Дар арзҳои дӯстӣ

Вираҷ Сингҳ: «Дар Тоҷикистон пешравии зиёд дидам»

№113 (4063) 21.09.2019

AUS07812Хабарнигорамон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ вохӯрда, дар бораи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ҳиндустон пурсон шуд.

- Шумо қаблан дар Тоҷикистон фаъолияти дипломатӣ доштед. Баъди 15 сол дубора омада, чӣ тағйиротро мушоҳида кардед?

- Бисёр шарафмандам, ки боз ба Тоҷикистон баргаштам. Мақсадам ин аст, ки дар рушди муносибатҳои ду кишвари солҳо бо ҳам дӯст ҳисса гузорам. Бемуболиға, вақте ба шаҳри Душанбе омадам, онро нашинохтам. Иморатҳои хуштарҳи баландошёна, боғу гулгаштҳои назаррабои он дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Дар тӯли 15 соли набуданам на танҳо дар пойтахт, балки берун аз он низ дигаргунии зиёдро мушоҳида кардам.

Тайи ду моҳе, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорам, ба мавзеъҳои сайёҳии Искандаркӯл, Арху (Ромит) ва ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон сафар намудам. Сифати роҳҳо ва инфрасохтори хизмат­расонӣ хеле беҳтар шудааст. Теъдоди мошинҳои гуногунтамға дар роҳҳо зиёд гардидааст, ки ин аз баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум гувоҳӣ медиҳад. Дар соҳаи саноату кишоварзӣ низ пешравиҳои зиёд дидам. Шумораи мағозаю марказҳои савдо, номгӯйи маҳсулоти хушсифат ва теъдоди иморатҳои хуштарҳ афзун гаштааст. Хулоса, ман дар ҳама соҳа пешрафту тараққиётро мушоҳида намуда, хурсанд шудам.

- Алҳол робитаҳои иқтисодӣ миёни Ҳиндустону Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Иқрор бояд шуд, ки ҳаҷми робитаҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар аз имкониятҳои мавҷуда хеле кам аст. Масалан, соли 2018 табодули мол миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 39 миллион долларро ташкил дод. Аз Ҳиндустон асосан маҳсулоти фармасевтӣ ва аз Тоҷикистон маъдани сурма содирот мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон 25 ширкати ҳиндустонӣ дар соҳаи фармасевтӣ фаъолият доранд. Дар соҳаи сохт­мон низ ҳамкориҳо ба назар мерасанд, мисли бунёди меҳмонхонаи «Ҳилтон», вале ин нокифоя аст.

Бозори Ҳиндустон бузург мебошад. Имкони содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ҳиндустон зиёд аст, вале рақамҳо моро қаноатманд карда наметавонанд. Чанде пеш ман бо вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Неъматуллозода мулоқот доштам. Ба хулоса омадем, ки ҳамкории соҳибкорони ду кишварро ба роҳ монда, барои онҳо шароит фароҳам орем, то бо имкониятҳои ҳамдигар аз наздик ошно шаванд.

- Оё баҳри вусъат додани ҳамкориҳо баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон ба нақша гирифта шудааст?

- Пеш аз ҳама, дар ин ҷода ҳамкориҳои Палатаи савдои саноати Ҳиндустон (FlCI) ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро таҳким бахшидан лозим аст. Аз 9 то 11 октябри соли равон дар шаҳри Бишкек Намоишгоҳи «Намашкар Евразия» баргузор мегардад. Дар он маҳсулоти сохтмон, дорусозӣ, тандурустӣ, энергия, кишоварзӣ, коркарди меваю сохтмон, савдою саноат ба намоиш гузошта мешавад.

Дар назар аст, ки моҳи ноябр дар Ҳиндустон намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти гуногун доир гардад. Хуб мешуд, ки соҳибкорони Тоҷикистон дар он ширкат варзида, бо соҳибкорони Ҳиндустон дурнамои ҳамкориро баррасӣ менамуданд. Ҳоло дар бахшҳои сайёҳӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавот, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, нахи пахта имкониятҳои истифоданашуда зиёданд. Сифати пахтаи Тоҷикистон хеле хуб аст. Ҷиҳати коркарди нахи пахта ва истеҳсол намудани маҳсулоти ниҳоӣ (либос) метавон ҳамкориро ба роҳ монд. Мутаассифона, соҳибкорони ҳар ду кишвар ҳанӯз аз имкониятҳои ҳамдигар пурра огоҳ нестанд. Барои огоҳонидани онҳо мусоидат бояд кард.

- Ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Дар соҳаи тандурустӣ ҳамкориҳо ҳастанд, вале на ба он дараҷае, ки мебояд. Соли 2018 шумораи раводиде, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои муолиҷа додем, 245 ададро ташкил дод. Аз он 138 раводид барои беморон ва 107 раводид барои парасторони онҳо. Хоҳони он нестем, ки шумораи беморон зиёд шавад. Аммо, агар зарурат пайдо шавад, дар шифохонаҳои Ҳиндус­тон имкониятҳои гирифтани табобати муосир мавҷуд аст. Арзиши хизматрасонии хушсифати тиббӣ, ташхисҳои лабораторӣ ва доруворӣ низ нисбат ба кишварҳои аврупоӣ арзон мебошад. Умед дорем, ки баъди барқароршавии хатсайри ҳавоии Душанбе — Деҳлӣ ҳамкориҳо дар ин самт вусъат меёбанд.

- Оё имкони дар Тоҷикистон ифтитоҳ намудани шифохонаҳои ҳиндӣ мавҷуд нест?

- Аксар шифохонаҳои Ҳиндустон хусусиянд. Ҳеҷ кас соҳибкоронро маҷбур карда наметавонад, ки дар ин ё он ҷо шифохона ифтитоҳ кунанд. Онҳо пеш аз ифтитоҳи шифохона ё дигар иншоот ҳисоб мекунанд, ки хароҷоташонро кай мебароранду аз он чӣ фоида мегиранд.

Баъди 15 соли дар Тоҷикистон набуданам мушоҳида кардам, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ хеле баланд шудааст. Муолиҷаи баъзе бемориҳо, ки қаблан мушкил буд, имконпазир гардид. Дар соҳаи ҷарроҳӣ пешравиҳои назаррас ба даст омадааст. Ҳатто аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон барои муолиҷа меоянд. Аз ҷумла, сифати хизматрасонии «Беморис­тони Ибни Сино», ки дар он мутахассисони эронӣ фаъолият мекунанд, беҳтар шудааст, мо низ ҳангоми зарурат ба онҳо муроҷиат мекунем. Бо вуҷуди ин, хуб мешуд, дар соҳаи тандурустӣ робитаҳои илмӣ ва табодули таҷрибаро дуруст ба роҳ монем.

Ҳоло дар шаҳри Бохтар шифохонае дорем, ки мардум метавонанд ҳафтае ду рӯз ба мутахассисони ҳиндустонӣ муроҷиат кунанд.

- Ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф чӣ гунаанд?

- Кайҳо боз бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи доимӣ дорем ва чорабиниҳои муштарак мегузаронем. Чанд сол боз донишҷӯёни ҳиндустонӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил мекунанд. Ҳар сол зиёда аз 30 донишҷӯи тоҷик дар макотиби олии Ҳиндустон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, тавассути Барномаи ITEC беш аз 100 мутахассиси соҳаҳои гуногун дар Ҳиндустон ихтисос такмил медиҳанд.

- Ҳиндустон дар дунё чун кишвари дорои яке аз калонтарин парламентҳо маъруф аст. Робитаҳои парламентии ду кишвар чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Мутаассифона, чанд соли охир гурӯҳҳои дӯстии парламентии ҳар ду кишвар чандон фаъол нестанд. Соли 2004 ман аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон рафтам ва фаъолиятамро дар Вазорати корҳои хориҷӣ идома додам. Соли 2009 аз Тоҷикистон ҳайати парламентӣ ба Ҳиндустон рафт. Маро масъули пазироӣ таъин намуданд. Дар баробари суҳбату мулоқотҳои баргузоршуда, ҷойҳои дидании шаҳри Деҳлӣ ва музофоти Кераларо ба меҳмонон нишон додем. Мутаассифона, баъд аз он дигар аз ҳар ду ҷониб ягон сафару боздид ташкил нашудааст.

- Шумо ба забони тоҷикӣ хеле хуб сухан мегӯед. Омӯхтани забони тоҷикиро кай оғоз кардед?

- Солҳои навадуми асри гузашта ман дар Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон кор мекардам, тавсия доданд, ки забони форсиро омӯзам. Аз соли 2002 то соли 2004 дар Тоҷикистон забони форсӣ – тоҷикиро такмил додам.Сеюним соли дигар дар Афғонистон фаъолияти дипломатӣ доштам. Ин имкон дод, ки бо забони форсӣ (дарӣ) — и Афғонистон низ ошно шавам.

Вақте ман забони форсиро омӯхтам, дарк намудам, ки форсию ҳиндӣ хеле бо ҳам наздик ҳастанд. Таъриху фарҳанги халқҳо муштаракоти зиёд дорад. Баъди омӯхтани забони форсӣ ман ба маънии аслии бисёр калимаҳои забонҳои ҳиндию урду сарфаҳм мерафтагӣ шудам, чунки дар назму насри ҳиндию урду калимаву ибораҳои форсӣ хеле зиёд истифода мешаванд.

Барои мардуми Ҳиндустон омӯхтани забони форсӣ осон аст. Дар Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Деҳлӣ ба алоқамандони забони форсӣ ин забони ширинро ройгон таълим медиҳанд. Дар бисёре аз донишгоҳҳои Ҳиндустон факултаю гурӯҳҳои омӯзиши забони форсӣ мавҷуд аст. Радиои Ҳиндустон ба забони форсӣ барнома нашр мекунад.

Омӯхтани забони форсӣ дари тамаддуни навро ба рӯи кас боз мекунад. Мутолиаи осори Хайёму Саъдию Ҳофиз осон мешавад. Хушҳолам, ки дар вақташ бароям омӯхтани ин забони шеъру адабро тавсия доданд.

Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»