Мулоҳиза ва пешниҳод

Вақт рафт — нақд рафт

№6 (3956) 15.01.2019

Ё чӣ кор бояд кард, ки барқи изофӣ дар мамлакат бе харидор намонад?

b5b5c2db443062fb9acffb5758959a0eМоҳи ноябри соли 2018 Бонки осиёии рушд ҷудо кардани грант барои васл намудани системаи энергетикии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистонро тасдиқ кард. Бояд гуфт, ки то соли 2009 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалқаи Сис­темаи муттаҳидаи шабакаҳои барқии Осиёи Марказӣ пайваст буд. Бо тасмими роҳбарияти онвақтаи Ӯзбекистон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин шабакаи минтақавӣ канда шуд. Арзиши умумии лоиҳаи барқарорсозии системаи энергетикӣ 40 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он 5 миллион долларро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозад. Дар назар аст, ки лоиҳа соли 2022 пурра амалӣ карда мешавад.

Амалишавии лоиҳа барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад? Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки бо гармшавии муносибатҳо табодули мол ва робитаҳои иқтисодӣ ба маротиб зиёд гашт. Ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, аз моҳи апрел то сентяб­ри соли 2018 аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 1,5 миллиард киловатт/соат неруи барқ содирот гардид. Ҳоло ба ҷумҳурии ҳамсоя зеристгоҳи «Регар» бо роҳи «ҷазиравӣ» (автономӣ, асинхронӣ) тавассути хатҳои барқи 110 ва 220 кВ неруи барқ интиқол медиҳад. Иқтидори барқгузаронии хатҳои мазкур мутаносибан 50 — 200 мегаватт мебошад. Дар сурати амалишавии лоиҳаи фавқуззикр иқтидори барқгузаронии хатҳои баланшиддат ба ҷумҳурии ҳамсоя танҳо дар як занҷира ба 1000 мегаватт хоҳад расид. Тавассути он ба ҷойи 150 — 250 километри ҳозира то ба дурии 1200 километр барқ интиқол додан мумкин хоҳад шуд.

То ин дам ҳар сол дар фасли тобистон, бинобар набудани имкони содироти барқ, баробари истеҳсоли 4 — 4,5 миллиард киловатт. соат неруи барқ аз обанбори Норак обро бефоида ҷорӣ мекарданд. Агар лоиҳаи дар боло зикршуда амалӣ гардад, метавонем дар як сол танҳо ба Ӯзбекистон 4 — 5 миллиард киловатт/соат барқ фурӯшем. Ҳатто дар сурати бо нархи арзонтарин, яъне ҳар киловаташ 2 — 2,5 сент фурӯхтани барқ соле 100 — 120 миллион доллар ба буҷети мамлакат ворид мешавад.

Тавре зикр гардид, лоиҳаи мазкур соли 2022 амалӣ хоҳад шуд. То он вақт суол ба миён меояд, ки бояд барқи изофиро чӣ кор кунем? Бо ба истифода додани як агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» истеҳсоли барқ дар мамлакат 100 мегаватт зиёд шуд. Моҳи апрели соли равон боз як агрегати дигари он ба истифода дода мешаваду 100 мегаватти дигар илова мегардад. Ба андешаи ман, ғайр аз Ӯзбекистону Қирғизистон метавон барқи изофиро ба минтақаҳои ҷанубии Қазоқистон фурӯхт, зеро дар ин кишвари аз лиҳози иқтисодӣ муқтадири Осиёи Марказӣ талабот ба барқ босуръат меафзояд. Агар соли 2011 дар Қазоқистон талабот ба неруи барқ 86,2 миллирад киловатт- соатро ташкил дода бошад, ин рақам соли 2030 ба 145 миллиард киловатт/соат хоҳад расид. Ба таври дигар гӯем, талабот ба неруи барқ дар ин ҷо то соли 2030 боз 6,6 мегаватт зиёд мешавад. То ин дам қариб 87 фоизи истеҳсоли барқ дар Қазоқистон ба неругоҳҳои ҳароратӣ рост меояд, ки онҳо нефту газ ва ангиштсанг «истеъмол» мекунанд. Табиист, ки арзиши аслии истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои ҳароратӣ нисбат ба неругоҳҳои обӣ зиёд аст. Бинобар ин, Қазоқистонро барои хариди барқи кишвар ҷалб бояд кард. Агар бо Қазоқистон сарҳад ва хатти барқи мустақим надош­та бошем ҳам, метавон зимни тавофуқ бо ҷониби Ӯзбекистону Қирғизистон ин масъаларо ҳал намуд. Масалан, метавонем миқдори муайяни неруи барқро ба қисмати ҷанубии Қирғизистон содирот кунему Қирғизистон аз неругоҳҳои обӣ ҳамон миқдор барқро ба ҷануби Қазоқистон интиқол диҳад.

Бозори дигари барқ Афғонис­тон аст. Як қисми минтақаҳои шимолии Афғонистон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Туркманистон барқ мегиранд. Ғайр аз 300 мегаватт барқи барои Афғонистон пешбинишудаи лоиҳаи CASA — 1000 Тоҷикистон метавонад ба вилоятҳои Тахору Бадахшони ин кишвар низ барқ содирот намояд. Барои кашидани хатти барқ то маркази вилоятҳои мазкур Афғонистон бо роҳбарияти онҳо ва созмонҳои мададрасон ҳар чӣ зудтар гуфтушунид бояд кард. Пешвои исмоилиёни ҷаҳон — Оғохони IV 28 ноябри соли гузашта дар Женева барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ кашидани хатҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистонро зикр намуда, гуфт, ки бори нахуст бархе аз деҳоти шимоли Афғонистон бо кумаки Ширкати «Помир энерҷӣ» бо неруи барқ таъмин шуданд. Шоҳкарим ал — Ҳусайнӣ изҳор дошт, ки мехоҳад сокинони минтақаҳои вилояти Бадахшони Афғонис­тон бо барқи доимӣ таъмин гарданд. Кашидани хатти барқ ба Афғонистон боиси баланд шудани некуаҳволии сокинони ин кишвари ҷангзада хоҳад шуд.

Бо истифода аз кумаки Ташкилоти Оғохон оид ба рушд мумкин аст аз самти ноҳияи Ишкошим ба водии Вахони Афғонистон роҳи мошингард ва хатти барқу роҳи оҳан бунёду васл кард. Аҳамияти стратегии он барои ҷумҳурӣ хеле бузург мебошад, ки мавзӯи суҳбати алоҳида аст.

Барои барабас нарафтани неруи изофии барқи кишвар Ҳукумати мамлакатро лозим аст, ки барои вуруди нақлиёти барқӣ (электромобил, электропоезд, электробус, трамвайи монорелсӣ) шароит муҳайё намояд. Зеро бо мақсади таъмини нақлиёти «бензину соляркахӯр» соле қариб 500 миллион доллар аз кишвар берун меравад. Агар сол то сол шумораи нақлиёти барқиро зиёд кунем, ҳар сол ақаллан 100 миллион доллари он дар кишвар мемонад, ки маб­лағи кам нест. Аз тарафи дигар, неруи барқи изофӣ ҳам талаф намеёбаду ҳаво тоза мемонад. Албатта, кишварҳои нефтфурӯш ҳеҷ гоҳ ҳавасманди афзудани миқдори нақлиёти барқӣ нес­танд, аммо бояд манфиати кишварро ҳимоя кард.

Мабодо агар барои ёфтани бозори фурӯши барқ таъхир кунем, дигарон онро соҳиб мешаванд ва ё ниёзмандон чора меёбанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «вақт рафт — нақд рафт».

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»