Мушкилот ва пешниҳод

Зарфҳои пластикию халтаҳои селлофанӣ ба муҳити зист хатар доранд

№6 (3800) 13.01.2018

plastik-otДар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ягона чизе, ки табъи касро хира мекунад, дар манбаъҳои об ҷамъ шудани партов мебошад. Ҳоло, ки айёми камшавии оби дарёҳост, дар мавзеъҳои холишудаи рӯдҳо тӯдаи  зарфҳои пластикӣ ва пораи халтаҳои селлофаниро зиёд мушоҳида мекунем.

Аз рӯи маълумоти ЮНЕСКО ҳар рӯз ба манбаъҳои оби ҷаҳон бештар аз 2 миллион тонна партов меафтад. Тибқи иттилои Ташкилоти байналмилалии Water Partners International, дар минтақаҳое, ки манбаъҳои об ифлос аст, фавти кӯдакон нисбат ба  мавзеъҳои обашон тоза 10- 20 маротиба бештар аст. Дар  кишварҳои рӯ ба инкишоф 70 фоизи партовҳои саноатиро бидуни коркарди пешакӣ ба дарё, кӯл ва баҳрҳо мерезанд. Яке аз партовҳои миқдораш босуръат афзоянда пластика мебошад.

Ҳоло хонае нест, ки дар он бо ашёи пластикӣ дучор наоед. Сол то сол истеҳсол ва фурӯши масолеҳи пластикӣ дар  сохтмону саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ ва ғайра меафзояд. Зеро зарфҳои пластикӣ арзон, сабук, аз лиҳози гигиенӣ тоза (маснуоти якдафъаина) ва истифодабариашон осон буда, дар боғоҷ ҷои камро мегирад. Зарфҳои пластикиро барои дамгирӣ, сафарҳои хизматӣ, кор кардан дар шароити саҳро истифода бурдан қулай аст. Аз ин рӯ, онҳоро  дар тарабхонаву ошхонаҳои ба истилоҳ, зудтайёр, қаҳвахонаҳои тобистона бештар истифода мебаранд.

Аз як тараф дар тибби муосир ва байторӣ маснуоти пластикӣ (масалан, васоити қатрачаконӣ) барои наҷот додани ҳаёти одамону ҳайвонот мусоидат менамояд, вале аз  тарафи дигар партовҳои пластикӣ боиси марги одамону ҷонварони обӣ мешаванд. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ҳар сол аз партовҳои пластикии ба дарёву баҳрҳо партофташуда 100 ҳазор ҷонвари калони баҳрӣ, теъдоди зиёди моҳиён ва 1 миллион паранда мефавтанд.

Ба гуфти олимони соҳаи химия, ба таври табиӣ маснуоти плас­тикӣ танҳо бо гузаштани 450 сол ба вайроншавӣ (пӯсидан) оғоз намуда, ин раванд боз 50-80 соли дигар идома меёбад. Агар  истеҳсоли маснуоти пластикӣ бо суръати кунунӣ идома ёбад, ҳанӯз нахустин  маснуоти  пластикӣ ба вайроншавии табиӣ оғоз накарда, рӯи заминро саросар партови пластикӣ мепӯшонад. Аз соли 1976 то соли 2006  истифодаи обҳои дар зарф гирифташуда ба ҳар сокини ИМА аз 6 то ба 107 литр афзуд. Ҳоло дар ин  кишвар қариб нисфи партовҳоро  пластика ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна 80 дарсади  арзиши оби дар зарфҳо гирифташуда ба пластика рост меояд. Барои истеҳсоли миллиард дона  зарфҳои пластикӣ 571  баррел нефт сарф мешавад. Теъдоди истеҳсоли солонаи зарф­ҳои пластикӣ дар ҷаҳон ба 13 миллиард дона мерасад. Имрӯз дар уқёнуси ҷаҳонӣ панҷ ҷазира ё «доғ»- и иборат аз маснуоти пластикӣ пайдо шудааст:  дутоӣ дар уқёнусҳои Ором ва Атлантика, якто дар уқёнуси Ҳинд.

Бо мақсади кам кардани партовҳои пластикӣ ва пешгирии пайдошавии «доғ»- ҳои нав дар уқёнуси ҷаҳонӣ дар баъзе  аз кишварҳо коркарди дубораи онро ба роҳ мондаанд. Дар ИМА 27 дарсади партовҳои пластикӣ коркард мешаванд, ки ин алҳол баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон аст. Ин рақам дар Аврупо  2,5 дарсадро ташкил медиҳад. Коркарди дубораи плас­тика метавонад 70 дарсади энергияи барои истеҳсоли пластика аз ашёи аввалия заруриро сарфа намояд. Олимон ҳисоб кардаанд, ки энергияи аз коркарди як зарфи пластикӣ сарфашуда барои  6 соат беист  рӯшноӣ додани як фурӯзонаки 60  ватта кифоя аст. Азбаски дар ҷӯю дарёҳо ҷамъ шудани партовҳои пластикӣ пеши ҷараёни обро мебандад, ҳар сол дар бисёр  кишварҳо бо боридани борону обшавии барфҳо оби ҷамъшуда роҳ наёфта, ба соҳил мебарояд, ки ин боиси талафоти молию ҷонӣ мешавад.

Ба гуфти сардори  шуъбаи назорати давлатии истифода, ҳифзи замин ва муомила бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсадулло Мардонов, то соли 1990 дар ҷумҳурӣ ба навъҳо ҷудо карда, ҷамъоварӣ намудани партов афзалият дошт. Бо ташаббуси корхонаҳои зертобеи «Госснаб» ва «Тоҷикматлубот» аз 22 номгӯи партовҳо маҳсулоти гуногуни барои эҳтиёҷи аҳолӣ зарур  истеҳсол мешуд. Мутаассифона, баъди соли 1992 ин таҷриба аз байн рафт. Ҳоло дар шаҳри Душанбе се корхонаи коркарди пластика амал мекунанд, ки ба истеҳсоли халтаҳои селлофании сиёҳранг машғуланд. Дар онҳо ҳар кило зарфи пластикиро 40 дирамӣ мехаранд. Нархи яклухти 50 адад халтачаи селлофании ин корхонаҳо 2-3 сомонӣ буда,  дар бозор вобаста ба андозааш то ба 5 сомонӣ мерасад.

- Баъзе шаҳрвандон имрӯз илоҷи халос шудан аз  партовҳоро дар сӯзонидани онҳо мебинанд, — мегӯяд  сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти  шаҳри Турсунзода Мурод Раҳмонзода. — Аз нигоҳи олимони соҳаи ҳифзи муҳити зист чунин кардан хатост. Зеро дар дохили партовҳо шиша, пластмасса, резин ва пайвастагиҳои химиявии гуногун  мавҷуданд, ки пас  аз сӯхтани онҳо заҳрҳое, аз қабили фуран ва диоксин ҳосил шуда, ба одамон ва дигар мавҷудоти  зинда таъсири манфӣ мерасонанд. Чорвое, ки алафи майдони фуран ва диоксин таҳшиншударо мехӯрад, заҳри дар замин таҳшиншуда ба гӯшту шираш мегузарад.

Тибқи ақидаи олимони соҳаи тиб, заҳрҳои аз сӯхтани пластика ва дигар маснуоти синтетикӣ хориҷшуда тавассути дуд ба узвҳои нафаскашӣ ворид гашта, дар ҷисми инсон ҷамъ мешаванд. Сипас, оҳиста — оҳиста ҷигар, талха, гурда ва шушро бемор месозанд. Заҳрҳои мазкур яке аз барангезандагони саратон мебошанд. Ҳамчунин дуди партовҳо  иммунитет, яъне системаи муҳофизатии инсонро  заиф месозад.

24 августи соли 2000 дар гулӯгоҳи Тринити, ки аз соҳили Австралия 2  километр дуртар аст, наҳанги рахдори Брайд ҳалок гашт. Ҳангоми ташхиси ҷасади  наҳанг аз меъдаи ӯ партовҳои пластикӣ, борпечи ғизоӣ ва 3 пораи пластмасса дарёфт шуд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии «Барои табиат», ҳар сол аз партовҳои пластикӣ дар шаҳри Нюфаундленд зиёда аз ҳазор сар намуди гуногуни тюлен, сангпушти обӣ ва наҳанг нобуд мешаванд. Ҳатто дар меъдаи парандагони баҳрии нобудшуда маҳсулоти пластикӣ, ба монанди пораҳои дандоншӯяк ва оташфурӯзак ёфт шудаанд.

- Муомилаи дуруст бо партовҳо яке аз  масъалаҳои муҳими рӯз ба  шумор меравад, — мегӯяд Мақсадулло Мардонов. Тибқи банди 2, зербанди 19-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №279 «Дар бораи тасдиқи тартиб, шакл ва усули ҷамъоварии истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бояд дар майдонҳо, кӯчаҳо, боғҳо, гулгаштҳо, терминалҳо, бозорҳо, истгоҳҳои нақлиёт ба миқдори зарурӣ қуттиҳои партовҷамъкунӣ гузошта шавад. Ҳамчунин, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ зарур аст, зеро иддае бо вуҷуди будани қуттиҳои махсус партовро ба ҷӯйбор ё канори роҳрав мепартоянд.

Аз рӯи маълумоти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», дар ҷумҳурӣ 85, 6 фоизи сокинони шаҳр, 67,3 фоизи сокинони шаҳрак ва 3,6 фоизи сокинони деҳот ба хизматрасонии ҷамъоварию кашонидани партовҳо дастрасӣ доранд. Ҳоло дар мамлакат 69 партовгоҳ мавҷуд аст, ки аз он 5-тояш  идорашаванда ва боқимонда ба таври стихиявӣ ташкил ёфтаанд. Масоҳати умумии майдонҳои зери партовгоҳҳо қарордошта ба 300 гектар мерасад.

Ширкати «Алфакат»- и Олмон таҷҳизоти  коркарди партовро, ки КСД – 500 ном дорад, истеҳсол мекунад. Ин таҷҳизот дар як соат аз зарфҳои пластикию резина ва ҳатто устухон 500 литр солярка тавлид менамояд. Таҷҳизоти мазкур ба 17 кишвар содир мешавад. Агар дар шаҳрҳои калони мамлакат яктоӣ ин таҷҳизот насб шавад, ҳазорҳо адад зарф­и пластикӣ аз канори роҳу ҷӯю дарёҳо ҷамъоварӣ шуда, ба солярка табдил хоҳанд ёфт. Чунин таҷҳизот аз ҳисоби фурӯши солярка ба тезӣ хароҷоташро хоҳад баровард.

Коршиноси масоили экологӣ, устоди ДМТ Ҷамолиддин Яъқубов мегӯяд, ки сол то сол зиёдшавии зарфҳои пластикӣ ва халтаҳои селлофанӣ боиси нигаронист.

- Дар замони шӯравӣ ҳама аз халтаҳои матоъгин, коғазин ва тӯрӣ истифода мебурданд, ки аз  лиҳози экологӣ тоза  буданд, — меафзояд Ҷамолиддин Яъқубов. – Халтаҳои тӯрию матоъгинро солҳо истифода бурдан  мумкин буд. Ба хотири пешгирии паҳншавии партовҳои синтетикӣ хуб мешуд, ки боз ба халтаҳои матоъгин баргардем. Ашёи хом дар ҷумҳурӣ фаровон аст. Корхонаҳои хурд ва коргоҳҳои дӯзандагӣ метавонанд ба осонӣ истеҳсоли халтаҳои матоъгинро ба роҳ монанд.

Ба гуфти собиқадори соҳаи экология Хурсанд Доробов, таҷрибаҳои бисёрсола нишон доданд, ки муносибати нодурусти инсон ба табиат боиси бад шудани саломатӣ ва сабаби фавти  одамон мегардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки нисбат  ба муҳити зист ғамхорӣ зоҳир намуда, ба хотири солимии худ ва  фарзандон табиатро пок нигоҳ дорем.

Барои роиҷ будани муносибати оқилона бо табиат ва кам кардани партовҳои пластикӣ байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бояд дод. Дар ин хусус ВАО нақши муҳим гузошта метавонанд. Масалан, роликҳои тарғиботие, ки дар шабакаи  телевизионии «Баҳористон» вобаста ба пешгирии партофтани партов ба ҷӯй, дуруст истифода бурдан аз қуттиҳои партови канори роҳ нишон дода мешавад, шоистаи таҳсин аст. Бояд аз боғчаю мактаб то мактаби олию  корхонаю муассисаҳо ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳ намоем, зеро солимии ҳар яки мо ба покизаю солим будани муҳити зист вобаста аст.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»