Зи файзи нури Роғун пора шаб шуд

№156 (3950) 31.12.2018

Ба кор даромадани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун», воқеан ҳам, рӯйдоди фараҳбахш ва муҳимтарини соли 2018 буд.

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ин иншооти муҳими аср ба майдони нангу номус табдил ёфт. Вақте Сарвари давлат барои сохтмони НБО-и «Роғун» (5 — уми январи соли 2010) ба мардум муроҷиат карданд, аҳли ҷомеаи Тоҷикистон онро якдилона пазируфтанд. Аз ҷумла, омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии № 70-и ноҳияи Рӯдакӣ ин иқдоми наҷибро дастгирӣ карда, дар рӯзи аввали ба фурӯш баровардани саҳмияҳои Роғун бо маблағи аз 500 то 700 сомонӣ ва аз ин ҳам зиёдтар саҳмия хариданд, ки банда низ дар қатори онҳо будам.

Ҳамчунин, бамаврид аст қайд намоям, ки 10 дастпарвари таълимгоҳ аз деҳаи Гиждалаободи деҳоти «Чоряккорон»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо касбу ҳунарҳои гуногун дар паҳлуи ҳазорҳо бунёдкорони НБО-и «Роғун»  саҳми худро гузошта  истодаанд. Мирзошоҳ Аслонов  9 сол боз ба сифати муҳандиси пешбари ҶСК-и «Роғун», писаронаш Фарҳод, Ҳайдаршоҳ  ва Хушбахт Аслоновҳо бо ихтисоси муҳандиси корхонаҳои пудратии НБО-и «Роғун» фаъолият менамоянд. Ҷамшед Асадуллоев ва бародараш Саидшоҳ Асадуллоев, Икром Аҳмадов, Суҳбатшоҳ Исроилов, Аъзамшоҳ Шодиев ва Абдуҷаббор Раҳмонов низ мувофиқ ба касб дар ин иншооти аср кор карда истодаанд.

Мо — омӯзгорон аз кори шоёни шогирдон меболем ва фахр мекунем, ки ба муносибати ба кор даромадани чархаи аввали НБО- и «Роғун» дар қатори бунёдкорони ин иншооти аср аз ҷониби Сарвари давлат бо мукофотҳои олӣ сарфароз гардиданд.

Миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо бунёди ин иншооти аср собит кард, ки метавонад мушкилоти пешомадаро даст ба дасти ҳам дода, рафъ намояд ва Ватанро ободу зебо гардонад. Итминон дорам, ки мардуми меҳнатқарину ватандӯсти Тоҷикистон минбаъд низ дар ҳама ҳолат дар паҳлуи якдигар истода, баҳри боз ҳам гул — гулшукуфии Ватан саъю талош хоҳанд варзид.

16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт шуд, ки ин боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи мост.

Мани пирро, ки синнам ба 76 расидааст, ин рӯйдоди муҳим ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ба илҳом овард ва пораи назмие эҷод кардам, ки мехоҳам онро пешкаши хонандагон гардонам:

Бикардам чун назар бар ҷашни Роғун,

Таҳамтантиннатон дар ҷашни Роғун.

Намуда  Пешво иқдоми пурзӯр,

Ҷаҳонро равшанӣ бахшиду ҳам нур.

Чу чархи аввалин дар гардиш омад,

Ба ҷисми меҳанам неру даромад.

Дилам аз шавқи ин ҳолат хурӯшид,

Ба қалбам хун зи шодӣ боз ҷӯшид.

Бигуфтам  офарин бар халқи кишвар,

Ки бишкофтанд қалби кӯҳи мармар.

Зи файзи нури Роғун пора шаб шуд,

Дили пиру ҷавон пур аз тараб шуд.

Худовандо, нигаҳ  дорӣ ту нураш,

Бигардонӣ зи офатҳо ту дураш. 

 

Нуралӣ КАРИМОВ, собиқадори соҳаи маориф,  Аълочии маорифи Тоҷикистон