Ваҳдат сутуни давлат аст

№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

post-2209870-1330195363Чанде пеш дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — заминаи устувори таҳкими ҳокимияти судӣ» ҷамъомад доир гардид.

Дар он раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода иброз дошт, ки бист сол қабл, баъди музокироти тӯлонӣ, ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади муҳим барои халқ сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба имзо расидани он нақши бориз доранд.

- Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътирофу омӯзиш қарор гирифтааст, — гуфт М. Қаландарзода.

Дар нишаст, инчунин мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ С. Шоназаров ва муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҳмонзода мулоҳизаронӣ намуда, судя ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ», «Ваҳдати миллӣ — пойдевори давлати соҳибистиқлол», «Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» маърӯза карданд.

 Шарофат  АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»