Тоҷикистону Беларус: ҳамкориҳои судманд тақвияти бештар хоҳанд ёфт

№151 (3945) 20.12.2018

ываБо дархости Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус чанд нафар аз кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 9 то 15 декабри соли равон дар шаҳри Минск дар курсҳои махсус оид ба мавзӯи «Сифатҳои корӣ ва фардии роҳбари муосир» иштирок намуда, бо Шаҳодатнома (сертификат) — и махсуси сатҳи байналмилалӣ сарфароз гардиданд.

Пас аз анҷом роҳбари гурӯҳ — мудири бахши Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Наимӣ Аъламхон Қодириён ба ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус Геннадий Палчук миннатдории самимӣ баён карда, туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла, китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Эҳёи Роғун» ва рамзи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро тақдим намуд.

Шунавандагон сатҳи баланди омодагӣ ва муҳимияти барномаи пешниҳодшударо зикр ва изҳори умед намуданд, ки ҳамкориҳои судманд минбаъд тақвияти бештар меёбанд. Инчунин, масъалаи имконпазирии бастани шартномаи ҳамкорӣ байни Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар ин бора сомонаи расмии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус иттилоъ додааст.

«Садои мардум»