмонро шарҳ дода, миннатдории худро ба Ҳукумати Япония изҳор намуд. Сипас, мутахассисони соҳа Абдураҳмон Саломов, Одил Бобоев ва Тоҷиддин Хоҷаев аз натиҷаи боздидашон аз Фурудгоҳи «Манас»-и Ҷумҳурии Қирғизистон маърӯза карданд.

Бино ба гуфти масъулини «Jica», терминали мазкур аз ҷиҳати меъморӣ, ҳаҷм, таҷҳизот ва истифодаи масолеҳи сохтмонӣ замонавӣ буда, мутобиқи меъёрҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ сохта мешавад.

Терминал бо дастгоҳҳои замонавии муоинаи бор (рапискан, сканер, хискан ва ғайра) ва системаи бақайдгирии борҳо, таҷҳизот барои боркашонӣ (тарозуҳои гуногунҳаҷм, нақлиёти махсуси борбардорӣ ва боркашонӣ, яхдонҳо барои борҳои тезвайроншаванда, борҳои махсус ва ғайра) таҷҳизонида мешавад.

Муҳаммадюсуф ШОДИЕВ, котиби матбуотии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»