22 сентябр – Рӯзи байналмилалии бе автомобил буд

Як рӯз бе мошин гардем

№121 (3601) 24.09.2016

Соли 2015 дар роҳҳои сайёра беш аз 1,2 миллиард автомобили шахсӣ ҳаракат кардааст. Тахмин мекунанд, ки дар солҳои 2035 – 2050 ин адад ба 2 миллиард мерасад.

 ФешеходИмрӯз нақлиёт аз ҷумлаи воситаҳои аз ҳама муҳими зиндагӣ маҳсуб меёбад ва дар дурдасттарин деҳу минтақа низ аз он истифода мебаранд. Яъне, бисёр корҳои рӯзгор тавассути автомобил иҷро карда мешавад. Аммо, дар айни замон бисёр кишварҳо барои кам кардани истифодаи нақлиёт чора меандешанду барои ҳаракат ва интиқоли молу маҳсулот воситаҳои алтернативиро меҷӯянд. Мақсади асосӣ кам таъсир расондан ба муҳити зист, риояи низоми экологӣ ва беҳдошти саломатист.

Ба ҳамин хотир, 22 сентябр Рӯзи байналмилалии бе автомобил эълон шудааст. Дар ин рӯз дар шаҳрҳои калони Аврупо кӯшиш мекунанд, ки аз велосипед истифода баранд, дар шаҳрҳо пиёда сайругашт кунанду дар мавриди ниҳоят зарурӣ танҳо аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд. Дар ин ҳолат шаҳрҳо аз газҳои аз нақлиёт хориҷшуда тозатар мешаваду одамон аз табиати аз ҷиҳати экологӣ тоза ва зебо бештар истифода мебаранд ва ҳодисаҳои нақлиётӣ камтар рух медиҳанд. Аҳамияти инро дарк карда, дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла Богота (Колумбия), пойтахти Индонезия шаҳри Ҷакарта ва Барселона қариб ҳар рӯз ва ё ҳафтае як маротиба Рӯзи бе автомобил гузаронида мешавад.

Дар маълумотномае, ки дар робита ба рӯзи байналмилалии бе автомобил Созмони экологии «Замини хурд», воқеъ дар шаҳри Душанбе, паҳн кардааст, оварда шудааст, ки дар ин росто чорабинии нахустин дар оғози соли 1970, вақте ки дар ҷаҳон буҳрони нафт ба вуҷуд омад, гузаронида шуд. Солҳои навадуми асри гузашта аз нав ҳаракати нақлиёт авҷ гирифт. Дар Аврупо дар доираи маъракаи «Ба шаҳр бе автомобили ман» (соли 1999) Рӯзи бе автомобил ташкил шуд. Соли 2000-ум фаъолони ин ҳаракат нахустин чорабинии байналмилалии Рӯзи бе автомобилро доир карданд.

- Мувофиқи баъзе маълумот ҳар сол дар ин чорабинӣ 100 миллион нафар аз 40 мамлакат ва 1,5 ҳазор шаҳри ҷаҳон ширкат менамоянд. Дар дунё теъдоди нақлиёт босуръат зиёд мешавад. Соли 2015 дар роҳҳои сайёра беш аз 1,2 миллиард автомобили шахсӣ ҳаракат кардаанд. Тахмин мекунанд, ки дар солҳои 2035 – 2050 ин адад ба 2 миллиард мерасад, — иттилоъ дод корманди Созмони экологии «Замини хурд» Темур Идрисов.

Дар баробари манфиати зиёд доштан нақлиёт, ҳамзамон яке аз сарчашмаҳои ифлосшавии муҳити атроф буда, дар тағйир­ёбии иқлим таъсиргузор аст, ки имрӯз ин масъала аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст. Илова бар ин, дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ ҳар сол садҳо одам ба ҳалокат расида, маъюбу маҷрӯҳ мешаванд. Инчунин, садҳо нафар аз ихроҷи газҳо аз корхонаҳо ва ҳамзамон аз нақлиёт ба ҳаво паҳншуда ба беморӣ мубтало мегарданд. Бинобар ин, дар қатори дигар чорабиниҳо, барои кам кардани таъсирёбии иқлим ва тоза нигоҳ доштани муҳити атроф баргузории Рӯзи бе автомобил манфиатбахш аст.

Дар ин робита, ба сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Саидов муроҷиат кардем.

- Воқеан, дар ҷараёни рушди соҳаи нақлиёт ва роҳҳо, ки ба пешрафти зиндагӣ мусоидат мекунад, ба пешгирии таъсири манфии он ба муҳити атроф набояд бе таваҷҷуҳ бошем. Лоиҳакашон, мутахассисону сохтмончиён зимни бунёду азнавсозии роҳу пулҳо, нақбҳо ва истифода аз нақлиёти гуногун бояд инро ба назар гиранд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 437 ҳазор нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шудааст. Баргузории Рӯзи байналмилалии бе автомобил иқдоми хуб аст. Дар ин чорабинӣ мо низ ширкат менамоем ва ҳар сол ба ин муносибат тавассути телевизион ва нашрияи соҳавии «Нақлиёт» дастуру тавсияҳо медиҳем, то ақаллан як рӯз аз нақлиёти умумиҷамъиятӣ – троллейбусу автобус ва велосипед бештар истифода баранд. Дар ин сурат ҳам муҳити атроф тозатар мешавад ва ҳам ба саломатӣ таъсири хуб дорад, — иброз дошт Қ. Саидов.

 К. БУРҲОНИДДИН, «Садои мардум»