Тоҷиддин ПИРЗОДА: «Вазъиятро дар муҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати мамлакат беҳтар менамоем»

№17 (3967) 12.02.2019

Пирзода1Раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» талош дорад пасандози муштариёнеро, ки бозпас гирифтанианд,  пурра баргардонад. Ба гуфтаи раҳбарияти он, бақияи маблағ дар ҳисобҳои шахсони воқеӣ охири соли 2016  1 млрд. 423 млн. сомонӣ, интиҳои соли 2017 767 млн. сомонӣ ва то 31 декабри соли 2018 631 млн. сомониро ташкил намуд. Бо мақсади огаҳии бештар пайдо кардан оид ба масъала журналист Хуршеди Ҳамдам бо Тоҷидин Пирзода, раиси  Раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», суҳбат орост, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

 

- Алҳол вазъияти бонк дар кадом сатҳ қарор дорад ва шароити молиявии он чӣ гуна аст ?

- ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» фаъолиятро дар асоси «Стратегияи солимгардонии вазъи молиявии бонк барои солҳои 2017-2021» ва нақша — чорабиниҳо оид ба «Стратегияи солимгардонии вазъи молиявии  «Тоҷиксодиротбонк» барои солҳои 2017-2019», ки мувофиқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 527 аз 12 декабри соли 2016 дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Бонки миллии ҶТ таҳия гардида, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод шуд, амалӣ намуда истодааст. Нишондиҳандаҳои асосии фаъолият дар ин давра ба тариқи зайл ҷамъбаст гардиданд:  дороии бонк дар интиҳои соли 2016 ба 5 млрд. 117 млн. сомонӣ, дар охири соли 2017 ба 4 млрд. 142 млн. сомонӣ ва дар моҳи декабри соли 2018 ба 3 млрд. 928 млн. сомонӣ расид. Ин коҳишёбӣ бо афзоиши баргардонидани қарзҳо ва иҷрои уҳдадориҳо вобастагӣ дорад.

Қарзҳо, ба маблағи 1 млрд. 355  млн. сомонӣ пардохт гардиданд, ки аз «Нақшаи чорабиниҳои солимгардонии вазъи молиявии бонк барои солҳои 2017-2019» дар солҳои 2017 ва 2018 пешбинигардида 52 % зиёд аст.  Тибқи нақшаи мазкур солҳои 2017 — 2018 дар маҷмӯъ баргардонидани қарзҳои ғайрифаъол аз рӯи сенарияи оптимистӣ 891,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардид, ки аз он 552 млн. сомонӣ ба соли 2017 ва 339,6 млн. сомонӣ ба соли 2018 рост меояд. Аз ҳаҷми умумии уҳдадориҳои пардохтгардидаи мизоҷон 1 млрд. 144 млн. сомонӣ, яъне 84,4 % пардохти уҳдадориҳои қарзӣ, аз интиҳои соли 2016 то охири соли 2017 ва 211 млн. сомонӣ, яъне 15,6 % пардохти уҳдадориҳои қарзӣ ба соли 2018 рост меояд.  Агар бақияи сандуқи қарзии бонк, яъне қарзҳои асосӣ, то ноябри соли 2016 1 млрд. 408 млн. сомониро ташкил дода бошад, пас дар охири соли 2017 649 млн. сомонӣ ва дар моҳи декабри соли 2018 563 млн. сомониро ташкил намуд. Яъне, аз интиҳои соли 2016 то моҳи декабри соли 2018 845 млн. сомонӣ ё 60 %,  кам гардидааст.

Барои иҷрои уҳдадориҳои қарзӣ аз тарафи баъзе мизоҷон гаравҳои ба сифати таъминоти қарз гирифташуда пешкаш гардиданд. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои қарзии мизоҷон, ки дар давраи сипаригардида тавассути ба тавозун гирифтани амволи гарав пардохт гардидааст, 818,1 миллион сомониро ташкил менамояд.

Бақияи маблағ дар ҳисобҳои мизоҷон — шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ моҳи ноябри соли 2016 3 млрд. 11 млн. сомонӣ, интиҳои соли 2017 887 млн. сомонӣ ва дар моҳи декабри соли 2018 749,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, яъне бақияи маблағ дар ҳисобҳои мизоҷон дар давраи мавриди назар 2 млрд. 261 млн.сомонӣ, ё 75,1 % кам гардидааст. Камшавии уҳдадориҳои бонк дар назди мизоҷон — шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ соли 2018 137 млн. сомонӣ ё 15,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ду соли сипаригашта фаъолияти бонк бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст гардид. Ин дар ҳолест, ки буҳрони молиявӣ на танҳо Тоҷикистон, балки дунёро фаро гирифтааст ва мебинем, ки дар ҳама ҷо мушкилии бонкиву иқтисодӣ вуҷуд дорад.

Дар нақша — чорабинӣ ва стратегияи солимгардонӣ, ки аз 28 банд иборат буд, 27 банди онро ҳатто барзиёд иҷро намудем. Аммо як банд, яъне ҷалби сармоя то ҳол ҳал нашудааст, вале бо ширкатҳои арабӣ, чинӣ ва ҳамчунин ширкатҳои аврупоӣ шартнома бас­тем. Дар назар аст, баъд аз 1 ё 2 моҳ ҳатман маблағ ворид мешавад ва вазъи бонкро дар муҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати мамлакат беҳтар менамоем.

Точик- Дар низомномаи бонк навишта шудааст: «Тоҷиксодиротбонк» дар бахшҳои асосии бозори молиявӣ бо ташаккули заминаи муштариёни устуворафзоянда ва боварӣ ба бонк пешсаф аст. Ба саҳми ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» тақрибан 20 дарсади сармояи 12 бонки Тоҷикистон рост меояд». Айни замон ҳам бонки шумо ин бартариро дорост ё на?

- Бале, дорост ва боз хубтар  шудааст. Алҳол зиёда аз 30 дарсади сармояи бонкҳои ҷумҳурӣ дар «Тоҷиксодиротбонк» аст.

- Ин нишондиҳандаи он аст, ки воқеан вазъ беҳтар мешавад ва он сарусадоҳое, ки байни мардум аст, бепоя ҳастанд?

- Бале, сад дарсад овозаҳо бепоя ҳастанд. Мо вазъиятро дуруст мекунем ва барои ин амволи хеле зиёд дорем. Онҳоро хоҳ арзон мегиранд ё қимат, фурӯхта, пули мардумро дода истодаем. Вале баъзе аз амвол ҳаҷман бузурганд ва нархҳояшон низ баланд. Масалан, то сад ва 500 миллион сомонӣ. Барои фурӯши онҳо ҳам кор карда истодаем.

- Метавонед бигӯед, ки то кунун чанд дарсади мардум маблағи худро бозпас  гирифтаанд?

- Камшавии маблағ дар ҳисобҳои шахсони воқеӣ аз интиҳои соли 2016 792 млн. сомонӣ ё 55,7 %, ки аз он дар соли 2018 136 млн.сомонӣ ё 17,7 %-ро ташкил намуд. Ин ҳам бошад, зиёда аз 50-60 млн. ба баъзе бонкҳои хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқӣ тааллуқ дорад ва камтар аз 600 млн. сомонӣ  ба шахсони воқеӣ, яъне шаҳрвандони мамлакат.

- Мизони пардохтпазирӣ чӣ? Оё он беҳбуд ёфтааст?

- Албатта, ба дараҷае ки лозим аст, беҳбуд наёфтааст, вале ҳар моҳ ба мардум на камтар аз 3-4 млн. сомонӣ пардохт карда истодаем. Ҳамчунин, чизи дигарро низ қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳоли ҳозир аз мардум маблағ намегирем, яъне,  амонат ҷалб намекунем, вале маблағ дода истодаем.

- Тарзи хизматрасонӣ чӣ гуна аст? Ба воситаи банкоматҳо ё…?

- Ҳоло ба мардум тавассути ду усул маблағ дода истодаем. Баъзеҳо бо розигии тарафайн аз хазинаи бонк маблағ мегиранд ё ин ки ба воситаи банкомат. Чунки алҳол дар ҳамаи банкоматҳо пул намегузорем. Муштариён танҳо аз банкоматҳои марказӣ бо корт ҳар рӯз 200 сомонӣ метавонанд гиранд.

- Моҳи майи соли гузашта ҳайате аз соҳибкорони Арабистони Саудӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд ва хабар ҳам нашр шуд, ки онҳо то 51 дарсади саҳмияҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» — ро харидорӣ менамоянд. Дар ин бора чӣ гуфта метавонед?

- Баъзе аз шартномаҳо баста шуданд. То охири сол воридшавии маблағ дар назар буд, вале баъзе мушкилоти молиявие ҳаст, ки онҳоро ҳисобу китоб ва омӯхта истодаанд, шояд то 6 моҳи дигар ин раванд давом кунад.

Моҳи марти соли 2018 мо низ сафар дош­тем ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дар он ҷо бо роҳбари ин гурӯҳи сармоягузорӣ протоколи ҳусни тафоҳум имзо кардем. Вақте ки гурӯҳи сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба кишвар ташриф оварданд, дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати молия, Бонки миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хулоса омадем, то 51 дарсади сармояро ба онҳо фурӯшем. Умуман, дар ин самт кор ҷараён дорад.

- Вақте ки 51 дарсади саҳмия фурӯхта мешавад, оё бонк ба ихтиёри онҳо намегузарад?

- Тибқи қонуни ҷамъиятию саҳомӣ, агар нафаре аз 50 дарсад як саҳмия зиёд гирад, ҳаққи иваз ё таъин намудани роҳбариятро дорад. Умуман, салоҳият дар дасти ӯ мешавад.

- Аз рӯи шунидамон, дар пайи фаъолияти роҳбарияти муваққатӣ сохтори бонкӣ аз ҷиҳати кадрӣ тағйир ёфт. Ҳамин тавр не?

- То мудирияти муваққатӣ шумораи кормандон 3 ҳазору 200 нафар, филиалҳо — 100, марказҳои хизматрасонӣ зиёда аз 52 адад буд.  Алҳол 11 маркази хизматрасонӣ ва 39 филиал дорем. Кормандони расмӣ 570 нафар ҳастанд, бо дарназардошти кормандони ғайриштатӣ 850 нафар. Умуман, дида баромада истодаем, ки дар куҷо маб­лағро кам харҷ намоему маблағи мардумро баргардонем.

- Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки фоизи қарзҳои бонкӣ поин бурда шавад, вале Бонки миллӣ инро ба инобат нагирифт. Дар ин маврид назари шуморо донистан мехостем?

- Бонки миллӣ супориш дода наметавонад, ки фоизи бонкиро боло ё поён барем. Мизони фоизӣ вобаста аст аз ҷалби амонати ҷалбкардашуда ва мо айни замон, чӣ хеле ки гуфтам, амонат нагирифта истодаем, дар талоши баргардонидани қарзҳои пешина ҳас­тем. Қарзҳои наве, ки  шояд 2 миллион дода бошем, фоизашро паст кардем. Барои мисол, фоизи қарзи доллариамон аз 8 то 15% ҳаст ва фоизҳои қарзи наве, ки додем, бо сомонӣ аз 18 то 24% аст.

- Дурнамои фаъолияти бонкро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Меъёрҳои Бонки миллӣ аз 19 — то иборат аст ва 17 — тои онро ҳама вақт иҷро кардем. Бо дарназардошти он ки соли 2017 112 млн. сомонӣ пули давлат, яъне қарзро баргардонидем, меъёри пардохтпазирӣ аз 30 фоизе лозим буд, аз моҳи феврали соли 2018 поёнтар рафт ва ба 13,32 % расид. Меъёри дигаре, ки иҷро карда нметавонис­тем, хариди саҳмияи дигар корхонаҳо аст.

- Пешниҳод бобати он, ки бонувон дар бонкҳо ба кор ҷалб карда шаванд, ҷонибдорӣ ёфт?

- Қаблан қариб 1 ҳазору 100 зан дар «Тоҷиксодиротбонк» кор мекарданд. Алҳол бо сабабҳои ба ҳама маълум, баъзеи онҳо аз кор рафтанд ва қисмеро аз кор озод намудем. Алҳол 43 фоизро ташкил медиҳанд, кӯшиш дорем, ки оянда ҳадди ақал аз 50 фоиз бештар бошанд.

- Қаблан роҳандозии бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон тавассути бонки шумо пешбинӣ гардида буд…

- Аз соли 2010 ин корро карда истодаем. Хостем аз бонки хурд шурӯъ кунем, яъне бонки фаръӣ дорем дар назди «Тоҷиксодиротбонк» ва он Бонки рушди Тоҷикистон аст. Агар бо гурӯҳи сармоягузории Арабистон корамон то охир рафта расад, метавонем дар «Тоҷиксодиротбонк» ин корро кунем. Чунки дар шартнома ҳам ҳамин аст, ки дар сурати ворид шудани онҳо бо тарзи исломӣ кор мекунем ва ташкили Бонки исломиро дар заминаи «Тоҷиксодиротбонк» анҷом медиҳем.

- Шумо дурнамои фаъолияти бонкҳои ҷумҳуриро чӣ гуна мебинед?

- Алҳол дар бонкҳо мушкилӣ зиёд аст. Гарчанде ки дар гузашта  итминони мардум каме поин шуд, хушбахтона, бовар карда истодаанд. Бо вуҷуди ин, ҳоло чанде аз корхонаҳо, ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ доранд ва баъзеи дигар хоҳиши ҳамкорӣ карданро изҳор кардаанд. Ин гувоҳи он аст, ки боварӣ зиёд шуда истодааст.