Набзи истеҳсолот

«Тоҷиксемент» фаъол мешавад

№108 (3093) 29.08.2013

DSC_0155

Шуруъ аз панҷуми сентябри соли ҷорӣ ин корхонаи овозадор, ки бинобар қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ фаъолияташ мутаваққиф гашта буд, истеҳсоли сементро бо истифода аз ангишт роҳандозӣ менамояд

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, аз оғози соли ҷорӣ  инҷониб интиқоли гази табиӣ ба кишварамон қатъ гардид. Табиист, ки ин омил ба бахши саноати мамлакат таъсири манфии хешро расонид. Зеро, корхонаҳои азими кишвар, аз қабили КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ҶСК «Тоҷиксемент» ва ғайраҳо, ки фаъолияташон бо истифодаи гази табиӣ сурат мегирифт, дар натиҷаи ин иқдом ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ гаштанд. Хушбахтона, дар як муддати кӯтоҳ дар заминаи чораандешиҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо истифода аз ангишт истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ монд. Иқдоми фавқуззикр ин корхонаи азимро аз пайомадҳои ногувори қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ, ки масъулини ҳамсоякишвар ва «коршиносон»-и дохилӣ онро «пешгӯй»-ӣ намуда буданд, эмин нигоҳ дошт.

Баъд аз натиҷаҳои дилхоҳ додани иқдоми зикршуда, бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати энергетика ва саноати мамлакат якҷоя бо роҳбарияти ҶСК «Тоҷиксемент» оид ба гузариши ин корхона аз истифодаи гази табиӣ ба ангишт чораандешӣ намуданд. Чунки ин корхонаи азиму овозадор дар таъмини иншооти муҳиму стратегӣ ва аҳолии кишвар бо сементи хушсифат нақши муассир дорад ва табиист, ки  бидуни фаъолияти он раванди таъмини иншооти мазкур ва сокинони мамлакат  бо ин намуди маҳсулоти сохтмонӣ ба мушкилот мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки бар асари қатъ гардидани фаъолияти корхона як қисми кормандони он бо навбат ба рухсатии бемузд фиристода шуда буданд. Бо мақсади роҳандозӣ намудани фаъолияти корхонаи зикршуда бо истифода аз ангишт вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ ва директори генералии ҶСК «Тоҷиксемент» Маҳмадсаид Зувайдов ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафари корӣ анҷом дода, бо роҳбарияти ширкатҳое, ки дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ доранду дар арсаи байнамилалӣ  эътироф шудаанд, як силсила мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданд. Гуфтан бамаврид аст, ки ин сафар натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард ва шуруъ аз моҳи марти соли равон ширкати «KATLON INTERNATIONAL INDUZTRY (IANIN) CROUP»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар заминаи шартномаи тарафайн бо ҶСК «Тоҷиксемент» ба бунёди коргоҳи махсусгардонидашуда ва васлу насби таҷҳизоте, ки гузариши корхонаи мазкурро аз истифодаи гази табиӣ ба ангишт баҳри истеҳсоли маҳсулот таъмин менамояд, оғоз намуд.

Аз суҳбат бо директори генералии корхона, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдов иттилоъ гирифтем, ки роҳандозӣ намудани чунин тарзи истеҳсоли маҳсулот дар корхонае, ки то ин замон бо гази табиӣ фаъолият дошт, иқдоми саҳлу содда набуда, бунёди як коргоҳи ҷадидро шабеҳ аст.

- Сарфи назар аз ин ва дигар мушкилоти мавҷуда мо тасмим гирифтем, ки ин корро дар сатҳу сифати баланд амалӣ намоем,- мегӯяд ҳамсуҳбатам. Нуктаи муҳим он аст, ки тамоми маблағи бо ин мақсад харҷшуда аз ҳисоби худи корхона буд, ки  то ин замон се миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни боздид аз маҳалли иншооте, ки ин гузаришро имконпазир менамояд, воқеан ҳам муътақид гардидам, ки  роҳбарияти ҶСК «Тоҷиксемент» боз як коргоҳи дигарро, ки бо  истифода аз таҷҳизоти замонавии ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ фаъолияташро пеш хоҳад бурд, бунёд намуда истодааст. Кор дар иншоот бо ҷӯшу хурӯш идома дошт. Бино ба гуфти саркори қитъаи сохтмон Мирзошариф Бобохонов, дар ин макон ҳудуди 100 нафар сохтмончиён фаъолият доранд. Маълум гашт, ки аз ин теъдод 70 нафарашонро ҳамватанонамон ташкил медиҳанд. Нуктаи ҷолиб он аст, ки ба кори сохтмон маҳз кормандони корхона, ки бо сабаби қатъ гардидани фаъолияти он дар рухсатии бемузд қарор доштанд, ҷалб шудаанд. Масолеҳи сохтмоние, ки зимни бунёди ин иншоот истифода шудаанд, ба истиснои таҷҳизоти васлшаванда, маҳсули корхонаҳои дохили кишвар буд. Ин иқдом ба хотири мусоидат намудан ба рушди истеҳсолоти ватанӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ аз ҷониби роҳбарияти ҶСК «Тоҷиксемент» амалӣ шудааст. Зимни суҳбат бо Мирзошариф Бобохонов ҳамчунин иттилоъ гирифтем, ки кулли техникаҳои сохтмонии дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ истифодагардида низ ба  худи корхона тааллуқ доранд. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки ҳамрадиф бо сарфа намудани маблағ кормандони корхона, ки бо сабаби зикршуда то ин замон бекор монда буданд, бо ҷойи кор  ва маоши арзанда таъмин гарданд.

Директори генералии корхона Маҳмадсаид Зувайдов аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии аз ҷониби ширкати «KATLON INTERNATIONAL INDUZTRY (IANIN) CROUP» ҷараёндошта изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки роҳбарияти ширкат барои ҳар чӣ зудтар мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намуда истодааст. Масалан, аксари дастгоҳ ва таҷҳизоте, ки барои ин коргоҳ бояд истифода шаванд, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас шуда, танҳо васлу насби он дар ин ҷо амалӣ гашта истодааст. Фаъолияти таҷҳизоти мазкур бо риояи қатъии талаботи бехатарии экологӣ, ки дар ҷаҳони муосир аз мавзуъҳои муҳим маҳсуб меёбад, сурат гирифта, ангишт аввал дар дастгоҳҳои махсус бехта, баъд аз гузаштани коркарди пешбинишуда дар таҷҳизоти дигар, сипас, ба оташдони даврзананда интиқол меёбад. Маҳмадсаид Зувайдов муътақид аст, ки бо гузариши корхона аз гази табиӣ ба ангишт дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот ба муҳити зист таъсири манфӣ нахоҳад дошт. Зеро, тамоми таҷҳизот ва дастгоҳҳои истифодашуда истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошанд ва ширкати «KATLON INTERNATIONAL INDUZTRY (IANIN) CROUP» низ таҷрибаи ғании фаъолият дар ин бахшро дорад. Коргоҳи мазкур имконият фароҳам меорад, ки ду оташдони даврзанандаи корхона фаъол шаванд. То ин замон зиёда аз 90 фоизи корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, танҳо васлу насби баъзе таҷҳизот боқӣ мондааст. Дар назар аст, ки санаи панҷуми сентябри соли равон, яъне дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии кишварамон, бо истифода аз ангишт як оташдони даврзананда баъд аз танаффус ба фаъолият шуруъ намояд. Давоми чунин муддати кӯтоҳ амалӣ гардидани ҳадафи мазкур маҳз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати энергетика ва саноати мамлакат ва  меҳнати пурмаҳсули роҳбарият ва кормандони ҶСК «Тоҷиксемент» имконпазир гардидааст. Тибқи суханони директори генералии корхона дар ояндаи наздик дигар иқтидорҳои корхона низ бо истифода аз ин усул мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Иқдоми мазкур замина фароҳам меорад, ки корхона дар як шабонарӯз 600 тонна семент истеҳсол намояд. Барои истеҳсол шудани ин миқдор семент 240 тонна ангишт масраф хоҳад гашт. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки ба ҷойи гази табиӣ истифода гардидани ангишт ҳаргиз ба сифати сементи истеҳсолменамудаи корхона, ки то ин замон дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гаштаву бо ҷоизаи байналмилалии «Бурҷи Аврупо» низ қадрдонӣ гаштааст, таъсири манфӣ намерасонад.

Тавре аз суханони ҳамсуҳбатам маълум гашт, корхона бо КВД «Фон-Яғноб» шартномаи ҳамкорӣ бастааст, ки дар асоси он аллакай захира намудани ангишти хушсифат барои фаъолияти минбаъда шуруъ гаштааст. Мавриди истифода қарор гирифтани усули ҷадид ҳамзамон имкон фароҳам меорад, ки 43 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шаванд. Дар робита ба ин масъала, мо аз Маҳмадсаид Зувайдов пурсон шудем, ки оё ин теъдод кормандон барои истеҳсоли ҳаҷми пешбинишудаи  семент, ки 600 тонна дар як шабонарӯз муайян шудааст, кам нест? Номбурда дар посух зикр намуд, ки тамоми таҷҳизоти дар раванди гузариш истифодашаванда, замонавӣ буда, аксарашон тариқи компютер идора мегарданд. Маҳз ҳамин омил шароит фароҳам овардааст, ки бо ҷалби нисбатан ками қувваи корӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли  ҳаҷми зиёди  маҳсулот имконпазир гардад. Дар маҷмуъ, гузариши ҶСК «Тоҷиксемент» аз гази табиӣ ба ангишт баҳри истеҳсоли маҳсулот марҳилаи сифатан нави эҳё ва рушди ин корхонаи азиму овозадорро ҳусни оғоз бахшида, имкон медиҳад, ки ин иншооти стратегии кишвар ва аҳолии ҷумҳурӣ  бо сементи баландсифат таъмин гарданд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»