Воридшавии 261215 шаҳрванди Тоҷикистон ба Федератсияи Россия манъ аст

№127 (4077) 24.10.2019

DZXnZXRWsAAvMDWТибқи маълумоти расмӣ, дар нуҳ моҳи соли равон 411344 нафар шаҳрванди кишвар (аз ҷумла, 58868 нафар бону) бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа сафар кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86108 кас ё ин ки 26 дарсад зиёд буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта рафтани мардон 25 ва занон 34 фоиз афзудааст.

Аз шумораи умумии онҳо 401460 нафар ба Федератсияи Россия ва 8415 кас ба Ҷумҳурии Қазоқистон рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба Федератсияи Россия 29 дарсад ё 90177 нафар зиёд аст.

fa55b04b9ce12f7472a86ebd782f58836f686419_2000Дар ин давра 130 шаҳрванди ҷумҳурӣ аз гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Россия бозпас гардонида шудаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 7 фоиз ё 8 нафар зиёд мебошад. Ин муддат теъдоди шаҳрвандоне, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, 261215 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 52831 ё 25 дарсад зиёд мебошад.

Инчунин, дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ, шумораи шаҳрвандони фавтида дар хориҷ аз мамлакат 688 касро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 51 нафар ё 8 дарсад зиёд аст.

Дар ин бора хабарнигоронамон А. Самариддин ва С. Сайфиддин, бо такя ба маълумоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират аз шаҳри Москва иттилоъ доданд.