Тоҷикистон — манбаи захираҳои бузурги об

№77(3378) 06.06.2015

Сеюми июни соли 2015 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо дар инкишофу пешрафти хоҷагии халқи мамлакат» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Top_006Ҷаласаи умумии конфронсро ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм Сафармамад Сафармамадов ифтитоҳ карда, гуфт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз марказҳои муҳими илмии кишвар маҳсуб ёфта, конфронси имрӯза натиҷаи тадқиқотҳои олимони донишгоҳ мебошад, ки ба ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) бахшида шудааст. Дар ҷаҳони муосир кишварҳои хурду бузург дорои неъматҳои гуногуни табиианд ва барои тараққиёташон онҳоро истифода мебаранд. Тоҷикистон низ, баробари дигар неъматҳои табиӣ, дорои захираҳои бузурги об мебошад. Нақши бузурги обро дар сайёра ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз минбари баланди Ассамблеяи генералии СММ  чандин иқдомҳои башардӯстона ироа кард, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Зикр гардид, ки об муъҷизаноктарин модда дар сайёраи мо буда, дорои хосиятҳои зиёди ғайримуқаррарист. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон 527  миллиард киловатт/соатро  ташкил медиҳанд, ки мо беш аз панҷ фоизи онро истифода мебарем.

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки аз захираҳои обии  худ пурсамартар  истифода  кунад. Солҳои охир неругоҳҳои барқи оби «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2» ба кор андохта шуд ва дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» корҳои барқарорсозӣ  идома доранд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Панҷ (дар Даштиҷум ва ноҳияи Рӯшон) ва дар дарёи Зарафшон  (дар ноҳияи Айнӣ)  сохта шавад. Ин имконият медиҳад, ки истиқлолияти энергетикииТоҷикистонро таъмин намуда, ба пешрафти иқтисодиётамон пойдевори устувор гузорем.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми  аъзами сарфи об ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд. Сарфи назар аз он ки дар  кишвари мо захираҳои бузурги об мавҷуданд, дар баъзе ноҳияҳо норасоии об ба мушоҳида мерасад.  Ин моро водор месозад, ки дар оянда баробари бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба масъалаи бо оби тоза таъмин намудани маҳаллаҳои аҳолинишин низ диққати ҷиддӣ диҳем, — гуфт дар хотимаи суханрониаш          С. Сафармамадов.

Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуҳиддин Маҳмадаминов низ бо зикри иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон ҳамзамон иброз дошт, ки олимону муҳаққиқон ва коршиносони мо дар ҳалли масъалаҳои мубрами вобаста ба об саҳми худро мегузоранд. Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои оби тоза дар ҷаҳон яке аз кишварҳои пешоҳанг ба ҳисоб меравад. Дар қаламрави кишвар захираҳои оби ҷоришаванда ба ҳисоби миёна 64 миллиард метри кубиро ташкил медиҳад, ки он ба 55,4 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ баробар мебошад. Беш аз 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгиранд, ки онҳо қариб дар даҳ фоизи ҳудуди кишварамон доман паҳн кардаанд. Ҳаҷми истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи хоҷагии халқи мамлакат 8,9 миллион метри кубиро ташкил медиҳад. Дар кишварамон сарфи назар аз захираҳои кофии об имрӯз андаке бештар аз 57 фоизи аҳолии мамлакат ба манбаъҳои бехатари оби нӯшокӣ ва қариб 30 фоизи онҳо ба шароити хуби санитарӣ дастрасӣ дорад. Масъалаи таъмини аҳолӣ бо об алалхусус дар деҳот душвор аст.

Маърӯзаи директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Ҳисориев низ ҷолиб буд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки аз ҳамаи унсурҳои табиии барои ҳаёт муҳим асоситаринаш  об мебошад. Бе ҳаво, яъне бе оксиген баъзе организмҳо метавонанд, ки ҳаёт ба сар баранд. Чунин микроорганизмҳо бактерияҳои анаэробоӣ мебошанд, аммо бе об ҳатто ҳамин бактерияҳо арзи вуҷуд карда наметавонанд. Бинобар ин, об аз унсурҳоест, ки дар пайдоиши ҳаёт дар сайёраи мо нақши аз ҳама муҳим мебозад. Имрӯз дар замони инкишофи илму техника ва рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мо ба унсури асосии ҳаёт, яъне об бояд муомилаю муносибати оқилона намоем.

Аҳамияти захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маърӯзаи мудири кафедраи экологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ Р.  Забиров низ таври муфассал таҳлилу баррасӣ гардид. Дар ин замина мавсуф иброз дошт, ки  Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дорои сарватҳои бебаҳои табиӣ буда, дар ҳудуди он ба миқдори зиёд захираҳои гуногун, аз ҷумла захираҳои обӣ ҷойгиранд. Оқилона истифода ва ҳифз намудани онҳо дар ояндаи наздику дур баҳри пешрафту инкишофи иқтисодиёт  хеле муҳим аст. Бештари обҳои табиии дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиршуда дар шакли пиряхҳо, барфҳои мавсимӣ, кӯлҳо, обанборҳо, обҳои зеризаминӣ ва дарёҳо захира шудаанд. Захираҳои обии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда на танҳо ҳамчун захираи оби нӯшокӣ истифода мешаванд, балки имрӯз ва фардо дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат аҳамияти муҳим доранд.

Доктори илмҳои техникӣ И. Саидов — корманди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҷеъ ба масъалаи баррасишуда андешаронӣ намуда, дар хулосаи маърӯзаи хеш гуфт, ки имрӯз, зимни баррасии масоили об, ба идоракунии маҷмӯӣ ва интегралӣ бештар таваҷҷуҳ мешавад. Дар корҳои илмӣ, маводи тадқиқотӣ идоракунии ташаккулёбии обро ба назар намегиранд. Дар Тоҷикистон, ки 80 фоизи ташаккулёбии об ба амал меояд, ба ин масъала бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.

Сипас, кори конфронс дар бахшҳои алоҳида идома ёфт. Олимону коршиносон доир ба масъалаҳои  таъсири  об ба саломатии инсон, захираҳои обҳои гарми зеризаминии ВМКБ ва истифодабарии онҳо дар инкишофи хоҷагии халқ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи кӯлҳои кишвар,  аҳамияти манбаъҳои обӣ дар ташаккулёбии туризм, муаммоҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра маърӯзаҳо карда, мубодилаи афкор намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби кафедраи экологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо дар инкишофу пешрафти хоҷагии халқи мамлакат» маҷмӯаи мақолаҳои илмии олимону коршиносон нашр ва ба иштирокчиёни конфронс дастрас шуд.

Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»