Ба истиқболи 95 - солагии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ

Тоҷикистон бо 20 кишвари дуру наздик алоқаи ҳавоӣ дорад

№105 (4055) 31.08.2019

_DSC0011Суҳбат бо директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода

- Дар оғоз хоҳишмандам роҷеъ ба таърихи авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон мухтасар маълумот диҳед?

- Фаъолияти соҳаи авиатсияи гражданӣ 3 сентябри соли 1924 оғоз ёфта, маҳз дар ҳамон рӯз аввалин ҳавопаймои тамғаи Ю-13, ки аз шаҳри Бухоро парвоз кард, ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе (он вақт Сталинобод) фуруд омад. Сипас, қадам ба қадам соҳа пеш рафт, фурудгоҳҳо кушода, терминалҳои мусофиркашонӣ сохта, хатсайр­ҳои нави ҳавоӣ ба истифода дода шуданд. Ба ҷумҳурӣ ҳавопаймоҳои нав ба нав ворид гаштанд.

Солҳои 1929-1940 хатсайр­ҳои нав аз Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Фархор, Хуҷанд, Ҷиргатол, Тавилдара, Ишкошим ва Муъминобод кушода шуданд. Соли 1932 бинои нави аэровокзал дар Хоруғ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин, соли 1932 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавопаймои Р-5 ва соли 1945 ҳавопаймои нави Ли-2 ворид ва хатсайри нави самти Душанбе — Москва — Душанбе ифтитоҳ гардид.

20 майи соли 1945 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ташкил шуд, ки ба бехатарии парвозҳо ва мукаммалсозии истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳим гузошт.

Солҳои баъдӣ, давра ба давра, ҳавопаймоҳои насли нави давр — ТС-82 (соли 1948), Ил — 12 (1954), Ил — 14, Ан — 2, Як — 12 (1956), Ил-18 (1960) ворид ва парвозҳояшон дар хатсайрҳои миёна ва дароз шурӯъ гардид. Соли 1962 хатсайрҳои нав ба самтҳои Фрунзе, Алмаато ва Новосибирск кушода шуданд. Дертар, соли 1965, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чархболи Ми — 4, соли 1968 — ҳавопаймои Ан-24 ва соли 1970 ҳавопаймои нави Як — 40 ворид гардид.

Ҳамчунин, соли 1970 дар фурудгоҳи Хуҷанд аэровокзали нав кушода шуд, ки дар он давра калонтарин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. Чор сол баъд ба ҷумҳурӣ якумин ҳавопаймои Ту — 134 ворид карда шуд. Ҳамин тариқ, солҳои баъдӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавопаймоҳои тамғаи Ту — 154 (соли 1978), Ан-28 (1985) ворид карда шуданд. Бо ҳавопаймои Ан — 28 дар хатсайрҳои маҳаллии кишвар то ба ҳол парвозҳо амалӣ карда мешаванд.

- Рушди соҳа солҳои аввали соҳибистиқлолӣ чӣ тавр ҷараён гирифт?

- Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ авиатсияи граждании кишвар рӯ ба рушд ниҳода, ҷуғрофияи парвозҳо васеъ шудан гирифтанд. Аз ҷумла, соли 1992 аввалин хатсайри байналмилалӣ аз Душанбе ба самти Теҳрон, соли 1995 ба самтҳои Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Олмон ва соли 1996 ба самтҳои Хитой, Туркия ва Аморати Муттаҳидаи Араб кушода шуданд. Соли 2003, бори аввал, ҳавопаймоҳои кишвар аз шаҳри Душанбе ба самтҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон ва Малайзия парвоз карданд. Аз соли 2007 дар хатсайрҳои байналмилалӣ ҳавопаймоҳои муосири тамғаи ғарбии «Боинг» истифода мешавад.

Боиси тазаккур аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба соҳаи авиатсияи гражданӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир ва барои мустаҳкам намудани инфрасохтори соҳа дастгирии ҳамаҷониба менамоянд. Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Рушди авиатсияи гражданӣ, муҳайё намудани шароити муосири инфрасохторӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизмат­расонӣ яке аз омилҳои асоситарини рушди туризм мебошад, ки дар навбати худ шарти муҳими рушди иқтисодиёти кишвар, афзоиши даромади ширкатҳо ва фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ мебошад».

Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» терминали нави муосир барои мусофирон сохта, соли 2014, дар Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ботантана мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин, моҳи июни соли 2018, дар арафаи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ, дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» сохтмони терминали нави боркашонӣ ба анҷом расид, ки бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана мавриди истифода қарор гирифт.

26 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе ­Рустами ­Эмомалӣ толори қабули меҳмонони расмии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Толори қабули меҳмонони расмӣ бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дар сатҳи баланд ва тибқи анъанаҳои миллии халқи тоҷик қабул ва гусели намояндагони расмии кишварҳои хориҷ, аз ҳисоби маб­лағҳои даромади ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бунёд гардидааст.

Дар баробари ин, бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия иншооти муҳими соҳаи авиатсияи гражданӣ — Манораи нави назоратӣ-танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик­аэронавигатсия» дар 18 моҳ бунёд карда шуд, ки 27 июни соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Он, ки яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ ба шумор меравад, мутобиқ ба меъёру талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шудааст. Инчунин, зикр кардан бамаврид аст, ки маҳз бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №596 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис ёфт.

- Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?

- Бояд гуфт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 20 кишвари дуру наздик алоқаи ҳавоӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, дар ин давра бо зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расиданд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардидан, барои рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳо, муассисаҳо ва ниҳодҳои тахассусии он заминаи устувор фароҳам омад. Алалхусус, заминаи асосиро барои рушди байналмилалии соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилшавии кишвар (23 ноябри соли 1992) ба Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ва эътироф намудани замимаҳои он, яъне Қатънома дар бораи авиатсияи байналмилалӣ (Chicago Convention 7 December 1944) гузошт.

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), Агентии бехатарии авиатсионии Аврупо (EASA) ва Лоиҳаи шарикии шарқӣ/Осиёи Миёна (Eap/CA) кумак ба давлатҳои шарикони Шарқ ва Осиёи Миёна, аз ҷониби мутахассисони соҳаи авиатсияи граждании Аврупо курсҳои омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони корхонаҳои авиатсионии кишвар ва зерсохторҳои дигари агентӣ доир карда шуданд, ки баъди хатми онҳо иштирокчиён соҳиби сертификатҳои ташкилотҳои байналмилалии соҳавӣ гардиданд.

Айни замон, лоиҳаи созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Финляндия, Фаронса, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Аморати Муттаҳидаи Араб, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Британия Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Бояд хотиррасон шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои зич миёни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва авиатсияи граждании Ҷумҳурии Фаронса моҳи июли соли 2019 «Барномаи ҳамкории техникӣ» ба имзо расид, ки тибқи он мутахассисон донишу малакаи соҳавиро дар Донишгоҳи миллии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Фаронса, ки дар шаҳри Тулуз қарор дорад, такмил хоҳанд дод.

Натиҷаи ҳамкориҳост, ки ҳоло ба мусофироне, ки тавассути роҳҳои ҳавоӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ва баръакс сафар мекунанд, 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ, 12 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ ва чор фурудгоҳи байналмилалии кишвар — ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Фуруд­гоҳи байналмилалии Хуҷанд», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» хизмат мерасонанд. Аз фурудгоҳҳо ба 22 шаҳри давлатҳои ИДМ ва 8 шаҳри давлатҳои хориҷи дуру наздик ба ҳисоби миёна зиёда аз 150 парвоз дар як ҳафта иҷро карда мешавад.

Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар интиқоли байналмилалии мусофирон нақши муҳиму арзанда дорад, дар рушди иқтисодиёти кишвар, ҷалби бештари сйёҳон ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад саҳми намоён гузорад. Тасдиқи гуфтаҳои болоро метавон дар сохтори хизматрасонӣ ва интиқоли байналмилалии мусофирон дид, ки саҳми корхонаҳои авиатсионии кишвар аз мусофирони умумии хизматрасонидаи байналмилалӣ 80-85 фоизро ташкил медиҳад.

Айни замон, дар корхонаҳои авиатсионии кишвар зиёда аз 4200 нафар дар таъмини бехатарии парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ, хизматрасонии босифати муосир ба мусофирон ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузош­та истодаанд.

Нақшаҳо низ зиёд аст. Таъмини амнияти парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муътадил нигоҳ доштани арзиши чиптаҳо, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷониби ширкатҳо баҳри хидматрасонии босифат ворид намудани ҳавопаймоҳои миёнаҳаҷми муосир аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Итминон дорем, ки зина ба зина нақшаҳоро амалӣ менамоем ва ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардем.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»