Ташаббус

«Ватербокс» биёбонро ба боғу бӯстон табдил медиҳад

№83 (4033) 11.07.2019

DSC_7472Яке аз мушкилоти экологии сайёра торафт васеъ шудани майдони биёбонҳост. Зеро бо сабаби истифодаи нодурусти майдони кишту чарогоҳ раванди биёбоншавӣ дар ҷаҳон вусъат ёфта истодааст. Аз рӯи маълумоти омор, танҳо дар Федератсияи Россия, ки калонтарин кишвари сайёра ба шумор меравад, 50 миллион гектар замин дучори биёбоншавӣ гардидааст. Бо ин сабаб ҳар сол дар ҷаҳон 24 миллион тонна маҳсулоти озуқа талаф меёбад.

 Олимони соҳаи хокшиносӣ муайян кардаанд, ки дар сурати дар заминҳои нишеб кишт намудани пахта қабати 20 сантиметраи хок дар зарфи 21 сол дучори бодлес ё шусташавӣ (эрозия) мегардад. Ин рақам зимни коштани ҷуворимакка 50 сол, алафҳои бисёрсолаи табиӣ 25000 сол ва бунёди ҷангали пур аз анбӯҳи дарахтон 170000 солро ташкил медиҳад. Бартарии дигари бунёди ҷангал дар он аст, ки барги дарахтон мисли кӯрпа хокро аз зарбаи борону жола ҳифз намуда, решаҳои пурқуввати дарахтон заминро аз ҷаршавию шусташавӣ эмин нигоҳ медоранд.

Дар ҷумҳурӣ, ки 93 фоизашро кӯҳистон ташкил медиҳад, бар асари боришот шусташавии хоки ҳосилхез зиёд ба назар мерасад. Аз ин рӯ, қисми зиёди заминҳои лалмӣ танҳо дар фасли баҳор сарсабз буда, бо фарорасии гармии тобистон аз беобӣ зард мешаванд. Боиси хушнудист, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол майдони боғу токзори лалмӣ дар мамлакат меафзояд. Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар доираи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020», соли ҷорӣ дар майдони 3188 гектар боғу токзори нав бунёд меёбад. То қабули барнома майдони боғҳо дар ҷумҳурӣ 135,4 ҳазор гектар ва токзор 36,1 ҳазор гектарро ташкил медод. Боғу токзор, асосан, дар заминҳое бунёд меёбанд, ки намнокии хок барои нашъунамои ниҳолҳо кифоя мекунад. Аммо дар қисмати зиёди заминҳои минтақаи ҷануби мамлакат, ки тобистони гарму хушк дорад, бунёди боғу токзор мушкил аст. Бинобар ин, ҳазорон гектар заминҳои лалмии вилояти Хатлон бедолу дарахт ба назар мерасанд.

Иқдоме, ки мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» пеш гирифтаанд, бисёриҳоро ба ояндаи неки заминҳои лалмӣ хушбин намуд. Тавре муовини директори МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷаев иброз дошт, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) алҳол татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» идома дорад. Дар доираи маблағгузории грантии лоиҳа дар қатори трактору алафтойкунак, испор, алафдараваки роторӣ ва дигар техникаи кишоварзӣ, инчунин аз Голландия 10500 адад «ватербокс» (Waterbox) оварда шуд. Он қуттии махсуси сарфакунандаи об буда, дар заминҳои лалмии минтақаҳои дорои фарогири лоиҳа (ноҳияҳои Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Данғара) насб шудааст.

Мушовир оид ба рушди ҷомеаи муассиса Абдураҳмон Дамонов зикр намуд, ки дар деҳаи «Истиқлол»-и ноҳияи Фархор бо истифода аз «ватербокс» боғи писта бунёд карда истодаанд. Нашъунамои ниҳолҳои он хуб аст. Ҳамчунин, бо мақсади таҷриба 25 майи соли ҷорӣ 8 ниҳоли помидор бо истифода аз «ватербокс» шинонида шуд, ки алҳол ғарқи гул мебошанд. Инчунин, дар наздикии ниҳолҳои писта харбуза низ кишт карда шудааст, ки аз намии «ватербокс» баҳра бурда, ба гулкунӣ даромадаанд.

«Ватербокс» чӣ таҷҳизотест? Соли 2007 ихтироъкори голландӣ Петер Хофф таҷҳизотеро сохт, ки он ба қуттии мудаввари пластикӣ монанд буда, обро захира ва тавассути пилта ба решаи навниҳолон медиҳад. Дар ҳар як таҷҳизот як ё ду ниҳолро насб кардан мумкин аст. Ниҳол аз оби захираи қуттӣ, ки 15 литрро ташкил медиҳад, намӣ гирифта, реша медавонад. Ин таҷҳизотро ҳамчун таҷриба дар 65 гектар замини биёбони Саҳрои Кабири Африқо насб карда, ниҳоли дарахтони гуногунро шинониданд. Муъҷизаро бинед, ки 80 — 90 фоизи ниҳолҳо реша давонда, сабз шуданд. Ҳол он ки қаблан, новобаста аз обёрии ҳаррӯза, 5 фоизи ниҳолҳо низ реша намегирифтанд. Яъне 95 — 97 фоизи ниҳолҳо хушк мешуданд. Аммо бо истифода аз «ватербокс», дар маҷмӯъ, 25 номгӯй дарахту буттаҳо дар биёбони асрҳо сӯхтаву беҳаёт нашъунамо карданд. Тӯли таҷрибагузаронӣ дар 20000 «ватербокс» 55 ҳазор ниҳоли дарахт ба воя расиданд.

- Бартарӣ дар он аст, ки як «ватербокс» — ро барои ба воя расонидани чанд ниҳол метавон истифода кард. Муҳлати истифодаи он 10 сол аст. Баъди хуб реша давонидани ниҳол соли дувум ё сеюм метавон «ватербокс» — ро аз замин гирифта, барои парвариши навниҳоли дигар истифода бурд. Зимни гирифтан ба ниҳоли решааш мустаҳкамшуда осеб намерасад, — мегӯяд ҳамоҳангсози лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Тӯрақул Муродов.

Таҷҳизот ба гармию хунукӣ тобовар буда, решаи навниҳолонро аз зарари ҷонварони хоянда низ эмин нигоҳ медорад. Соли 2008 ба Питер Хофф дар Ҷаласаи байналмилалӣ оид ба илму технология дар шаҳри Амстердам барои ихтирояш 10000 евро супурда шуд. Соли 2010 бошад, Питер Хофф аз рӯи баҳодиҳии маҷаллаи «Popular science» машҳуртарин ихтироъкор эътироф гардид. Зеро ихтирои ӯ барои ба боғу бӯстон табдил додани заминҳои биёбони сайёра, ки 40 фоизи масоҳати хушкии заминро ишғол мекунанд, имконияти васеъ кушод. Ҳоло кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Хитой харидорони асосии «ватербокс» ба шумор мераванд. Дар ҷумҳуриҳои ИДМ бори аввал таҷҳизоти мазкурро кишвари мо дар доираи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳ» дастрас намуд.

Агар муассисаи давлатие воридкунӣ ва ё истеҳсоли «ватербокс» — ро ба роҳ монад, хоҷагиҳои лалмикори мамлакат аз хариди он бурд хоҳанд кард. Зеро истифодаи он аз кашидани хати об ва обёрии чандинкаратаи ниҳолҳо ба маротиб арзон афтида, хароҷотро бо фоидаи зиёд мепӯшонад.

Аз истифодаи «ватербокс» илова ба гирифтани ҳосили пис­таву бодом, чормағз, себу нок ва дигар меваҳо вазъи экологии мамлакат беҳтар гашта, ҳусни диёр меафзояд. Зеро кӯҳистон бо дарахтон зебост. Аз ин рӯ, истифодаи технологияи ҷадид, дар баробари ҳифзи обу хоки Ватан, инчунин боиси ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ хоҳад шуд, — мегӯяд Абдураҳмон Дамонов.

Дар Ҷумҳурии Халқии Хитой яке аз калонтарин биёбонҳои дунё — Такламакон воқеъ аст. Дарозии он аз ғарб ба шарқ аз 1000 километр ва аз шимол ба ҷануб 400 километрро ташкил медиҳад. Аз он шоҳроҳи калон мегузарад, ки Хитойи Марказиро бо Тибет ва ноҳияи мухтори Синтзян — Уйғур мепайвандад. Он соле чанд маротиба дучори «ҳамла»- и регҳои биёбон гашта, ҳаракати нақлиёт банд мешавад. Ҳукумати Хитой ҳар сол бо мақсади гирифтани пеши роҳи ҳаракати регҳо бо сарфи маблағи зиёд аз дарахту буттаҳо «девори сабз» месозад. Боғдорону ҷангалпарварони атрофи шоҳроҳ барои заҳмати шабонарӯзӣ маоши баланд мегиранд. Вале бо вуҷуди сарфи маблағи зиёд на ҳама ниҳолҳои шинондашуда месабзанд. Бо истифода аз «ватербокс» бошад имкони решадавонии ниҳолҳо хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, Хитой ба технологияи зикршуда таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Зеро дар сурати амалисозии ихтирои Питер Хофф бо хароҷоти нисбатан кам ба натиҷаи баланд ноил гаштан мумкин аст.

Роҳбарияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷалби сарварони хоҷагиҳои калон дар минтақаҳои зери лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» семинарҳои саҳроӣ ташкил намуда, афзалияти истифодаи «ватербокс» — ро муаррифӣ намоянд. Бовар аст, ки истифодабарии васеъ аз таҷҳизоти зикршуда амалисозии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ» ва раванди барқароркунии ҷангалзорро дар кишвар тезонида, боиси беҳтаршавии вазъи экологӣ, пешгирии шусташавии заминҳо, фаровоншавии меваю ангур ва полезиҳо, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, инчунин беҳшавии вазъи иқтисодии сокинони мамлакат мегардад.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ