Мушкилот ва пешниҳод

Терминали чорум кай сохта мешавад?

№45 (3995) 23.04.2019

DSC_1740Гарчанде барои сафар кардан ба минтақаҳои гуногуни кишвар аз шаҳри Душанбе терминалҳои замонавӣ сохта шуда бошанд ҳам, ронандагони автомобилҳои кирокаш аз ҷойҳои пештара «дил канда наметавонанд». Барои мисол, ҳоло ҳам барои рафтан ба самти шаҳри Бохтар ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷануби кишвар мусофирон таксиҳоро дар назди бозори «Саховат» интизор шуда, барои рафтан ба Ёвону чанд ноҳияи дигар мусофиркашонҳоро дар маҳаллаи  46-ум ҷустуҷӯ мекунанд. Корҳои сохтмонӣ дар терминали мусофиркашонӣ ба самти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дошта, ояндаи наздик ба истифода дода мешавад, аммо  сохтмони терминал дар қисмати ғарбии пойтахт, ки бояд барои сокинону меҳмонони самти шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринаву қисман Рӯдакӣ хизматрасонӣ намояд, шурӯъ нашудааст.

Бо мақсади равшанӣ андохтан ба ин масъала ба сардори Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ҳалима Солиҳова муроҷиат намудем. Тавре номбурда  изҳор дошт,  ҷой барои сохтмони терминал муайян шуда, ҳуҷҷатҳо айни замон дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Бино ба гуфти ӯ, пас аз баррасӣ санаи оғози корҳои сохтмонӣ муайян мешавад.

Чандин сол аст, ки маҳаллаи маъруф бо номи Зарнисор, воқеъ дар маҳаллаи 102-юм, чун терминал барои сокинону меҳмонон хизмат мекунад. Бо вусъат пайдо намудани сохтмони биноҳои баландошёна торафт ҷойи исти таксиҳо маҳдуд шуда, ронандагони автомашинаҳое, ки ба самти Ҳисору Шаҳринав ва Турсунзода мераванд, ҳатто дар байни роҳ барои гирифтани мизоҷ «талош» мекунанд. Ин амал агар аз як тараф хилофи фарҳанги шаҳрнишинӣ бошад, аз ҷониби  дигар ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонад.

Гоҳ-гоҳ кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ҷо пайдо мешаванд, вале ба назар чунин мерасад, ки бо ронандагони қоидаи ҳаракат дар роҳро риоянамекарда  «муомила» доранд, зеро ҳузури онҳо ба беҳшавии вазъ мусоидат намекунад.

Бинобар ин, шурӯъ намудани корҳои сохтмонӣ дар терминали зикршуда, ки мувофиқи маълумоти масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар деҳаи Чоряккорон сохта мешавад, муҳиму саривақтист.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»