Пешниҳод

Тилисми хурофтаро бояд шикаст

№51 (3688) 11.05.2017

«Дастархони мурда дароз аст», — гӯён баъзе нимчамуллоҳо байни мардум солҳои дароз ташвиқот бурда, онҳоро ба иҷрои амалҳои хурофотӣ вомедоштанд.

Бо номи «сари тахта» чорво забҳ менамуданд, бегоҳи сеюми фавти майит дег «ҳалол» мекарданд ва ҳамсоя­ҳо ба хонаи мурдадор хӯрок меоварданд. Рӯзи ҳафт таом мепухтанд, ҳар шоми панҷшанбе ҷумъагӣ медоданд. Рӯзҳои душанбе низ хӯрок омода месохтанд. Рӯзи бисти фавтида низ ба хешу табор хӯрок медоданд. Рӯзи чил дастархон меоростанд. Дар ҳаққи фавтида «шашмоҳагӣ» — гӯён таом мепухтанд.

Ба шарофати худшиносӣ ва фаҳмондадиҳӣ аксари ин амалҳои хурофотӣ аз байн бурда шуданд, вале маросимҳои чил ва сол ҳанӯз ҳам пойбарҷоянд. Ин ду маросим хеле серхароҷотанд. Баъзе серпулҳо, ки ҳатто як пиёла чойро аз дигарон дареғ медоранд, сарватмандиашонро нишон доданӣ шуда, дар гаронтарин тарабхонаҳо маъракаҳои чил ва соли пайвандони фавтидаро мегузаронанд. Ин тоифа аз ҷаримабандиҳо парво надоранд, вале ин амали онҳо боис мешавад, ки мардуми нодор ба онҳо пайравӣ намуда, худро зери бори қарз монда, маъракаороӣ намоянд. Маъракаҳое, ки сарватмандон ба муносибати чил ва соли фавтидагон дар тарабхонаҳо ташкил менамоянд, аз тӯй фарқ намекунанд. Ҳол он ки маросимҳои чил ва соли фавтидагон амалҳои хурофотӣ буда, доир кардани онҳо зарурат надорад ва тавре мегӯянд: «майит аз ин дунё фақат кафан ва як каф дуо мебарад». Агар ин тавр аст, бояд ин ду маросим аз байн бурда шаванд, зеро дар ҳеҷ кадом аз мамлакатҳои мусалмонӣ онҳо доир карда намешаванд.

Аз аъзои муҳтарами Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, дар партави фармудаҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки мардумро аз исрофкорӣ барҳазар медоранд, ҷиҳати аз байн бурдани ду маросими хурофотӣ — «Чил» ва «Сол»-и фавтидагон чораҷӯйӣ намоянд. Бошад, ки ин иқдом боиси аз байн бурдани худнамоию исрофкориҳо гардида, бори гаронро аз дӯши мардуми заҳматкаш соқит созад.

Салоҳиддин ФАТҲУЛЛОЕВ,

номзади илмҳои филологӣ