Пешниҳод

Зарфҳои пластикиро ба гилию сафолӣ иваз намоем!

№156 (4262) 29.12.2020

Чанде пеш дар истгоҳҳои роҳи оҳани Ҳиндус­тон мисли солҳои пеш чойро дар зарфҳои гилин — «кулҳад» пешкаши мизоҷон  намуданд. Тибқи иттилои нашрияи «The Guar dian», ин иқдом бо мақсади даст кашидан аз зарфҳои пластикӣ роҳандозӣ шуда, 7000 истгоҳи роҳи оҳанро дар бар мегирад.

Вазири роҳи оҳани Ҳиндустон Пиюш Гоял иброз доштааст, ки истифодаи кулҳад (пиёла) на танҳо  муҳити зистро аз партовҳои пластикӣ ҳифз мекунад, балки ба ҳазорон кулолгар ҷои кор фароҳам меорад. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ 2 миллион нафар ба истеҳсоли кулҳад машғул хоҳанд шуд.

Ҳоло дар Ҳиндустон «Барномаи мубориза бо ифлосшавии муҳити зист» бомуваффақият амалӣ шуда истодааст. Роҳбарияти он тасмим гирифтаанд, ки то соли 2030 партовҳои плас­тикиро 35 дарсад кам намоянд.

Таҷрибаи кишвари Ҳиндустон шоистаи дастгирист, зеро барои пӯсидани партовҳои пластикӣ садсолаҳо лозим буда, ҷамъшавии онҳо боиси ташвиш аст.

Дар мамлакат соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» қабул шуд. Дар моддаи 5 боби 2-и он омадааст, ки таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Хуб мешуд, дар мамлакат низ вобаста ба коркарди партовҳои пластикӣ ва иваз намудани зарфҳои пластикӣ бо зарфҳои барои табиат бехатар барномаи мақсаднок қабул гардад

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

 «Садои мардум»